МАСКАНИ ТАРҒИБГАРИ МАЪНАВИЯТ

Дар китобхонаи мактаби рақами 83-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, ки сарварии он ба дӯши марди донишманду заҳматкаш Турдиқул Ҳасратов аст, тамоми шароит барои китобхонӣ мавҷуд мебошад.

Китобдори мактаб Мавлуда Усмонова байни мактабиён китобхониро тарғиб намуда, мунтазам озмунҳои гуногунро мегузаронад. Имрӯз, ки  тӯри интернет тамоми аҳли башарро  ба доми худ кашидааст, дар ҳоли пайдо нашудани китоби даркорӣ бо кумаки ин китобдор ниёзмандон онро аз фазои маҷозӣ ҷустуҷӯ менамоянд. 
Умедворем, таълиму таҳсил дар чунин мактабе, ки чунин устодони ғамхору меҳрубон ва адабпарвар дорад, гарави иқбол ва пешрафти толибилмон хоҳад гардид.
Дар акс: донишомӯзони мактаби таълими миёнаи умумии шумораи 83-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.


ДАР МАКТАБИ НАМУНАВӢ

Тақдими туҳфаҳо ба ғолибони озмуни «Дасти дуои модар» ва ифтихорномаҳо ба коршинос ва маъмурони гурӯҳи иҷтимоии «Тоҷикони ҷаҳон» дар деҳаи Сариҷӯйи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё баргузор гардид.
Ҳангоме ки мактабиёни рақами 82-юми ноҳия шеър мехонданд, ё сухан мегуфтанд, боз ифтихори мо аз миллати номдору тоҷдори худ бештар гардид. Банда ҳамчун раҳбари шабакаи иҷтимоӣ бо чандин мактаби таълимашон бо забони тоҷикӣ дар ҷумҳуриамон ҳамкорӣ дорам, вале то ба имрӯз мактаберо мисли мактаби рақами 82-юми деҳаи Сариҷӯй надидам. Синфхонаҳои мактаби мазкур бо тамоми техникаи замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дарсҳо бо усули мултимедия мегузаранд ва дар ҳар як синфхона телевизорҳои ранга васл карда шудаанд. 

Салим ИНЪОМЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: