«БА ЧӢ БА ДАСТ АФТОДӢ? БО ПОРА... ...БО ЧӢ ХАЛОС ШУДӢ? БО ПОРА»

Ҳанӯз 3 январи соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» қабул гардида буд.

Ин ҳуҷҷат дар ба тартиб андохтани муносибат дар соҳаи мубориза алайҳи коррупсия нақши босазо бозид. Қонуният, устувории ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои қонунии онҳо, кушодӣ ва шаффофӣ, пайдарпайӣ, ҳамкории давлат ва ҷамъияти шаҳрвандӣ, устувории чораҳо доири пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва муқаррарии ҷавобгарӣ принсипҳои асосии мубориза алайҳи коррупсия қарор гирифтанд.
Бале, ба касе, ки дар ин бобат айбдор гашт, хоҳ инсони одӣ бошад ва хоҳ амалдор, ҷазо муқаррар гардид. 
Пештар ҳам ҷорӣ буд ин принсип, вале дар коғаз. Ришват ва тамаъгарӣ мағз-мағзи ҳаёти ҷамъиятро фаро гирифта бошад ҳам дар ин бобат қариб чизе гуфта намешуд. Дар шароите, ки як қатор давлатҳо, аз ҷумла баъзе  кишварҳои ҳамсоя масъалаи коррупсияро ҳамчун иллати ҷамъиятӣ муҳокима менамуданд, дар мо калимаи коррупсияро ҳатто ба забон намеоварданд.
Тамаъгариву ришват чизи одӣ намуда монд ба назар. Дар бораи он ки фалонӣ ба ивази фалон қадар пора ба курсии амал нишастааст ё фалонӣ ҷиноят содир намуда, ба ивази ба суд ё додситон фалон қадар пора додан аз ҷазо халос шудааст, овозаҳо паҳн мешуданд. 
Албатта, мо гуфтанӣ не, ки дар он шароит то пул надиҳӣ ё дар боло «одам» надошта бошӣ, вазифа намедоданд. Роҳбарон ё худ ходимони мақомоти давлатию сохтори суду ҳуқуқ, ки бо виҷдони пок фаъолият мебурданд, дар ҳамон давр ҳам мавҷуд буданд. Вале халқ дар бораи онҳо, хусусан дар бораи кормандони идораҳои ҳуқуқ ақидаву андешаи дигар дошт. Аз ноомади кор кораш ба тафтиш афтад, рафту ҷазои сахттар таҳдид кунад, фикр карда нанишаста автомобилаш, ҳатто хонаашро мефурӯхт. 
Баробари пора гирифтан пора додан низ ҷиноят (ва гуноҳ), ин ба ҳама маълум,вале шароит водор месохт шаҳрванд, бар замми мушкилии ба сараш афтода, ҳатто қарзу қавола карда, пора диҳад ва халос шавад. Ё ҷазои сабуктар гирад.
Порагирии амалдор ё устоди донишгоҳ, гарчи нобахшиданист, «бахайртар» ба назар мерасад нисбати  кирдукори корманди идораи суду ҳуқуқ, ки худ ба нафс дода шуда ва қонуншиканӣ мекунад. Нақли ба латифа монанде паҳн шуда: «Ба чӣ ба даст афтодӣ? Бо пора. Бо чӣ халос шудӣ? Бо пора».
Дар шароити нави таърихӣ мубориза алайҳи коррупсия пурзӯр гашт. Ҳаракатҳо дар ин самт самара мебахшанд. Расонаҳои хабарӣ, хусусан телевизион дар ин бахш барномаҳо омода месозад. Ришватхорҳо фош мешаванд. 
Бар илова ба фармони Президент аз 27 ноябри соли 2023, ки фарогири масъалаҳои марбут ба ҷонноксозии мубориза алайҳи коррупсия мебошад, Барномаи давлатӣ (барои солҳои 2023–2024) қабул карда шуд. Чораҳое, ки дар ин самт муайян шуданд, ҷолиби диққат буда, бо назардошти шароити Ӯзбекистони Нав корбаст гаштаанд. Масалан, яке аз муҳимтарин тадбирҳо  бо назардошти ислоҳоти дар шароити Ӯзбекистони Нав татбиқшудаистода, боз ҳам такмил додани асосҳои қонунии мубориза алайҳи коррупсия мебошад. Ҷорӣ намудани стандартҳо дар мубориза алайҳи коррупсия ва муайян намудани механизмҳо аз рӯйи таъминсозии онҳо дар идоракунии мақомоти давлатӣ низ аз вазифаҳои аввалдараҷа дониста шуд, ки он дар навбати аввал, ба пешгирии ҳолатҳои ба ришват алоқаманд  дар соҳаи идоракунии давлатӣ нигаронида шудааст.
Боби ҳафтуми Барномаи давлатӣ «Пешгирии коррупсия дар сохтори суду ҳуқуқ» ном гирифтааст. Дар он аз ҷониби ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ намудани содиргардии ҷиноят марбут ба коррупсия чун яке аз самтҳои муҳим муайян гардидааст. Чӣ омилҳое мавҷуд, ки ба рӯй додани ҳолатҳои ногувор марбут ба ришват дар байни  ходимони идораҳои суду ҳуқуқ мусоидат менамояд? 
Барномаи давлатӣ вазифа гузошт ба функсияҳое, ки ба содиргардии коррупсия дар ин гуна сохтор шароит фароҳам меоварад, равшанӣ андохта ва кору вазифаҳое, ки ба ин самт нигаронида шудаанд, сари вақт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёбанд. Инчунин аз рӯйи ба судҳо гузаронидани ин тавр ҳолатҳо ва ё тавассути рақамигардонӣ коҳиш додани хатарҳои коррупсионӣ таҳия ва пешниҳодсозии таклифҳо ба амал ҷорӣ гарданд.
Як вақтҳо оиди ҳаводиси ба ришват алоқаманд чизе навиштан машаққат бошад, ҳоло дар баробари идораҳои масъул, навъе дар боло ишора рафт, воситаҳои ахбори оммавӣ дар мубориза алайҳи коррупсия фаъолона иштирок менамоянд. Ягон ногуворӣ вобаста ба коррупсия аз чашми расонаҳои хабарӣ пинҳон нест.  Бо вуҷуди он ки ба ришватхор ҷазо муқаррар ҳолатҳои коррупсионӣ дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла дар фаъолияти сохтори суду ҳуқуқ ҳамон ба назар мерасанд.         
Ин воқеа дар нимаи аввали соли 2023 рӯй дод.
Сокини вилояти Ҷиззах хост бо парвои чорво соҳибкории оилавиро ба роҳ гузорад. Аз бонк кредит гирифт. Вале баъдтар бонке, ки ба вай қарз додааст, аз болояш ба прокуратураи вилоят муроҷиат намуд. Даъво кард, ки соҳибкор кредитро ба чизҳои дигар сарф мекунад. Ҳуҷҷат барои омӯхтан  ва чораи қонунӣ дидан ба прокуратураи шаҳри Ҷиззах фиристода шуд. Дафтари аъмоли сокибкорро варақ заданд. Вале унсурҳои қонуншиканӣ мушоҳида нашуд. Ходими шуъбаи додситонии вилоят бошад, соҳибкорро ҷеғ зада, гуфт, ки рад карда шудани кори ҷиноиро вай таъин намудааст. Барои «хидмат»-аш аз соҳибкор 1300 доллар талаб намуд. Дар вақти гирифтани «ҳаққи хидмат» вай ба даст афтод. Ба корманди прокуратура кори ҷиноӣ кушода шуд.
Моҳи декабри соли 2023 доири ба тамаъгарӣ руҷӯъи  яке аз кормандони масъули суди олӣ хабарҳо паҳн шуданд. Дар натиҷаи чорабинии таъҷилии Хидмати амнияти давлатӣ нафаре ба даст афтод, ки аз шаҳрванд 10 ҳазор доллар талаб намудааст.
Тамаъгар ходими оддӣ не – консултанти калони ҳайати суди корҳои ҷиноии суди олӣ. Вай кори ҷиноии ду нафар шахсони муқаддам судшударо, ки ҳайати судӣ оиди корҳои ҷиноии суди олӣ ба тартиби кассатсия дида мебаромад, аснои ба суди вилояти Фарғона гузарондан ваъда дод ба сафедшавиашон кумак мекунад. Ва ба ивази ин пораи дар боло қайдшударо талаб намуд. Вале ба мақсади нопок нарасид.
Дар ҳолати дигар бошад, ёрдамчии калони ҳайати суд оиди корҳои иқтисодии  вилояти Сурхондарё ба соҳибкори маҳаллӣ ваъда дод дар ҳалли аризаи ӯ, ки дар давраи аппелятсия дида баромада мешуд, ёрдам мерасонад. Ва аснои барои ин «хидмат» аз соҳибкор гирифтани 6 ҳазор доллар дастгир гашт.
Боз як «корбудкун»-и дигар – ёрдамчии калони довар бо ваъдаи мусбат ҳал кардани аризаи соҳибкор, ки ба суди иқтисодии байниноҳиявии Тирмиз ворид шуда буд, аз вай 2000 доллар тамаъ сохт ва дар вақти гирифтани 600 доллар ба дасташ кишан заданд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ воқеаи ба ришват алоқаманд дар вилояти Намангон ба вуқуъ пайваст.
Ҷамъияти саҳҳомии ба чорводорӣ тахассусдошта бо мақсади барпои бинои маҷмӯи чорводорӣ ва таъмири биноҳои пештара аз шуъбаи вилоятии бонки саҳҳомии «Халқбонк» ба андозаи бештар аз 5 миллиард сӯм кредит гирифт. Вале ҶС бинобар ғайриқонунӣ истифода кардани маблағ ва қалбакисозии ҳуҷҷатҳои расмӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдор карда шуд. Бо моддаҳои 167 ва 228-уми  Кодекси ҷиноӣ «парванда»-и ҷиноӣ боз гашт. Аснои муҳокимаи кор раиси суди ноҳияи Мингбулоқ ба ивази ҷазои сабуктар таъин кардан ба судшаванда аз падари вай 20 ҳазор доллари ИМА талаб намуд. Дар вақти гирифтани 2 ҳазор доллар бо далелҳои ашёвӣ ба даст афтод. 
31 январи соли равон Пленуми Суди олӣ дар ҷамъомади худ раиси суди ноҳиявиро айбдор ҳисобид ва баҳри ба ҷавобгарӣ кашиданаш розигӣ дод.
Худи ҳамин моҳ дар вилояти Самарқанд ходими 33-солаи Гвардияи миллӣ аз ваколати худ сӯиистифода намуда, ба сокини маҳаллии ба мушкилот дучоршуда ваъда дод шиносҳои мансабдорашро ба байн дароварда, ҳоҷаташро мебарорад ва ба ивази «хидмат»  аз вай 1500 доллар талаб карду  дастгир шуд. 
Ин хел мисолҳоро боз овардан мумкин. 
Ба наздикӣ ҷонишини Раиси Палатаи қонунгузорӣ, депутат Одилҷон Тоҷиев талаб гузошт ҳамаи материалҳое, ки аз дасти довару додситонҳои бо пора бадастафтода гузаштаанд, аз нав мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ин гуна ҳолатҳои ногувор вақтҳои охир зуд-зуд ба вуқӯъ меоянд, гуфт вай, мутаассифона, ба кори одатӣ табдил меёбад чунин рӯйдоди нанговар. Дар баробари баҳодиҳӣ ба корҳои ҷиноии суду прокурорҳои тамаъгар ба хулоса ва қарори онҳо бароварда низ баҳои муносиб додан даркор. Зеро дар натиҷаи ҳаракати шахсони ба вазифа нолоиқ чӣ қадар одамон ноҳақ айбдор мешаванд, ноҳақ ба паси панҷара меафтанд. Фикр мекунам, идома дод депутат Одилҷон Тоҷиев, дар ин самт қонунгузориро низ такмил додан даркор. Фақат дар ҳамин вазъ адолат барқарор мемонад.
Президентамон аснои ба амал баровардани боздид аз вилояти Андиҷон дар ҷамъомад бо фаъолон чӣ тавр балои бад будани тамаъгарӣ ва ришват аз ҷониби кормандони ҳуқуқу тартиботро дигарбора хотиррасон кард. Вай зикр намуд прокурори ноҳияи Когон бо 100 ҳазор доллар пора ба даст афтод. Вақте муҳофизи қонун ин тавр рафтор кард, дарди худро ба кӣ гӯем, гуфт роҳбари давлат.
Ҳуқуқшиносҳоро медонем, ки маданияти ҳуқуқиашон баланд нест. Сатҳи маърифаташон низ паст. Лозим меояд кормандони идораи ҳуқуқу тартибот ба «дарсҳои махсус» фаро гирифта шаванд. Ходимони соҳа кӣ будани худро дарк кунанд. Тамаъгарӣ агар иснод, сахттарин иснод будани тамаъгарии муҳофизи қонунро қалбан ҳис намоянд ва ба вазифа содиқ бошанд. Бо чораву ҷазои сахт ва қатъитар низ пеши роҳи ин иллатро гирифтан, заҳрпечаки коррупсияро решакан намудан мумкин.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: