Дар ҳудуди вилояти Сурхондарё заминларзаи сеюм ба амал омад

Имрӯз, 23 ноябр, соати 14:36 ба вақти маҳаллӣ дар Ӯзбекистон заминларзаи 3,9 дараҷа эҳсос шуд.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, маркази заминларза дар ноҳияи Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё қарор доштааст.

Координатҳои заминҷунбӣ: 37,76 градуси арзи шимолӣ; 67,69 градус тӯли шарқӣ. Бузургӣ  M=3,9. Чуқурӣ 10 км. Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарб 411 километрро ташкил медиҳад.

Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

Ноҳияи Қумқӯрғон: 3 балл, 16 км.

Ноҳияи Шурчи: 2-3 балл, 26 километр.

Ноҳияи Бандихон: 2 балл, 31 км.

Нохияи Ҷарқӯрғон: 2 балл, 35 км.

Ноҳияи Қизириқ: 2 балл, 42 км.

Ин сеюмин заминларзаи имрӯза дар ин минтақа аст. Якум, ки қувваи он 3,4 балл буд, соати 04:28 ва дуюм соати 14:08 рух додааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: