МИҚДОРИ САЙЁҲОНЕ, КИ АЗ ЧИН БА ӮЗБЕКИСТОН МЕОЯНД, ДУ БАРОБАР ЗИЁД МЕГАРДАД

10 январ ширкати авиатсионии Чин «Zhejiang Loong Airlines Co.Ltd» хатсайри авиатсионии Чэнду – Тошкандро анҷом дод.

Намояндагони ширкати авиатсионии «Zhejiang Loong Airlines Co.Ltd»-и Чин дар анҷумани байналхалқии сармоявие, ки соли 2018-ум дар Тошканд баргузор шуда буд, ширкат доштанд. Бино бар натиҷаи гуфтушунидҳо дар бораи ба роҳ мондани мулоқот бинобар ҷалби сармояи ширкатҳои сайёҳии Чин ба инфрасохтори сайёҳии мамлакати мо, муштаракона созмон додани маҳсулоти махсуси сайёҳӣ, зиёд кардани миқдори сайёҳони чинӣ, ба роҳ мондани хатсайрҳои бевоситаи авиатсионӣ муоҳида ба имзо расида буд.
Ба шарофати саъю кӯшишҳои сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Чин ва ширкати «Zhejiang Loong Airlines Co.Ltd» 27 сентябри соли 2019 аввалин хатсайри мустақими авиатсионӣ бинобар самти Сиан – Тошканд – Сиан баргузор гардид.
Ҳайат бо сарварии роҳбари ширкати мазкури авиатсионӣ Лю И аввалин мусофирони хатсайри Чэнду – Тошканд шуданд.
– Ин парвози нахустин ва бомуваффақияти мо аз Чэнду буд, –  гуфт Лю И. – Моҳи сентябри соли гузашта мо аз вилояти Сиани Чин хатсайри мустақими авиатсиониро содир карда будем. Ҳарчанд Чэнду аз Сиан дур аст, мо ба Тошканд 20 дақиқа пештар аз вақти пешбинигардида расидем. Мо ҷонибдори ба кишвари шумо ҷалб кардани бисёр сайёҳони чинӣ, ба роҳ мондани табодули саёҳатҳо дар солҳаи сайёҳӣ мебошем. Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев аз 1 январи соли 2020 барои шаҳрвандони Чин режими бидуни раводид ҷорӣ карда шуд, ки низ аҳамияти бузург дорад. Ин омили муҳими афзудани рағбати сайёҳони чинӣ ба Ӯзбекистон хоҳад шуд.
Қайд гардид, ки ширкати авиатсионӣ хатсайрҳоро бинобар самти мазкур дар ҳафтае се бор ба роҳ мемонад.
Ширкати «Zhejiang Loong Airlines Co.Ltd» соли 2011-ум таъсис дода шудааст. Дар қароргоҳи ширкати авиатсионӣ 46 адад киштиҳои ҳавоӣ мавҷуданд.
– Хатсайрҳои нави авиатсионие, ки аз ҷониби ширкати «Zhejiang Loong Airlines Co.Ltd» кушода шуданд, ба хеле афзудани миқдори сайёҳони чинӣ мусоидат хоҳанд кард, – мегӯяд муовини раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ Улуғбек Аъзамов. – Соли 2019-ум ба мамлакати мо 54 ҳазор нафар сайёҳони чинӣ омаданд. Соли равон ду баробар афзудани нишондиҳандаи мазкур пешбинӣ карда мешавад. Алҳол дар олам миқдори сайёҳони чинӣ хеле зиёд мегардад.
Маълум аст, ки Ӯзбекистон дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим ҷойгир шудааст. Сайёҳони чинӣ мехоҳанд аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива, ки дар рушди алоқаҳои тиҷоративу фарҳангӣ аз тариқи ин роҳи корвон нақши муҳим гузоштанд, боздид ба амал оваранд.

Хуршид ҚОДИРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: