Мақсад ва вазифаҳои асосии хониши беруназсинф дар насли наврас парваридани шавқу ҳавас ба китоб ва китобхонӣ аст.
Ин вазифаҳо ҳамон вақт иҷро мегарданд, ки агар омилҳои зерин пурра ба амал бароварда шаванд: баланд бардоштани мавқеи оила ва волидайн дар ташаккули китобхонӣ; ба назар гирифтани муҳити синф дар хониши мустақилонаи китоб; риояи қоидаҳои интихоби адабиёти бадеӣ; афзудани фаъолияти китобхонии хонандагон дар давраи таътили тобистона; дуруст ташкил намудани гӯшаи берун аз синф; тайёрии пухтаи муаллим ба машғулият ва ғайра. Азбаски дар як мақола дар бораи ҳамаи ин омилҳо маълумот додан ғайриимкон аст, бинобар лозим донистам, ки танҳо оиди се омили асосӣ таваққуф намоям:
1. Қоидаҳои интихоби адабиёти бадеӣ. Китобҳое, ки барои машғулияти хониши беруназсинф интихоб мешаванд, бояд ба талаботи таълим мувофиқ бошанд.
Риояи интихоби китоб аз рӯйи ин қоида, аз як тараф, ба хусусиятҳои синну соли бачаҳо мувофиқ буда, аз тарафи дигар, хондани асарҳои чунин жанрҳои бадеӣ, мазмуну мундариҷа, ғояю амалиёти иштироккунандагони он дар ташаккули ахлоқу одоб, рафтору гуфтор ва муносибатҳои дӯстона ва сарҷамъонаи онҳо мусоидат менамояд.
Бояд эътироф кард, ки хушбахтона солҳои охир барои бачаҳо, алалхусус бачаҳои хурдсол, асарҳои зиёд таълиф мешаванд. Асарҳои тарҷумавӣ ҳам, ки муаллифони онҳо дар ҷаҳон машҳуранд, хеле афзудааст, ки барои ташкили беҳтари машғулиятҳои хониши берун аз синф мусоидат менамояд. Ҳоло асарҳои шоиру нависандагони тоҷик – Садриддин Айнию Абулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакару Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷабу Акобир Шарифӣ, Гулчеҳра Сулаймонова, Бобо Насриддинову Нуъмон Розиқ, Наримон Бақозодаву Алӣ Бобоҷон, Асадулло Шукурову Паймон ва боз бисёр дигаронро хонандагон ҳам дар дарсҳои хонишу фориғ аз он ва машғулиятҳои беруназсинфӣ қироат мекунанд.
Асарҳои адибон аз он ҷиҳат ба хурдсолон писанд меоянд, ки аксари онҳо ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ҳамсолони онҳоро акс менамоянд. Бинобар ин муаллим онҳоро бояд даъват кунад, ки аз рафтору муносибат, кирдору амали қаҳрамонҳо ибрат гиранд ва худро баҳри иҷрои супоришу вазифа омода бинмоянд, сазовори эҳтироми ҷомеа гарданд, кори бадро аз хуб, лафзи бадро аз лафзи нарму ширин фарқ карда, дар бораи қаҳрамонҳои асар муносибати худро ифода карда тавонанд.
Кори омӯзгори синфҳои ибтидоӣ меҳнати муттасилу пайваста омӯхтани адабиёти илмию методӣ ва таҷрибаи пешқадам, ҳамчунин муносибати эҷодкоронаю навҷӯиро талаб мекунад. Муаллимоне, ки барои баланд бардоштани самараи машғулият ҷиддӣ машғул мешаванду онро дар асоси талаботи хониши берун аз синф ташкил мекунанд, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Барои он, ки машғулияти хониши беруназсинф ҳамчун дарси хониш эътибор пайдо намояд, маъмурияти мактаб, алалхусус ҷонишини директор доир ба синфҳои ибтидоӣ ва роҳбари иттиҳодияи методиро лозим аст, ки назорат ва кумаки методиро пурзӯр намоянд, китобхонаи мактабро бо адабиёти бачагона таъмин намоянд, ба омӯхтан ва дар байни муаллимони навовару эҷодкор ҷиддӣ машғул шаванд.
Дар ҷараёни машғулияти хониши беруназсинф гӯшаи хониши берун аз синф мавқеи хосса дорад.
2. Гӯшаи хониши беруназсинфро чӣ тавр бояд ташкил кард? Тартиби гузоштани китоб, муҳлати иваз кардани онҳо, намоиши китобҳо бояд таҳти назорати муаллим қарор дошта бошад.
Гӯшаи китобро муаллим ба воситаи бачаҳо муҷаҳҳаз месозад ва дар ин кор волидайн, аъзоёни комитети падару модарони хонандагон фаъолона бояд ширкат варзанд. Хонанда дар ин ҷо худро озод ҳис менамояд, хуб медонад, ки кадом китоб дар кадом раф гузошта шудааст, аз гӯша кадом китобро гирифтан мумкин ва ба он ҷо чӣ хел китобҳоро бояд гузошт. Тартиби аз гӯша истифода кардани китобро муаллим ҳамарӯза таъкид мекунад, қоидаҳои гигиенаи китобхонӣ, китобгирӣ ва ба китобҳои шарикдарсон чӣ хел муомила карда тавонистан ва ғайраро пайваста дар як машғулият мефаҳмонад.
Дар бисёр мактабҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба гӯша эътибори ҷиддӣ медиҳанд, ҷевонро бо китобҳои тозанашршуда ғанӣ мегардонанд, барои намоиши китобҳо дар синф ҷойи махсус ҷудо мекунанд, баъзан дар он ҷо рӯйхати китобҳои доир ба машғулияти оянда банақшагирифташударо овехта, китобҳои гирдовардаро бо тартиб мегузоранд ва номи мавзӯъро низ бо ҳарфҳои калон менависанд.
Масалан, агар мавзӯи машғулият ба муҳофизати Ватан бахшида шуда бошад, муаллим метавонад ин хел сарлавҳаи умумӣ бинависад: «Мо доир ба қаҳрамонон китоб мехонем», оид ба Зан-Модар бошад «Дар бораи модарон китоб мехонем» ва ғайра.
Бояд таъкид кард, ки дар гӯша танҳо адабиёти бадеӣ гузошта мешавад. Агар дар синф шароити васеъ кардани гӯша мавҷуд бошад, муаллим барои китобҳои оммавию бадеӣ, китоб-маълумотнома ва рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона рафи иловагӣ ташкил мекунад, ки дар ҳамаи дарсҳо истифода намояд.
Муаллим бояд онҳоро одат кунонад, ки аз мағоза ва дӯконҳо китобҳои суратдор ва рангаро интихоб кунанд, зеро агар хурдтаракон бо китоб бештар сару кор намоянду бо эҳтиёт суратҳояшро аз назар гузаронанд, шавқу рағбати онҳо ба китобхонӣ зиёд мешавад, ҷаҳонбиниашон нисбат ба ҷамъияту табиат ва муҳити зист мушаххастар мегардад. Чунин тарзи муносибат бо китоб тадриҷан дар ҳаёти бачаҳо ба машғулияти доимӣ табдил меёбад.
Бояд таъкид кард, ки китобхонаи синф ҳарчӣ қадар ғанӣ бошад, рағбати бачаҳо ба интихоби китобҳои барояшон маъқул ҳамон қадар бештар мегардад.
3. Тайёрии муаллим ба машғулият. Дар ин қисмати муҳими кор муаллим ба дониш, малака ва маҳорати шогирдон, тарзи хониш, суръат ва бошуурона азхуд намудани мазмуни матни хондашуда такя мекунад. Дар ҳар як синф хонандагони фаъол, миёна ва сустхон ҳастанд, ки муаллим дар ҷараёни таълим ҳангоми ба нақша гирифтани мавзӯъ, омодагиаш ба машғулият ва ба амал баровардани чорабиниҳои тарбиявӣ инро ба назар гирад. Муаллим тайёриро ба ин навъи машғулият аз таъмин намудани гӯшаи хониши берун аз синф бо адабиёти бадеӣ шурӯъ мекунад. Вай ба назар мегирад, ки дар гӯша оид ба ин мавзӯъ чӣ қадар адабиёти мувофиқ гирд оварда шудааст ва боз кадом китобҳоро бояд ҷустуҷӯ кард.
Вақте ки дар гӯша адабиёт аз рӯйи мавзӯъ гирд оварда шуд, муаллим онҳоро пешакӣ мутолиа намуда, аниқ мекунад, ки оё китобҳо мувофиқи шумораи шогирдонанд. Масалан, муаллим қироати шеъри шоири шинохтаи мо Лоиқ Шералӣ «Қасидаи модар»-ро дар машғулият интихоб менамояд. Зеро мувофиқи талаботи методикаи ташкили хониши беруназсинф ин китобро бояд ҳамаи бачаҳо бихонанд, бо мазмуну мундариҷааш, мақсади шоир, ғояи асар шинос шаванд. Бинобар ин, омӯзгор чанд нусхаи ин китобро ба хонандагон тақсим мекунад, онҳо дар давоми ду ҳафта шеърро бо навбат мутолиа менамоянд. Баъд рӯзи машғулият муаллим муҳокимаи онро аз рӯйи саволҳои пешакитартибдодааш шурӯъ менамояд.
Агар ҷавоб ноқис ва норавшан бошад, муаллим иҷозат медиҳад, ки талабае аз китоб чанд мисраи дахлдорро хонад, фикрашро шифоҳӣ ифода намояд.
Муаллим ҳангоми ба машғулият тайёрӣ дидан, ба дарс тайёр будан ё набудани шогирдонро ба ҳисоб мегирад; адабиёти мавҷударо ба бачаҳо тақсим карда, номи мавзӯъро дар тахтаи синф меовезад; луғати калимаҳои барои бачаҳо нав ва душворро тайёр карда, ба мазмуни матни муҳокимашаванда хос чистону зарбулмасал интихоб мекунад; ҳангоми варзиш суруд ё шеъри дар қарта сабтшударо мешунаванд; машғулиятро ҷамъбаст намуда, мавзӯи ояндаро ба бачаҳо фаҳмонда, баъзе китобҳои дахлдорро ба гӯша мегузорад.
Ин аст қисматҳои нопурраи нақшаи пешакии муаллим ба машғулияти навбатӣ. Ин нақшаро вай метавонад бо салоҳдиди худ, шароити синф ва мавзӯи пешакӣ тайёркардааш тағйир диҳад.
Тайёрии муаллим ба машғулият ба он вобаста аст, ки мазмуну мундариҷаи маводи таълим дар назди ӯ чӣ вазифаҳо мегузорад ва онҳоро бо кадом тарзу воситаҳо иҷро менамояд. Бинобар ин ҳар машғулият тайёрии хоссаро талаб мекунад. Аз ин рӯ тайёрии муаллим ба машғулият бо кори эҷодии ӯ зич алоқаманд аст.
Кори эҷодӣ ва навоварӣ низ ба мутолиаи асарҳои илмию методӣ, психологию педагогӣ, ҳамаҷониба омӯхтани маводи оид ба машғулияти хониши беруназсинф таълифшудаи методистони варзида, адабиёти бадеии бачагона, мақолаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои илмию методӣ вобаста аст.
Нигора НАЗАРОВА,
муаллимаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 68-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.