МАВҚЕИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР ҶОМЕА МЕАФЗОЯД

Мо дар мамлакати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёду демократӣ зиндагӣ мекунем.

Хушбахтона, иштироки фаъолонаи занон дар соҳаҳои илму маориф, адабу фарҳанг, тиҷорату соҳибкорӣ ва дигар ҷанбаҳо назаррас мебошад. Албатта, барои чунин ҳол шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Хусусан, баробарии гендерӣ таъмин мегардад, неруи занон яке аз омилҳои муҳим дар ҷомеаи моро ташкил медиҳад, инчунин масъалаи зан ва оила ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шудааст.

Дар ин росто фикри Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёевро мисол овардан кофист, ки гуфтааст: «Таҳкими нақш ва мавқеи занон яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти моро ташкил менамояд». 
Ба наздикӣ таҳти раёсати Озода Парпибоева – раиси Кумитаи оила ва занону духтарони ҷумҳурӣ анҷумани доманфарохе баргузор гардид. Ногуфта намонад, ки дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 22 декабри соли 2015 санаи 11 феврал расман ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм эълон шудааст ва аз соли 2016 ин рӯзро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мекунанд.
Тавре ки қайд гардид, ҳоло қариб 5 ҳазор нафар занон ба пажӯҳишҳои илмӣ машғуланд, дар мактабҳои олӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар машғули фаъолият мебошанд, муассисаҳои таълимӣ қариб 4 миллион нафар занону духтаронро ба таҳсил фаро гирифтааст.
Дар ҷумҳурӣ аз 12 то 17 феврал семинар, вохӯрӣ, суҳбатҳои мизӣ, илмӣ-амалӣ, маънавӣ-маърифатӣ, озмунҳо ва амсоли он ташкил карда мешаванд. Ин чорабиниҳо дар идомаи форуми занону духтарон баргузор мегардад, ки 11 феврал дар шаҳри Тошканд бо ширкати намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, меҳмонони хориҷӣ, вакилони ташкилотҳои ҷамъиятии занон, олимону пажӯҳишгарон сурат гирифтааст.  
Гуфта шуд, ки тибқи таҳлили коршиносон, дастикам 30 дарсади муҳаққиқони илмӣ аз зумраи занон мебошанд. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО бошад, солҳои 2014-2016 танҳо 30 дарсади духтароне, ки дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, риштаҳои илмию техникиро интихоб кардаанд. Маълум шуд, ки дар саросари ҷаҳон 3 фоизи духтарон фанновариҳои иттилоотӣ, 5 фоиз фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва омор, 8 фоиз соҳаҳои муҳандисӣ, истеҳсолот ва сохтмонро интихоб мекунанд.
Дар байни онҳо олимаҳои кишвари мо  дар соҳаи таълим, адабиёт, кимиё, биотехнология, кишоварзӣ барин соҳаҳо корҳои пажӯҳишӣ мебаранд. Барои ҳамин дар мамлакати мо бештар иштироки занонро дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дидан мумкин аст. Натиҷа чунин хоҳад буд, ки дар соҳаҳои табиатшиносӣ, риёзиёт, техника, технология, саноат ва сохтмон нишондиҳандаҳои мо он қадар баланд намебошад.
Барои ҳамин дар форум Озода Парпибоева ба кулли ташкилотҳои занони мамлакат тавсия дод, ки дар бораи васеъ намудани сафи олимони соҳаи табиатшиносӣ пешниҳодҳо ва дархостҳои худро ба миён гузоранд.
Ҳадаф мустаҳкам намудани оила, амалӣ намудани қонунҳои марбут ба ҳифзи манфиатҳои занону духтарон, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсӣ ва таъмин будани занону духтарон бо кор, ташаккул додани малакаҳои соҳибкорӣ ва таъмини баробарҳуқуқии онҳо мебошад. 
Дар он бонувони варзидаи соҳаи менеҷменти кишвар, профессорону омӯзгороне, ки дар равандҳои илмию инноватсионӣ маҳорати худро нишон дода истодаанд, донишҷӯёне, ки ба илму тиҷорат ва соҳибкорӣ дилбастагӣ доранд, ширкат карданд.
Таъкид гардид донишҷӯёне аз ҳисоби духтарон, ки мунтазам ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд, ба сафи занони пешқадам дохил карда шаванд, то ки битавонанд дар ташкилотҳои болоӣ, вазорату идораҳо ва муассисаҳо ба кор ҷалб гарданд, дар магистратура ва докторантураҳо таҳсилро давом диҳанд, манфиатҳояшон ҳифз карда шавад.
Дар заминаи форуми занон таҳти унвони «Дастовардҳои занони олима ва ғояҳои инноватсионии онҳо» конфронс баргузор гардид. Дар он низ натиҷаҳо ва паҳлуҳои тадқиқотҳои илмии як гурӯҳ занону духтарон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар идома Осорхонаи Абдулло Қодирӣ, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии рақами 1 ҷойи мулоқоту маҳфилҳои маънавӣ-маърифатӣ гардид. 
Чунин чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар шаҳру вилоятҳои кишвар идома хоҳанд кард.

Ситора РАҲМОНБЕРДИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: