I. Асолати сухан ва истиқлолияти маънавӣ Вақти хонандаи азизро бо шарҳ додани ин ду таъбири дар назари аввал на он қадар мутаносиб, вале дар асл ба ҳам дар робитаи қавӣ ҳатто аз ҳам ногусастанӣ талаф намекунам. Танҳо донистани он, ки «Асолат» яъне ҳамон а

Ба панҷ оператори сайёҳӣ ва шаш меҳмонхона аз ҷониби Бунёди дастгирии соҳаи сайёҳии ғайрибуҷавии назди Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ қариб 292 миллион сӯм қарзи бефоизи ҳадафрас ҷудо карда шуд.

Ба панҷ оператори сайёҳӣ ва шаш меҳмонхона аз ҷониби Бунёди дастгирии соҳаи сайёҳии ғайрибуҷавии назди Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ қариб 292 миллион сӯм қарзи бефоизи ҳадафрас ҷудо карда шуд.
Дар ин сол, ки пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон осеби ҷиддӣ мерасонад, сайёҳии ҷаҳон ба инқирози ғайричашмдошт рӯ ба рӯ гардид. Чорабиниҳое, ки аз ҷониби давлатамон андешида мешаванд, ба дастгирии соҳа ва коҳиш додани таъсири пандемия мусоидат менамоянд.
Фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳои таъхирнопазир доир ба дастгирии соҳаи сайёҳӣ ба мақсади коҳиш додани таъсири манфии пандемияи коронавирус» дар ин росто омили муҳим мегардад. Тибқи  ин ба операторони сайёҳӣ ва воситаҳои ҷобаҷогузорӣ қарзҳои бефоизи мақсаднок ҷудо гардида, нигоҳдории онҳо тавассути пардохти ҳаққи меҳнати ходимон ба роҳ монда шуд. Ба ин мақсад, аз ҷониби Бунёди махсуси ҷумҳуриявии мубориза алайҳи инқироз ба Бунёди дастгирии соҳаи сайёҳии ғайрибуҷавии назди Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
— Дар вилоят 51-то меҳмонхонаю хотел, 38 фирмаи сайёҳӣ мавҷуд аст, — мегӯяд ходими масъули раёсати вилоятии Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ Хайрулло Холниёзов.— Ба мақсади пешгирии воридшавии инфексияи коронавирус ва паҳн шудани он ба мамлакат дар давраи ҷорӣ гардидани карантин, аз он ки теъдоди сайёҳон коҳиш ёфт, онҳо маҷбур шуданд, ки фаъолияти худро боздоранд. Ин ҳолат ба операторони сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо зарари калон расонд. Қарзҳои бефоизи мақсаднок ҷудокардашуда ба коҳиш додани ин зарар хидмат менамоянд. Маблағ бо назардошти ҷойгирсозии ҳар як хонаи меҳмонхона ва теъдоди ходимони фирмаҳои сайёҳӣ ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, барои 45 ҷойи меҳмонхонаи «Оташ»-и Тирмиз 50 миллиону 175 ҳазор сӯм, барои 40 ҷойи меҳмонхонаи «Нормат»-и ноҳияи Бойсун 44 миллиону 600 ҳазор сӯм, ба 24 ҷойи меҳмонхонаи «Фаровон»-и ноҳияи Шӯрчӣ 26 миллиону 760 ҳазор сӯм қарзи бефоизи мақсаднок барои пардохти ҳаққи меҳнати ходимон масраф гардид.
Панҷ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди вилоят низ, ба мисли «Turon turizm trans stroy», «Gulshoda trans turizm», «Zodiak kasaba», ки ба сайёҳон хуб хидмат кардаанд, бо назардошти теъдоди ходимон, аз 2 миллиону 135 ҳазор то 18 миллиону 670 ҳазор сӯм қарзи бефоизи мақсаднок гирифтанд.
Бино ба маълумот, дар вилоят боз қариб даҳ хоҷагии фирмаи сайёҳӣ ва меҳмонхона барои гирифтани ссудаи бефоизи мақсаднок фармоиш додаанд.

Х.  МАМАТРАЙИМОВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: