2.МАШЪАЛАФРӮЗЕ АЗ УРГУТ

Яке аз олимони маъруфе, ки дар тайёр кардани «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғати эзоҳоти осори Алишер Навоӣ» ва китобҳои дигар иштирок кард, асарҳои зиёдеро аз ҳуруфи арабӣ ба сирилик баргардонӣ намуд, Қутбиддинхон Муҳиддинхон мебошад.

Вай бо ин хидматҳо, агар гӯем, ки дар роҳи дониш машъале афрӯхт, муболиға нахоҳад шуд.
Аммо ӯ аз сиёсати давлати шӯравӣ мудом дар ҳарос буд. Зеро медид, ки баъд аз ташкил ёфтани давлати шӯравӣ олимон ва дигар зиёиёни маҳаллӣ тазйиқҳои пай дар пай мебинанд. Аз ин рӯ, охири солҳои сиюми асри гузашта ба хоҷагии навтаъсис (колхоз) аъзо шуда, аз пайи боғбонӣ мешавад. Аммо ин кор дер давом накард. Душманонаш нахостанд, ки эшони Қутбиддинхон озод зиндагӣ кунад. Дар таърихи соли 1942 ӯро бо туҳмат ҳабс карда, ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Дар ин муддат дар ҳабсхонаҳои шаҳри Оқтубаи Қазоқистон, Екатеринбург ва бешазори Сибир бо дигар маҳбусон азобҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Баъд аз чанд сол ба ин хориҳо тоб оварда натавониста, гирифтори бемории сахт шуд ва бар асоси хулосаи тиббӣ ба зодгоҳаш баргашт. Ӯ он рӯзҳои сахтро дар яке аз ғазалҳояш бо андӯҳу надомат ба хотир меорад:
... Рӯз бошад, ки расам бар ватану 
манзили дӯст,
Ҳеч аз фурсати ҳиҷрон накунам 
тағйире.
Эшони Қутбиддинхон баъди ба озодӣ баромадан, ҳастии худро ба эҷод бахшид. Тафсири асарҳои олим ва шоиронро ба зимма гирифт. Қисми бисёри онҳоро аз забони арабӣ ба тоҷикию туркӣ тарҷума намуд. Ба илми тибби халқӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Беморонро бо усули Абуалӣ ибни Сино ва дар баъзе ҳолатҳо бо каломи Худо табобат кард. Баробари ин ба корҳои саҳроӣ машғул шуд. Мардумро ба меҳнат ва омӯхтани касбу кор даъват менамуд. Баробари ғазалҳои ошиқона, шеърҳои панду ахлоқӣ низ менавишт. Ӯ шахси аз ҷаҳолатпарастӣ дур ва баимону эътиқод буд. Ҳам илми ирфонӣ ва ҳам илми дунёвиро дар байни мардум тарғибу ташвиқ мекард. 
Қутбиддин Муҳиддинов ҳамчун пешвои сонии тариқати Нақшбандия инсони хоксор, босубот буд, воқеаҳои баъдиро пешгӯӣ мекард. Мутаассифона, хурсандии олими забардаст дер давом накард. Ходимони НКВД ва душманони дохилӣ мудом ҳаракат мекарданд, ки ягон гуноҳ, ё айбашро ёфта, ӯро ба маҳкама кашанд. Ниҳоят тирамоҳи соли 1951 бо «гуноҳ»-и аксулинқилобчӣ ва фарзанди душмани шӯро будан эшони Муҳиддинхонро тафтиш карданд. Аммо ғайр аз 4-5 адад китоби бо ҳуруфи арабӣ навишташуда чизе пайдо карда натавонистанд. Ӯро қариб як сол бо иштироки Зоҳидов ном тарҷумон ва муфаттиш Климченко истинтоқ намуданд, аммо маҳбус ба айбаш иқрор нашуд. Баъд аз азобу шиканҷаҳои пай дар пайи нохалафон оқибат Қутбиддинхон ба гуноҳи накардааш иқрор шуд ва бо ҳукми суди вилояти Самарқанд бори дуюм ба муддати 25 сол бадарға гардид. Чанд муддат дар ҳабсхонаи Самарқанд азоби руҳӣ кашиду сипас ба Сибир бадарға шуд. Мегӯянд, ки он вақт эшони Қутбиддинхон каромате нишон дода,  ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст. Яъне ӯ бо каромот дари ҳабсхонаро кушодаву таҳорат карда, боз ба ҳабсхона даромада намоз мехондааст. Ба саволи посбони ҳабс­хона – Эшонбобо чаро гурехта намеравед, гурезед мешавад-ку?!
– Ман дар назди Худо аз он метарсам, ки агар баромада равам, посбонон дар азоб мемонанд, – ҷавоб медодааст Эшонбобо бо тамкинию хоксорӣ.
Соли 1955 авфи умумӣ эълон шуду дар қатори ҳазорҳо азобдидагони табъид Қутбиддин Муҳиддинов ҳам ба озодӣ баромад. Ва ҳамоно шогирдону дӯстони тоҷикистониаш олими забардастро дар шуъбаи луғатҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои Тоҷикистон ба кор даъват карданд. Он солҳо луғатшиносон бо тартиб додани дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» машғул буданд. Дар ин бора профессор, шодравон Амон Воҳидов, ки солҳои 60-уми асри гузашта дар тартиб додани ин фарҳанги бузург иштирок кардааст, чунин менависад:
«Ба ман насиб шуд, ки чанд муддат бо Қутбиддин домулло бевосита кор кунам. Яке аз бартариҳои домулло он буд, ки аз луғатҳои тафсирии арабӣ бевосита истифода бурда, маъно ва тобишҳои ҷузъии ин ва ё он калимаро ба тоҷикӣ тарҷума мекарданд. Ба нисбати он, ки домулло забони арабиро равон медонистанд, қариб ҳамаи кормандон барои шарҳи калима ва ибораҳои арабӣ ба эшон муроҷиат менамуданд. Ҳазорҳо варақи бо шарҳу тафсири воҳидҳои луғавии «Чор унсур», «Тури маърифат», «Муҳити аъзам»-и Мирзо Бедил ва дигар намояндагони адабиёти классикӣ, ки ба фонди «Захираи луғавии адабиёти классикии шуъбаи луғатҳо» ҳамроҳ карда шудаанд, маҳсули меҳнати бурдборонаи устоди муҳтарами мо  –  Қутбиддин Муҳиддинов мебошанд. Ба устод муяссар шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ бобати омода сохтани маводи луғавии (фонди картотека)-и «Фарҳанги забони тоҷикӣ» саҳми шоиста гузорад.
Охирҳои соли 1961 ман бо ризоияти маъмурият ҳамроҳи Вадуд Маҳмудӣ карточкаҳои ҳарфи «О»-ро гирифта, ба Самарқанд омадем ва кори тартибдиҳии луғатро дар ҳавлии Садриддин Айнӣ давом додем.
Тахминан тирамоҳи соли 1962 директори ҳамонвақтаи институт Носирҷон Маъсумӣ телеграммаи таъҷилӣ фиристода, хоҳиш намуданд, ки ба Душанбе баргардам. Сабабашро аз тариқи телефон пурсидам. Гуфтанд, домулло Вадуд Маҳмудиро аз кор ҷавоб додем. Баъд аз ба Душанбе омадан маълум шуд, ки Қутбиддин домуллоро низ ҷавоб додаанд. Аз боло чунин фармоиш шудааст.
Устоди забардаст эшони Қутбиддинхон Муҳиддинов боз бо хотири парешон ба хаёлот ғӯта зада худ ба худ: – Ин чӣ қисмат аст, ки мани бечораро ба тазйиқу шиканҷа мегирад. Охир, беайб будани маро чандин маротиба бо фармону далелҳо эълон карданд-ку. 
Бо ин хаёлҳо Қутбиддин эшон ба зодгоҳаш Самарқанд баргашта, гӯшанишиниро ихтиёр кард. Дере нагузашта, ӯро барои кор ба Тошканд таклиф карданд. Қутбиддин Муҳиддинов ин таклифро бо хушнудӣ қабул намуд ва роҳи ин шаҳри азимро пеш гирифт. 
Шоири халқии Ӯзбекистон Ғафур Ғулом, ки устодро пири комил медонист, гуфт:
– Эшонбобо, шумо барои аҳли илми Тошканд хеле заруред. Метавонед аз пагоҳ дар Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳо кор кунед. Дар бораи ҷойи зист ва дигар шароит фикр накунед, ҳамааш ҳал мешавад.
Ҳамин шуду Қутбиддин Муҳиддинов бо олимони матншиносу луғатшинос  ҳамкорӣ кард. Директори институти мазкур Азиз Қаюмов, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Солеҳ Муталлибов, Фузайл Исмоилов, Анисӣ, Чустӣ, Васфӣ барин шахсони ба чашм намоёни ҳамон давра аз омадани Қутбиддин Муҳиддинов хеле шод гардиданд. Дар натиҷа, бо ташаббус ва ҳаммуаллифии Қутбиддин Муҳиддинов асарҳои «Хусрав ва Ширин»-и Хоразмӣ, «Гулистон» ба туркӣ»-и Сайфии Сароӣ ва ғайра ба имлои ҳозира баргардонидаву нашр карда шуданд. Олими забардаст  якчанд сол луғати муаллифи асри XVIII Мирзомуҳам-мади Меҳдихон «Санглох»-ро омӯхта, тадқиқоти пурарзиш кард. Дар ин асар забони асарҳои Алишер Навоӣ таҳқиқ шудааст. Он ҳамчун калид дар омӯзиши асарҳои Навоӣ аҳамияти калон дорад. Қутбиддин Муҳиддинов, инчунин «Бурҳони қотеъ», «Луғати фурс», «Абушқа», «Бадоеъ-ул-луғат», «Ғиёс-ул-луғот», «Мунтахаб-ул-луғот» барин фарҳангҳои тоҷикӣ ва туркиро қиёсан аз назар гузаронида, асари мукаммал офарид. Бо ташаббуси ин олими зукко «Луғати эзоҳоти осори Алишер Навоӣ» (иборат аз чор ҷилд) аз чоп баромад, ки ин кор дар таърихи луғатсозии ӯзбек аҳамияти бузург дорад. Инчунин, бисёр ибораву истилоҳоти «Лисон-ут-тайр», «Маҷолис-ун-нафоис» ва асарҳои дигари Навоӣ низ ба кумаку ташаббуси устод Қутбиддинхон маънидод шудаанд.
Ногуфта намонад, ки Қутбиддин Муҳиддинов табъи баланди шоирӣ дошт. Шеърҳои ӯ дар солҳои мухталиф дар нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ду забон чоп шудаанд. Дар онҳо аз як тараф ишқи орифонаро бинем, аз ҷониби  дигар ҳаёти воқеӣ, хушию хурсандии одамони давру замонро мушоҳида мекунем. Як қисми шеърҳои Қутбӣ хусусиятҳои панду ахлоқӣ доранд ва ҷавононро ба омӯхтани илму ҳунар ва дар натиҷа ба даст даровардани бахту саодат даъват мекунанд.
Дар ашъори шоир арзи дили бедору беғубори марди нуктадону некбинро низ метавон мушоҳида кард.
Тавре ки зикр шуд, шоир солҳои дароз дар ҳабсхонаву лагерҳои пурдаҳшати замони шуравӣ азобу шиканҷа кашид. Ӯ озодии мардум ва ҳуррияти маънавии инсонҳоро бисёр орзу мекард. Дар ашъораш аз ин хусус ишораҳо ҳастанд. Ин орзуҳо маҳз дар даврони истиқлол ҷомаи амал пӯшиданд. Вале, мутаассифона, дидани ин рӯзҳои хуш ба Қутбӣ муяссар нашуд. Ӯ моҳи декабри соли 1983 дар синни 87 бинобар садамаи автомобилӣ вафот кард. Қабраш дар мавзеи Чорчинори ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд воқеъ аст.

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: