ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ИДОМА ДОРАНД
Дар мамлакатамон дараҷаи ба муассисаҳои таълими олӣ фаро гирифтани ҷавонон сол аз сол меафзояд. Имрӯзҳо ба муассисаҳои олӣ супурдани ҳуҷҷатҳо ба марҳилаи шадид ворид шудааст.
Барои дохил шудан ба бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ барои соли хониши 2022/2023 довталабон тавассути сайтҳои my.dtm.uz ва my.gov.uz онлайн ҳуҷҷат месупоранд.
Соли ҷорӣ ҷараёни қабул ба муассисаҳои олӣ чӣ гуна сурат мегирад?
Директори Маркази давлатии тести назди Девони Вазирон Маҷид КАРИМОВ дар ин бора чунин маълумот дод:
– Маълум аст, ки аз 20 июни соли 2022 бо роҳи онлайн ба рӯйхат гирифтани абитуриентҳо ба самти бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ оғоз ёфтааст. Ба рӯйхат гирифтани абитуриентҳо тавассути сайти Маркази давлатии тест (my.dtm.uz.) ва портали хидмати давлатии интерактиви ягона (my.gov.uz.) онлайн ба амал бароварда мешавад. Бино ба ҳолати 14 июли соли ҷорӣ шумораи абитуриентҳое, ки ба МТО ҳуҷҷат супурдаанд, 575 ҳазору 834 нафарро ташкил намудааст. Барои аз рӯйхат гузаштан дар абитуриент шиносномаи биометрӣ ёки картаи ID ва ҳуҷҷати таълими миёнаи умумӣ бошад кифоя. Маълумотҳои дигар, аз ҷумла, ном, фамилия, номи падар, санаи таваллуд, сурат аз маркази персоналии давлатӣ гирифта мешавад. Шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, аз ҷониби комиссияи қабули муассисаи таълими олӣ дақиқ санҷида шуда, ба рӯйхат дароварда мешаванд.
Ба масъалаи қабули абитуриентҳо аз Қароқалпоқистон эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Дар он ҷо аз 9 июл сайтҳои my.dtm.uz. ва my.gov.uz. ба кор оғоз намудаанд. Инчунин, дар маркази хидмати давлатии ҳар як ноҳияи Қароқалпоқистон ба рӯйхат гирифтани абитуриентҳо ба роҳ монда шудааст, ки ба он мутахассисон аз Маркази давлатии тест ва муассисаҳои таълими олӣ ҷалб карда шудаанд. Инчунин, тавассути сайтҳои мазкур ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қароқалпоқӣ СМС фиристода мешавад. Боз як ҷиҳати муҳимаш дар он аст, ки дар асоси таклифҳо муддати ба рӯйхат гирифтани абитуриентҳои қароқалпоқистонӣ дароз карда шудааст. Имсол маҳдудияти шакли таълим аз байн бардошта шуд. Ба довталабон ҳуқуқ дода шуд, ки дар як вақт то панҷ самти бакалавриро бо маҷмӯи фанҳо ва тартиби якхелаи санҷишҳо, инчунин ҳамаи шаклҳои таҳсил интихоб кунанд. Масалан, самти якуми таҳсилро дар шакли таълими рӯзона, самти дуюм таълими шабона, самти сеюм таълими ғоибона ва самти чорум таълими фосилавӣ интихоб намудан мумкин аст.
Боз як навгонӣ он аст, ки соли ҷорӣ аз забони хориҷӣ имтиҳони касбӣ гузаронда мешавад.
Аз оғози соли хониши 2022/2023 дар Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон, ки ба омода кардани мутахассисони забонҳои хориҷӣ ихтисосонида шудааст, Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, дар маҷмӯи фанҳои Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд ба самтҳои таълими бакалавриат, ки забони хориҷӣ ба сифати фанни аввал ворид карда шудааст, дар имтиҳонҳои дохилшавие, ки дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯқанд, Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус, ки дар самти бакалавриат омӯзгорони забонҳои хориҷӣ омода мекунанд, аз фанҳои забони хориҷӣ имтиҳонҳои касбие роҳандозӣ карда хоҳанд шуд, ки ба муайян кардани салоҳияти дарки забони хориҷӣ, хонда ва навишта тавонистан, ҳамчунин суҳбат кардан нигаронида шудаанд.
Довталабон ҳангоми аз рӯйхати онлайн гузаштан метавонанд то 5 самти таълимиеро, ки аз забони хориҷӣ имтиҳони эҷодӣ гирифта мешавад, интихоб намоянд. Дар ин маврид якҷо бо самтҳои таълимие, ки дар онҳо аз забони хориҷӣ имтиҳони эҷодӣ гирифта мешавад, интихоби самтҳои таълимие, ки дар онҳо санҷиши тест гузаронда мешавад, рухсат дода намешавад.
Имтиҳонҳои эҷодӣ аз забони хориҷӣ дар ду зина ташкил дода шуда, зинаи якум – баҳогузорӣ ба малакаи дарк, хонда ва навишта тавонистан, зинаи дуюм – баҳогузорӣ ба малакаи ҳарф зада тавонистан бошад, тавассути барномае, ки аз ҷониби Маркази давлатии тест кор карда шудааст, дар ҷойҳои махсус ба тарзи электронӣ гузаронда мешавад. Холи максималие, ки бояд дар имтиҳони эҷодии забони хориҷӣ ҷамъ карда шавад, бино ба ҳар малака аз 30 то 120 холро ташкил медиҳад.
Холҳои ҷамъкардаи довталабон аз рӯйи имтиҳонҳои эҷодии забони хориҷӣ дар мавриди дохил шудан ба самтҳои таълими бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ нисбатан ба 93 хол ҳисоб карда мешавад.
Навигарии дигар ин аст, ки имсол ҳангоми тест ба довталабон ҷадвали формулаҳои асосӣ дода мешавад. Маълум аст, ки ба самтҳои таълими бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ дар санҷишҳои тест ба довталабон ҷадвали даврии элементҳои кимиёвии Д.И. Менделеев дода мешавад.
Шурӯъ аз соли 2020 ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба довталабон аз фанни физика “Ҷадвали катакҳои физикаи доимӣ ва аломатҳои шартӣ” низ дода шуд.
Соли ҷорӣ бошад, дар асоси омӯхтани стандартҳои давлатӣ ба довталабон додани ҷадвали формулаҳои асосӣ аз фанҳои кимиё, физика ва математика пешбинӣ шудааст.
Инчунин ба довталабон барои иҷрои супоришҳои тест лоиҳаҳо тақдим карда мешаванд. Солҳои аввал барои супурдани тест аз фанҳои кимиё, физика ва математика дар охири китоби супоришҳои тест варақи сафеди иловагӣ дода мешуд. Аз соли ҷорӣ бошад, бо мақсади офаридани қулайиҳо ба довталабон ба нақша гирифта шудааст, ки баъди супурдани тест аз фанҳои кимиё, физика ва математика барои кор кардани мисолҳо ба миқдори маълум ҷой ҷудо карда шудааст. Дар натиҷа, довталабон мисолро на дар охири китоб, балки барои дар худи ҳамон ҷо кор кардан имконият пайдо мекунанд.
Супоришҳои тести соли ҷорӣ дар 53 стадиону хиёбон баргузор мегарданд. Барои дар савияи баланд, ботартиб, ошкоро ва шаффоф гузаронидани санҷишҳои тест чораҳои зарурӣ дида шудаанд.
Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.