Ҳуқуқи шахсони ба воя нарасида, корношоям ва пирони танҳо дар ҳимояи давлат аст. (Моддаи 45-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон).
Дар мамлакатамон ба дастгирии қишри ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд ва шахсони имконияташон маҳдуд рӯйи эътибор нигаронда мешавад. Вале на ҳамаи шаҳрвандон аз ин ғамхорию парасторӣ огоҳӣ доранд. Тартиби тиббию ҳуқуқии таъин кардани нафақаи маъюбӣ аз овони хурдсолӣ чӣ гуна аст?
Тавре ки дар ҳуҷҷатҳо қайд гардидааст: шахсоне, ки нуқсони модарзодӣ доранд, дар тӯли зиндагӣ ҷароҳат бардоштаанд, ё бар асари беморӣ то синни 16 маъюб гардидаанд, касони аз бачагӣ маъюб маҳсуб меёбанд.
Ҳоло ҳастанд нафароне, ки аз овони хурдсолӣ нафақа мегиранд. Ба сари он меоем, ки метавонад нафақаи маъюбиро бигирад?
Бобати таъин намудани нафақаи маъюбӣ ба шахсони аз овони бачагӣ маъюб низомнома «Дар бораи тартиби таъину пардохти нафақа ба шахсоне, ки аз бачагӣ маъюбанд ва то синни ҳаждаҳ ба инфексияи ВТИО гирифтор шудаанд», аз 7 апрели соли 2011, ки тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тасвиб расидааст, асоси ҳуқуқӣ ба шумор меравад.
Шаҳрвандон бояд ба кӣ ва кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд?
Нафақаи маъюбӣ аз ҷониби Бунёди ғайрибуҷавии назди Вазорати молия пардохта мешавад.
Нафақаи маъюбӣ, баъди гирифтани ариза доир ба нафақаи маъюбӣ, нусхаи шиносномаи маъюбоне, ки аз синни 16 болоянд, нусхаи шиноснома, нусхаи хулосаи тиббие, ки аз ҷониби муассисаи ҳифзи тандурустӣ доир ба гирифтории шахси аз синни 16 боло ба инфексияи ВТИО (Вируси танқисии иммунитети одам) дода шудааст, ариза, нусхаи шиносномаи падару модарон, ба фарзандӣ қабулкардагон, васиён ё ҳомиёни шахсони маъюб ва ба инфексияи ВТИО гирифторгардидаи бачаҳои маъюби аз 16-сола боло, ки лаёқати муомила кардан надоранд, агар ба синни 16 нарасида бошанд, нусхаи гувоҳнома, хулосаи тиббие, ки аз ҷониби муассисаи ҳифзи тандурустӣ, ариза, нусхаи шиносномаи падару модарон, ба фарзандӣ қабулкардагон, васӣ ё ҳомиён таъин карда мешавад.
Шуъбаи Бунёди нафақа ба ҳуҷҷатҳои аз ҷониби бачаҳои маъюб ё падару модари онҳо пешниҳодгардида нусхаи гувоҳномаи таҳлили тиббии бачаҳои маъюби аз 16-сола болои комиссияи эксперти тиббию меҳнатӣ тақдимнамударо илова менамояд. Нусхаи гувоҳномаи таҳлили тиббии мазкур барои таъин намудани нафақаи маъюбӣ асос шуда метавонад.
Муддати нафақаи маъюбиро, бино ба сабаб ва гурӯҳҳои маъюбӣ комиссияи экспертизаи тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) муайян менамояд.
Дар муайян намудани маъюбӣ:
– коҳиш ёфтани функсияҳои равонӣ (идрок, диққату эътибор, хотира, тафаккур, интеллект, эҳсосу авотиф, ирода, шуур, хулқу атвор, функсияҳои психомоторӣ);
– коҳиш ёфтани функсияҳои забону нутқи даҳонӣ (ринолалия, дизартрия, лакнат, алалия, афазия) ва навишт (дисграфия, дислексия, вербал ва ғайривербал);
– коҳиш ёфтани функсияҳои сенсорӣ (биниш, шунавоӣ, донистани бӯй, ҳискунӣ, тактил, дарднокӣ, зиёдшавии гармӣ ва дигар анвои ҳиссӣ);
– коҳиш ёфтани функсияҳои стадодинамикӣ (функсияҳои ҳаракати сар, ҷисм, дасту по, статикаи ҳаракатҳо, мутобиқсозии онҳо);
– коҳиш ёфтани функсияҳои гардиши хун, нафасгирӣ, ҳазми таом, аз организм ҷудошавии чиз, хунафзоӣ, табодули моддаю энергия, секретсияи дарунӣ ва иммунитет;
– коҳишёбии вобаста ба маъюбу маҷрӯҳии ҷисмонӣ (деформатсияи рӯй, сар, бадан ва дасту по, ки сабаби маъюбу маҷрӯҳии зоҳирианд, коҳиш ёфтани андозаҳои ҳазми таом, пешобҷудокунӣ, сӯрохии аномалии роҳи нафас) ба назари эътибор гирифта мешавад.
Давраи маъюбӣ бо назардошти сатҳи коҳишёбии организм муайян карда мешавад. Нафақаҳо тибқи муддати муайяннамудаи хулосаи тиббӣ ва комиссияи эксперти тиббию меҳнатӣ аз ҷониби Бунёди нафақа пардохта мешавад.
Бино ба фармони Президент «Дар бораи зиёд кардани миқдори музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо», аз 12 июли соли равон, шурӯъ аз 1 август миқдори моҳонаи нафақаи ба шахсони аз овони бачагӣ маъюб дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 436, 156 сӯмро ташкил дод.
Тибқи фармони Президент, дар баробари музди меҳнат ва нафақаҳои иҷтимоӣ, имкони зиёд кардани нафақаи шахсони аз бачагӣ маъюб мавҷуд аст.
Шояд суоле табиӣ пайдо шавад, ки нафақапулиро чӣ хел метавон дастрас кард?
Нафақаи шахсони аз бачагӣ маъюбро бино ба хоҳиши қабулкунанда нақд ё тавассути картаи пластикӣ метавон пардохт. Барои ин (бино ба хоҳиши нафақахӯр, падару модари ӯ ё васию ҳомӣ) дар шуъбаи бонки ба нафақахӯр наздик картаи пластикӣ кушода мешавад, ё нақд пардохт карда мешавад. То санаи 27-уми ҳар моҳ пули нафақа ба шуъбаи бонк интиқол меёбад. Барои гирифтани пули нафақа бояд ҳуҷҷати дахлдор пешниҳод карда шавад.
Нафақаи ба шахсони аз бачагӣ маъюб пардохташаванда, вақте бачаи маъюби аз 16 сола боло ё маъюби то 16-сола барои зиндагии доимӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромада меравад, ё шахси нафақагир пурра ба таъминоти давлатӣ гузаронда мешавад, ё аз озодӣ маҳрум гардидани бачаи маъюби аз 16-сола боло, маъюби то 16-сола, ё тибқи қонун «Дар бораи таъминоти нафақаи давлатии шаҳрвандон» таъин намудани навъи дигари нафақаи давлатӣ ба онҳо, боздошта мешавад.
Ногуфта намонад: шахси аз бачагӣ маъюб вақте сиҳат ёфт ва қобилияти меҳнатиашро барқарор намуд, маъюбӣ бекор карда мешавад.
Барно МЕЛИҚУЛОВА,
хабарнигори ӮзА.