ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – ҶАҲОНБИНИИ НАВ

Мулоқот бо аҳолӣ, шунидани дарду муаммоҳои мардум ва таъмини манфиатҳои онҳо барин мақсадҳои нек ба вазифаи асосии ҳар як раҳбар табдил ёфт.

Мулоқот бо аҳолӣ, шунидани дарду муаммоҳои мардум ва таъмини манфиатҳои онҳо барин мақсадҳои нек ба вазифаи асосии ҳар як раҳбар табдил ёфт.
Мо бахшида ба ин мавзӯъ бо ҳокими ноҳияи Поп Аъзамҷон СУЛТОНОВ суҳбат оростем.
– Роҳбари давлат дар яке аз суҳбатҳо гуфта буд, ки: «Халқамон барои розӣ шудан аз хизмати давлат ҳамаҷониба ҳақ дорад ва барои ин муносиб аст». Ба сифати роҳбари ноҳия дар ин самт чӣ гуна корҳоро анҷом додаед? Мардуми Поп аз шумо розӣ ҳастанд?
– Дар ҳақиқат мо донишу таҷрибаамонро тавассути мулоқот бо халқ ва зистан бо дарду ташвиши онҳо ғанӣ мегардонем. Ба сифати тасдиқи фикрҳои роҳбари давлат: «Ҷойи кори ҳар як ҳоким бояд ба «қабулхонаи халқӣ» табдил ёбад. Дар чунин ҳолат ҳар як роҳбар аз ҳолати ҳақиқии маҳалли худ пурра хабардор мешавад, кораш пурсамар мегардад» гуфта метавонам, дар давоми соли ҷорӣ аз аҳолӣ беш аз 6 ҳазор оид ба ҳалли масъалаҳои гуногун муроҷиат расид, мо то ҳадди имкон кӯшиш намудем муроҷиатҳои мардум ҳаллу фасл гардад.
Дар аввали сол доир ба шаш самти устувор барномаеро қабул намудем, ки иҷрои он барои мо ҳатмист. Ба хусус, дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ба нақша гирифтем, ки 60 субъекти соҳибкорӣ ташкил намуда, шумораи онҳоро ба 2200 расонем. Дар амал ин нишондод ба 2858 расонда шуд. Ин дар навбати худ ба зиёд гардидани ҷойи кор ва даромади буҷет мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, бо назардошти имкониятҳо оид ба ташкил намудани истифодаи пурсамари зиёда аз 60 кони канданиҳои фоиданоки сарватҳои зеризаминӣ 14 лоиҳаи азнавкоркарди канданиҳои ғайри маъдан ба амал татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, ноҳияи Поп бо қарори сарвари давлат ба рӯйихати мавзеҳои ба маҳсулоти сохтмон ихтисосонидашуда дохил карда шуд. 
Дар ноҳия оид ба соҳаи сайёҳӣ низ корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Дар  300 хонаводаи деҳаи Чодак меҳмонхонаҳо ташкил гардида, дар асоси барномаи давлатии «Ҳар як оила – соҳибкор» бо ҳамкории раёсати рушди сайёҳии вилоят, ҳокимияти ноҳия ва бонкҳои тиҷоратӣ дар маҳаллаи Гулистон 160-то, Чодакбошӣ, Шайхон, Боён 40-тоӣ ва Боғишамол 20-то меҳмонхона ташкил карда шуданд.
28 апрели соли ҷорӣ қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҷмӯии деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон дар солҳои 2021-2022» қабул шуд. Мувофиқи барнома ба нақша гирифта шуд, ки дар давоми ин солҳо дар деҳаи Чодак дар натиҷаи ҷудо намудани маблағ ба арзиши 279 млрд. сӯм ба 257 лоиҳа бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ ва аз ҳисоби ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ 1088 ҷойи нави кор ташкил карда шавад. 
Ба мақсади рушди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ барои 12 лоиҳа ба миқдори 25 млрд. сӯм ҷудо гардида, сохтмони 2 муассисаи таълими томактабӣ, пурра аз таъмир баровардани ду мактаби миёна, маскани тиббиву маркази маданӣ пешбинӣ шудааст.
Корҳои рӯзмарра ва тарзи зисти аҳолиро ба назар гирифта, самтҳои устуворро муайян намудем. Хусусан, ташкил намудани боғҳои интенсив, азнавкоркарди маҳсулоти меваву сабзавот, ислоҳоти заминҳои истифоданашаванда, рушди соҳаи хидматрасонӣ ва саноати маҳсулоти сохтмон, барпо намудани минтақаҳои хурди саноатӣ, ташкили гармхонаҳо, самаранок истифода намудан аз ашёи хоми минералӣ, сохтмони иморатҳои бисёрқабата, инкишоф додани соҳаҳои сайёҳӣ, чорводорӣ, бузпарварӣ ва ғайра барои ноҳияамон муҳим ба шумор меравад.
Бо назардошти мавҷуд будани 113,7 гектар чарогоҳ барои дар назди кӯҳ ва кӯҳпояҳо дар маҳаллаҳои Чоркесар ва Маданият «Кластери бузпарварии Чоркесар» ташкил карда шуд. Аз тарафи кластер 10 ҳазор сар гусфанд ва буз оварда шуда, дар ин ҳудудҳо чорводорӣ ба роҳ монда шуд.
Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ низ корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Заминҳои ғалла ва пахтаи ноҳия ба «Арт софт кластер» гузаронида шуда, сохтори нави кластерӣ ҷорӣ карда шуд. 
35 хоҷагии фермерӣ аз як гиребон сар бароварда, дар ҳудуди Найман бинои нави замонавии маҳалларо сохта, ба истифода супурданд.
Ба хоҷагии фермерии «Ҷӯрабой Эргашалӣ Мироншоҳ», ки Санҷарбек Эргашев роҳбарӣ мекунад, 210 гектар замине, ки бо об таъмин намудани он душвор буду аз ин сабаб чандин сол истифода намешуд, барои ғалла ва пахтакорӣ ҷудо шуд. Соҳибкори чашмикордон ба мақсади обёрӣ кардани ин заминҳо аз ҳисоби маблағи худ ба масофаи қариб 2 км. қубури об гузаронд. Аз замин пурсамар истифода бурда, дар соли аввал 5-то техника харид карда бошад, дар тӯли 3 соли гузашта 2-то техникаи пурмаҳсули шудгор ва механизмҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ харид. 
– Дар мамлакатамон бо ташаббуси роҳбари давлат сохтори нав ва ба худ хоси ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ офарида шуд. Ҷорӣ гардидани «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» тарзи зисти онҳоро тағйир дод... 
– Бале. Сохтори мазкур барои беҳтар гардондани тарзи зисти мардум ва ноил гардидан ба тағйироти назаррас афзалиятҳои хоси худро дорад. Ба 624 нафар шаҳрванд барои он ки соҳибкории оилавиро ба роҳ монанд, вомҳои имтиёзнок дода шуд. Ба 421 нафар шаҳрванд аз нав  касбу ҳунар омӯзонда шуд. Ба 230 нафар барои ташкил намудани гармхона ва хариди мошинҳои дӯзандагӣ субсид, ба зиёда аз сад нафар попиён чорво дода шуд, 71 хонавода азнав тармим гардид.
Мушкилоти 5 ҳазор нафар ҷавононе, ки ба рӯйихати «Дафтари ҷавонон» дохил шудаанд, ҳаллу фасл гардид. Барои шуғли онҳо бо боғдорӣ замин ҷудо гардида, дар асоси субсид анҷомҳои корӣ дода, оид ба соҳаҳое, ки таваҷҷӯҳ доранд, ба касбу ҳунар омӯзонда шуд. Пули шартномаи 80 нафар донишҷӯёне, ки фарзандони оилаҳои камтаъминанд, пардохта шуд. Беш аз 1500 мушкилоти 2258 нафар заноне, ки ба «Дафтари бонувон» дохил карда шудаанд, ҳаллу фасл гардида, ба боқимондаи онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар 77 маҳаллаи ноҳия дар асоси Барномаи давлатии «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» харҷи 181,3 млрд. сӯмина корҳои сохтмон ва ободонӣ анҷом дода шуданд. 

Суҳбаторо 
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: