ҲАМКОРӢ БАРОИ ПЕШРАФТИ ХАЛҚҲО ВА ЭЪТИДОЛ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ

Дар шароити тағйироти геосиёсии минтақа  Осиёи Марказӣ беш аз пеш маркази муҳими муносибатҳои байналхалқӣ қарор мегирад. Зеро Осиёи Марказӣ дар олами кунунӣ дорои мавқеи муҳими стратегӣ мебошад. Минтақа соҳиби имкониятҳои бузург аст. Ҳамзамон он ба таҳдид ва хурӯҷҳои нави амният, ки дар ҷаҳон ба вуқӯъ меоянд, рӯ ба рӯ мегардад.
Сиёсати Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ ба таъмин сохтани сулҳу салоҳ ва эътидоли минтақа, ҳаллу фасли мушкилоти асосии амнияти минтақавӣ, аз ҷумла кумак ба танзими вазъият дар Афғонистон нигаронида шудааст. 
Ӯзбекистон тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳкими  кооператсияи тиҷоративу иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётиву транзитии он, таъмин сохтани истифодаи сарфакорона ва маҷмӯии захираҳои обу энергетикаи дарёҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ, пойдории экологии минтақа, анҷом додани ҷараёнҳои марзбандиву марзтақсимкунии сарҳадҳо равона кардааст.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз соли 2016-ум муҳити мусоиди сиёсӣ ба миён омад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ – ба сифати Баённомаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 22 июни соли 2018 таҳти унвони «Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ ба мақсади таъмин сохтани сулҳу салоҳ, эътидол ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ҳамчун давраи гузариши мусбати таърихи кунунии он дастгирӣ карда шуд.
Дар давраи сипаришудаи аз соли 2016-ум то имрӯз беш аз 30 сафари тарафайни сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин вохӯриҳо дар доираи анҷуманҳои мухталифи минтақавиву байналхалқӣ амалӣ шуданд. Мулоқоти сиёсии байни сарварони давлатҳои минтақа ҷиҳати мунтазам ва доимиву эътимодбахш пайдо кард. Ин гуна робитаҳо пойгоҳи шартномавиву ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро вусъат доданд, дар онҳо бинобар масъалаҳои минтақавиву байналхалқие, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ як хел манфиатдоранд, аз ҷумла дар соҳаҳои амният, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, нигаҳдории тандурустӣ ва экология қарорҳои муҳими муштарак қабул карда мешаванд.
Дар натиҷа дар давраи таърихан кӯтоҳ дар муносибатҳои Ӯзбекистон бо тамоми кишварҳои минтақа тағйироти бузурги мусбат ба миён омаданд. Бисёр мушкилоти хеле ҷиддӣ, ки дар муносибатҳои байни кишвари мо бо ҳамсоягон то соли 2016 мавҷуд буданд, ба шарофати таҳкими мулоқоти ошкорову муътамади сиёсии сарварони мамлакатҳои минтақа аз байн бардошта шуданд. Эътимоди шахсии байни президентҳо мустаҳкам гардид. Ин аст, ки муносибати Ӯзбекистон бо ҳар як кишвари ҳамсоя ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шуд, бо Қазоқистон ва Тоҷикистон бошад, муносибатҳои иттифоқӣ муқаррар гардиданд.
Дар минтақа муҳити мусоид ташаккул ёфт, ки ба афзоиши савдо ва сармояҳои тарафайн мусоидат менамояд. Солҳои 2017-2022 мубодилаи моли Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 2,7  баробар афзуда, аз 2,7 миллиард ба 7,5 миллиард доллар расид. Бо Қазоқистон маркази байналхалқии кооператсияи саноатӣ, бо Тоҷикистон ва Туркманистон минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ таъсис ёфтанд. Ҳамкории тарафайни сармоявӣ дар минтақа соли 2021-ум ба созмон додани сохторҳои сармоявии ӯзбекистониву қирғизистонӣ ва ӯзбекистониву тоҷикистонӣ мусоидат карданд.
Яке аз ташаббусҳои муҳимтарини Президент Шавкат Мирзиёев, ки дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ – дар бораи таъсис додани Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ садо дода буд, татбиқ гардид. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҷомеаи васеъ эътироф шуд, онро тамоми сарони давлатҳои минтақа дастгирӣ намуданд. Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми самарабахши ҳамкориҳои минтақавӣ гардид. Аз соли 2018-ум то кунун 5-то чунин ҳамоиш гузаронида шуд. Мехостем хотиррасон намоем, ки мулоқоти машваратии кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай дар чаҳор шаҳри Осиёи Марказӣ – дар Остонаи Қазоқистон (15 марти соли 2018), дар Тошканди Ӯзбекистон (29 ноябри соли 2019), дар Туркменбошии Туркманистон (6 августи соли 2021), дар Чӯлпонотаи Қирғизистон (21 июли соли 2022) ва инак ҳамоиши навбатии панҷум- ҷашнии он дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон 14-15 сентябр баргузор шуданд.

Ташаббусҳои Ӯзбекистон дар Анҷумани воқеъ дар Душанбе

Мулоқоти машваратии панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе омодагии кишварҳои минтақаро ба амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла амният ва пешгирӣ кардани хатарҳо намоиш дод. Ин аз саъю кӯшиши мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкории беш аз пеш қарин шаҳодат медиҳад, ки ба онҳо барои бомуваффақият паси сар намудани хуруҷҳои минбаъда ва таҳкими некӯҳолии шаҳрвандонашон кумак мерасонад.
Дар Мулоқоти машваратии панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе Шавкат Мирзиёев муҳимияти ҳамкорӣ, табодули мунтазам ва муътамади доимӣ дар соҳаи амниятро таъкид намуда, таклифро бинобар мунтазам баргузор кардани Машварат оид ба масъалаҳои амният бо нақши танзимгарии Котиботи Шӯрои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгирӣ кард.
Вай ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Барномаи байнидавлатии ҳифз ва мустаҳкам кардани сарҳадҳои мамолики Осиёи Марказӣ аз таҳдидҳои наздисарҳадӣ коркард шавад. Ӯ бағоят муҳим будани ташаккул додани Низоми минтақавии пешбинӣ ва пешгирӣ намудан, сари вақт огоҳ кардан ва муштаракона ҷавоб додан ба вазъиятҳои фавқулоддаро таъкид кард.
Дар суханрониаш Президенти Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳои муҳимеро, ки ба пешомади ҳамкориҳои тарафайни минбаъдаи давлатҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, пеш гузошт.

1. Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ

Ба мақсади зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол таклиф шуд, ки минтақаи муътамади савдои озоди бидуни мусодиракунӣ маҳдудият ҳарчи зудтар ташкил карда шавад. Бинобар суханони Шавкат Мирзиёев бояд Барномаи маҷмӯии минтақавӣ қабул гардад, ки ташаккул додани силсилаи устувори тиҷоративу логистикиро дар минтақа, кушодан ва вусъат додани марказҳои наздисарҳадии тиҷоративу кооператсионӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳо ва аз байн бардоштани монеаҳоро дар савдои тарафайн, ба роҳ мондани платформаи ягонаи электронии маъмурияти гумрук, назорати санитариву фитосанитарӣ, сертификаткунонии молҳо, ҳамчунин ба истифода супурдани майдони минтақавии савдои электрониро пешбинӣ менамояд.

2. Рушди кооператсияи саноатӣ

Президент қайд кард, ки истеҳсоли нуриҳои минералӣ, полимерҳо, маснуоти тайёр аз филизот, ҷамъоварии техникаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри бофандагӣ ва хӯрокворӣ бо содирот ба кишварҳои сеюм метавонанд самтҳои пешомадноки минбаъд амиқсозии ҳамкорӣ ва татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги саноатӣ бошанд.
Барои ҷиҳати мунтазам пайдо кардани ин саъю кӯшишҳо коркарди Стратегияи рушди кооператсияи саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пешомади дарозмуҳлат таклиф карда шуд.

3. Вобастагии тарафайни нақлиётӣ

Маълум аст, ки харҷҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ аз 50 фоизи арзиши ниҳоии молҳо зиёд мебошад, зеро вай аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ҳудуди ба баҳр баромадан надорад. Ин дар ҳолест, ки нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ дар ин бобат аз 11 фоиз зиёд нест. Бинобар ҳамин ҳам иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбати мамлакатҳои пешқадам 2-3 баробар бештар сарборӣ доранд, қайд кард Президент Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш. Аз ин рӯ сарвари Ӯзбекистон таклиф намуд, ки ҳамкории транзитӣ бо Озарбойҷон вусъат дода шаванд.
4. Таъмин сохтани амнияти энергетикӣ

Президенти Ӯзбекистон минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои тарафайни вазоратҳои соҳавӣ ва ширкатҳои миллии моро дар соҳаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва азхуд кардани конҳои пешомаднок, васеъ намудани инфрасохтори мавҷуда ва бунёди инфрасохторҳои замонавии нигоҳ доштан ва расонда додани ноқилҳои энергетикиро дастгирӣ кард.

5. Таъмин намудани амнияти хӯрокворӣ

Президенти Ӯзбекистон нуқтаҳои муҳими таъмин сохтани амнияти хӯроквориро дар минтақа низ қайд намуд. Инҳо рушди нокифояи илмию технологии сектори аграрӣ, норасоии ҷиддии захираҳои об, самарабахш набудани силсилаи муайян кардани арзиши иловагӣ, ноустуворӣ ба буҳрони иқлиму боздоштҳои логистикӣ, масъалаҳои хӯрокаи солим мебошанд. Вай муҳимияти муттаҳид кардани саъю кӯшишҳо ва бо дастгирии ФАО тайёр кардани Барномаи минтақавии шарикӣ дар соҳаро таъкид кард.

6. Аксуламал ба таҳдидҳои иқлимӣ

Вобаста ба ин баҳорони соли оянда дар Самарқанд баргузор кардани Анҷумани байналхалқии нахустин бахшида ба рӯзномаи иқлими Осиёи Марказӣ таклиф шуд. Ба сифати саҳми амалӣ дар таъмин сохтани устувории иқлим ва рушди «сабз» қабул кардани Стратегияи минтақавӣ оид ба масъалаҳои обсозиш ба тағйироти иқлим пешниҳод гардид.
Барои ташаккул додани рӯзномаи ягонаи иқлими минтақа ва муштаракона қабул намудани чораҳои муассир ҳамчунин таклиф шуд, ки платформаи бисёрҷонибаи «Мулоқоти вобаста ба иқлими Осиёи Марказӣ» дар сатҳи вазирони экология таъсис дода шавад.

7. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва фарҳанг

Барои дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намудани мероси нодири фарҳангиву таърихӣ ва маънавӣ пешниҳод гардид, ки Медиаплатформаи байналхалқии «Таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ: гузаштаи ягона ва ояндаи умумӣ» бо ҷалби олимону намояндагони ҷомеаи васеъ таъсис дода шавад.

8. Ҳамкорӣ дар соҳаи амният

Пешниҳод бобати мунтазам гузаронидани Машварат оид ба масъалаҳои амният бо нақши танзимгарии Котиботи Шӯрои амнияти давлатҳо дастгирӣ карда шуд.
Натиҷаҳои Мулоқоти машваратии Душанбе саъю кӯшиши сарони давлатҳои Осиёи Марказиро бобати кори якҷоя ва муштарак барои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи рушди минбаъда намоиш дод.

Омонулла МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори 
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: