«МАРДУМАТОНРО ХУШҲОЛ ВА МЕҲМОНДӮСТ ДАРЁФТАМ»

Олими намоёни амрикоӣ, эроншиноси барҷаста, профессори Донишгоҳи Конкардияи Монреали Канада Ричард Фолтс ба қарибӣ ба Бухоро ташриф овард.

Вай танҳо набуд. Модарарӯс, ҳамсараш Фотима Виталиевна (зодгоҳи онҳо Осетияи Русия аст) ва писарчааш Рочер ҳамроҳи ӯ буданд. Имконият даст доду бо онҳо дар Регистон – майдони даромадгоҳи Арки Бухоро шинос шудем. Ҳарчанд забони модарии Ричард англисӣ аст, вай ба забони форсӣ озодона ҳарф мезад. Ӯ забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ ва туркиро низ медонистааст.
Р. Фолтс кист ва чӣ гуна олим аст? Мо хостем, то андозае дар ин бора таваққуф намоем. 
Олими амрикоӣ Р. Фолтс мутахассис дар соҳаи таърихи тамаддуни Эрон, ки онро баъзан «Эрони Бузург» низ  меноманд, профессори кафедраи дин ва фарҳанги Донишгоҳи Конкардияи Монреал (Канада), инчунин профессори Маркази тадқиқотҳои дини муосири Донишгоҳи Шербрук, доктори илми таърихи Шарқи Наздик дар Донишгоҳи Гарвард, доктори адабиёти форс ва забоншиносии амалии Донишгоҳи Юта (ИМА) мебошад. Ӯ дар донишгоҳҳои Кувайт, Браун, Колумбия, Флорида низ кор кардааст. Р. Фолтс дар соҳаи этикаи экологӣ ва ҳуқуқи ҳайвонот низ корҳои илмӣ дорад. То дохилшавӣ ба академия вай якчанд сол дар Аврупо чун мусиқишинос, мунаққиди синамо, нависандаи сайёҳ низ фаъолият нишон додааст. Ӯ муаллифи 12-то китоб буда, бештар аз 100 мақолаи илмиаш ба забонҳои зиёди халқҳои дунё тарҷума шудаанд. 
Фолтс дар асарҳояш нақши эрониёнро бобати густариши фарҳанги эшон дар олам, саҳми онҳо ба тамаддуни умумиинсонӣ ва рушди дин алоҳида таъкид кардааст. Ӯ ақида дорад, ки ба ташаккулёбии динҳои яҳудӣ, буддоӣ ва насронӣ таъсири ғояҳои динҳои эронӣ аз қабили оташпарастӣ, монӣ ва ислом, инчунин боварӣ ба Худо хеле калон аст. Ҳамин тариқ, вай таъсири тамаддуни эрониро нафақат ба ташаккули маданияти халқҳои Осиё, балки дар қатори тамаддунҳои Юнону Рум ба мамлакатҳои Аврупо низ эҳсосшаванда меҳисобад. Ба фикри олим тоҷирони бостон, савдогарони Роҳи бузурги абрешим асосан халқҳои эронинажод – суғдҳо, парфиягию форсҳо будаанд.
Китоби Р. Фолтс «Таърихи тоҷикон: эрониёни Шарқ» аввалин монография дар ин мавзӯъ ва ба забони ғарбӣ аст, ки он се сол муқаддам дар Лондон аз чоп баромад.
– Кӯшиш дорам, ки дар нашри дуюми китоб маълумот оиди тоҷикони Ӯзбекистон пурратар шавад, – гуфт вай.
– Сафари шумо ба Бухоро аввалин аст? – пурсидам аз вай.
– На, бори аввал ин ҷо соли 1990 омада будам, – ҷавоб дод ӯ. 
– Фикри Шумо дар бораи вожаҳои Тӯрон ва Эрон чӣ гуна аст?
– Ин ҳар ду сарзаминест, ки мардумонаш эронинажод буданд.
– Маълум аст, ки воқеаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ин ду сарзамин рух додаанд. Оё онҳо бо ҳақиқати таърихӣ мувофиқат мекунанд?
– Бале, фақат «Тӯрон»-ро «Туркистон» овардани шоир асоси илмӣ надорад.
– Дар бораи таърихи забони форсӣ чанд сухан мегуфтед...
– Қадимтарин забони эронӣ ин авастоӣ, яъне готҳои «Авесто» аст. Баъди истилои араб парчамбардори эрониён хонадони Сосониён буданд. Чи хеле ки дар пешгуфори «Таърихи Табарӣ» дар бораи Аҷам оварда шудааст, бо шарофати ҳокими Сиистон Абӯлайси Саффорӣ (вай забони арабиро дӯст намедошт) забони форсӣ дар Эрон пойдор монд. Чи хеле ки дар «Таърихи Бухоро»-и Муҳаммад Наршахӣ оварда шудааст, забони мардуми Бухоро ва музофоти он, аз ҷумла забони модарии Ибни Сино низ суғдӣ буд. Ибораҳои «рост ист», «хам шав», «нағз-мӣ?» ва ғайра, ки ҳоло низ байни мардум истеъмол мегардад, суғдӣ мебошанд. Ин забон то асрҳои ХI-XII роиҷ буд.
Забони форсӣ (тоҷикӣ) дар давраи Сомониён расман паҳн гардид ва Бухоро ошёни ин забон аст.
– «Бухоро» барои Шумо чӣ гуна ном аст?
– «Бухоро» барои мо – шарқшиносон исми рӯёӣ аст. Беҳуда нест, ки маҷаллаи адабии Эрон (сардабираш Алӣ Даҳбошӣ) бо ин ном интишор меёбад.
– Ақидаи Шумо дар бораи Наврӯз чи гуна аст?
– Маълум аст, ки дар давраи «Авасто» таҷлили Наврӯз ва Меҳргон дар Эрону Тӯрон пуршукӯҳ мегузашт. 4000 сол муқаддам ин ид (Наврӯз) дар Байнаннаҳрайн, давраи бобулиҳо, ки забонашон инжурӣ буд, таҷлил меёфт...
Мусоҳибам ба соати дастиаш чашм давонд. Вақтро ғанимат дониста аз вай пурсидам:
– Шумо, ки баъди 32 сол боз ба диёри мо ташриф овардед, дар бораи он чӣ гуфтан мехоҳед?
– Мамлакататон, шаҳратонро хеле обод, мардуматонро хушҳол ва  меҳмондӯст мебинам. 

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: