ДОНИШГОҲИ «ТИРОЗИ ҶАҲОН»

Суҳбатамон бо ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Аюб Усмонзода аввал дар даҳлези бинои маъмурӣ сурат гирифта, баъд дар утоқи вай давом кард.

Усмонзода соли 1995 факултети таърихи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст. Аз соли 1994 ба ҳайси танзимгари факултети таърих фаъолияташро оғоз намудааст. Моҳи апрели соли равон ӯро ректори донишгоҳ таъин намуданд. 
– Донишгоҳи мо яке аз калонтарин ва собиқадортарин мактаби олӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Инак, ба таъсисёбии он 90 сол пур шуд. Донишгоҳ соли 1932 дар заминаи курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои миёна таъсис ёфтааст ва аз рӯи шумораи донишҷӯён дувумин донишгоҳи бузурги Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Соли таъсисёбӣ он ҳамагӣ аз ду кафедра – кимёву биология ва физикаю математика иборат буда, 26 нафар донишҷӯро фаро хондааст. Ба онҳо 9 нафар устодон сабақ додаанд, – гуфт дар оғози суҳбат Аюб Усмонзода. 
Дар назди таърих 90 сол марҳилаи бузург нест, аммо барои ташаккул ва рушди як муассисаи таҳсилоти олӣ давраи муайян маҳсуб меёбад. 
Имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рейтинги Агентии назорати соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ қарор дорад. 
 Ногуфта намонад, ки таъсиси чунин мактаби олӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон, ки дорои иқтидор ва захираҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнию фарҳангӣ аст, тақозо ва талаботи давру замон ба ҳисоб мерафт. Ин иқдом он замон барои тарбияву ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаълумот, рушди илму маърифат, рушди мактабу маориф ва дигар марказу муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, фарҳангӣ, маданӣ-маърифатӣ воқеан зарур буд. 
– Дар оғози солҳои 30-юми асри XX бо азму ғайрат ва талошҳои зиёди сарварони ҳамонвақтаи ҷумҳурии ҷавони тоҷикон, фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, ки дар поягузории бинои муҳташам ва муқаддаси истиқлолияти имрӯзаи Тоҷикистон хиштҳои нахустинро гузоштанд, якбора паси ҳам ду донишкадаи омӯзгорӣ – яке дар Душанбе соли 1931 ва дигаре дар Хуҷанд соли 1932 таъсис дода шуд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Аз оғози фаъолият дар назди донишкадаи омӯзгорӣ факултаи коргарӣ таъсис додаанд, ки вазифаи он аз ҳисоби намояндагони табақаи коргар ва деҳқон тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ будааст. 
– Дар донишкада як қатор муаммоҳое мавҷуд будаанд, ки барои пешрафт монеа эҷод мекардаанд. Аз ҷумла, нарасидани маблағ, бинои таълимӣ, тадрисгоҳ, мавҷуд набудани хобгоҳ аз зумраи ҳамин мушкилот маҳсуб меёфтаанд. Бинои таълимӣ дар дохили собиқ масҷиди яке аз маҳаллаҳои шаҳр ҷойгир шуда, дарсхона, қироатхона, озмоишгоҳ, лавозимоти моддӣ-техникӣ вуҷуд надоштаанд. Дар солҳои аввали мавҷудияти донишкада вазъи таъминот бо китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ, асарҳои илмӣ низ ба талабот чандон ҷавобгӯ набуд, – қайд намуд ректор ва афзуд: – Марҳала ба марҳала ин муаммоҳо бартараф гардида, шароит барои ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилин мусоид гардиданд. Он ба бинои нав низ таъмин шудааст. 
Соли 1936 дар фаъолияти донишкада воқеаи муҳим – маросими хатми нахустин муҳассилин баъд аз чор соли таҳсил ба вуқӯъ пайвастааст. 21 нафар хатмкунандагон  ва аз ин шумор 10 нафар шуъбаи физикаву риёзиёт ва 11 нафар шуъбаи кимиёву биологияро хатм кардаанд. Соли 1945 аз байни устодони донишкада О.Орифов дар шаҳри Тошканд нахустин рисолаи номзадии худро ҳимоя намудааст. 
– Солҳои 1950-1951 дар сохтори факултети таъриху филология тайёр кардани омӯзгорони фанҳои забони англисӣ ва олмонӣ оғоз гардида, соли 1956 дар заминаи ин ихтисосҳо факултаи забони хориҷӣ таъсис ёфта, солҳои 60-ум соҳиби 7 бинои таълимӣ, 11 хобгоҳи донишҷӯён, китобхонаи ғанӣ, устохонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва толори варзишӣ гардидааст, – тазаккур дод Аюб Усмонзода.  
30-юми марти соли 1991 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи Киров ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд табдил ёфтааст. 
– Соли 1998 дар соҳили рости дарёи Сир бинои шашошёнаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки биноҳои куҳнаву фарсударо иваз намуд. Таъсиси Маркази пажӯҳишии тамаддуни замони Сомониён моҳи январи соли 1998, Пажӯҳишгоҳи менеҷмент ва технологияи компютерӣ, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО, ки дертар унвони Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО-ро гирифт ва оғози фаъолияти маҷаллаи марказ таҳти унвони “Тадқиқоти гуманитарии Осиёи Марказӣ” аз дастовардҳои дигари донишгоҳ дар он замон маҳсуб меёфтанд, ки нуфузи донишгоҳро баланд ва имконияту доираи фаъолиятро тавсеа бахшиданд, – иброз дошт Усмонзода. 
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳз дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, сӯйи муваффақият ва музаффариятҳои тоза қадам гузошт. 
19 июни соли 1996 донишгоҳ номи фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуровро гирифтааст. 
– Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад. Дар раванди таълим 876 нафар омӯзгор, аз ҷумла 54 нафар доктори илм, профессор, 403 нафар номзади илм, дотсент, 208 нафар сармуаллим ва 211 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 52,1 дарсади умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд, – гуфт Усмонзода.
Маълум шуд, ки хидматҳои илмиву фарҳангии устодони донишгоҳ аз ҷониби давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша қадршиносӣ гардида, даҳсолаи охир то имрӯз 14 нафар ба гирифтани унвони “Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон”, 3 нафар ордени “Шараф”, 5 нафар “Ифтихорнома”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардидаанд. 
Дар айни ҳол теъдоди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ 3 ҳазор нафарро ташкил менамояд, ки дар шуъбаҳои  рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ таҳсил мегиранд.
– Дар донишгоҳи мо гузаронидани олимпиадаҳои гуногун ба ҳукми анъана даромадааст. Чанде муқаддам чунин олимпиада аз фанни сиёсатшиносӣ баргузор гардид. Дар он як гурӯҳ донишҷӯёне низ ширкат варзиданд, ки аз Ӯзбекистон омада таҳсил мекунанд. Онҳо дар ин олимпиада ҷойҳои ифтихориро низ ба даст оварданд, – мегӯяд Усмонзода. 
Вай аз он ёдовар шуд, ки Шайхурраис Абӯалӣ Сино баъди он ки шоҳро муолиҷа кард, ба ҷои он ки соҳиби зару зевари зиёд шавад, хоҳиш намуд, ки аз хазинаи маъонии дарбор истифода кунад. Ибни Сино маҳз дар ҳамин китобхона бо мероси бузургони олам ошно шудааст. Китобхонаи донишгоҳи мо низ ҷои дӯстдоштаи устодону магистрҳо ва донишҷӯён мебошад.  
Ба таъкиди ректор донишгоҳ ҳамасола баҳри тақвияти ҳамкориҳо бо мактабҳои олии мамолики хориҷӣ корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад.
– Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар айни ҳол бо 90 чунин муассисаи таълими олӣ равобитаашро тавсеа бахшидааст. Донишгоҳҳои давлатии Гулистон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Тирмиз  ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А.Навоии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, дар баробари ин  Донишгоҳи аграрии Пекин (Чин),  Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва иттилооти Маскав, Донишгоҳи  давлатии Санкт-Петербург (Русия), Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (ИМА), Донишгоҳи  миллии радиоэлетроникаи Харков (Украина),  Донишгоҳи  давлатии  Ӯш (Қирғизистон) аз зумраи ҳамин ҳамкорони мо мебошанд, – қайд намуд Усмонзода.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – ХУҶАНД – ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: