ДИГАР МЕҲМОН НЕСТЕМ...

  • ДИГАР МЕҲМОН НЕСТЕМ...
  • ДИГАР МЕҲМОН НЕСТЕМ...
  • ДИГАР МЕҲМОН НЕСТЕМ...

Таассурот ва ҳайратҳо аз кишвари кӯҳсор ва дарёбори Тоҷикистони ҳамсоя

ҲИММАТИ САФИР!

Ба Тоҷикистон се бор сафар кардаам. 
... Баҳори соли 1997. Он замон номи ноҳия Ғончӣ буд, ҳоло Деваштич шудааст. Чанд рӯз бо дӯстони худ панҷ-шаш деҳаи он қаламравро давр гаштем, зиёрат кардем, бо одамон ҳамсуҳбат шудем. Он вақт дар байни халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки тӯли асрҳо аҳлу тифоқ зисту зиндагӣ кардаанд, садҳои оҳанин набуданд. Бо вуҷуди он ки расман сарҳадҳо муайян шуда, дар ситодҳои убуру бозгашт сарбозон меистоданд, омаду рафт хеле осону озод буд. Моро мизбонон бо муомилаи хуш истиқбол намуда, роҳи сафед мехостанд, ки баъдтар он ба армон табдил ёфт, ки ҳама шоҳид мебошем. Ҳоло он рӯзҳо ба афсона бадал гардидаанд... 
... Моҳи октябри соли 2022-юм ин бор дар сафи як гурӯҳ қаламкашони ӯзбекистонӣ ба Душанбе роҳ пеш гирифтем. Аввало ҷойҳои зебо ва муҳташами шаҳри бостонии Хуҷандро тамошо кардем. Аз дигаргунӣ ва бунёдкориҳои бузурге, ки дар кишвари ҳамсоя тӯли даҳсолаҳои охир ба вуқӯъ пайвастанд, шод гардидем. Сипас бо як ҷаҳон ҳайрат аз нақбҳои Шаҳристону Анзоб гузашта, ба пойтахт – шаҳри Душанбе расидем. Дар бораи боздиду суҳбатҳое, ки се-чаҳор рӯз идома доштанд, дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон тақрибан ҳар рӯз гузориш, хабару мақолаҳо мунтазам интишор гардиданд. 
Барои ба роҳ мондан ва созмон додани чунин саёҳатҳои хотирмон, ки ба шарҳу эзоҳ ҳоҷат надоранд, ба собиқ раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, эҷодкори шинохта Олимҷон Ӯсаров ва раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, инсони фидокор Зинатуллоҳ Исмоилзода зиёда таҳсину офаринҳо хондем. 
Муҳим он аст, ки танҳо баъди соли 2016-ум дар байни халқҳои анису  бародар шахсан бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рафтуои тарафайн, робитаҳои ҳамкорӣ ба воқеияти таърихӣ табдил ёфтанд, ки аз ҳеч кас пӯшида нест. Туфайли ин ташаббусҳо об шудани яхҳои чандинсола, боз гардидани  дарвозаҳои оҳа-нии ғайричашмдошт басташуда, ба дидори якдигар расидани хешону қарибон, хушҳолии ҷигаргӯшаҳоро наметавон бо сухан ифода кард. 
... Моҳи октябри соли 2023. Бобати ташкили сафари эҷодии индафъаина, пеш аз ҳама адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Олимҷон Давлат ва узви Шӯрои бадеии шабакаи ғайридавлатии телевизиони «Севимли»-и Ӯз-бекистон, соҳиби ордени «Дӯстлик», журналист Шоқаҳҳор Салимов ташаббус зоҳир карданд. Ман солҳои зиёд орзу доштам кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки дар тамоми ҷаҳон боиси гуфтугузорҳои гуногун шудаанд, бо чашми худ бубинам. Дар як суҳбат ин хости худро ба дӯстони ҳамкасб, ки номҳояшон дар боло зикр гардид, изҳор доштам. Онҳо гуфтанд, ки бинобар ин масъала бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода маслиҳат хоҳанд кард. Аз байн фурсати зиёде нагузашта, ба ҷаноби сафир аз номи таҳририят мактуб фиристодем. Дар мактуб зикр гардида буд, ки солҳои охир туфайли саъю ҳаракат ва ташаббусҳои роҳбарони ҳар ду давлат робитаҳои дӯстии абадӣ ва ҳампаймонии байни халқҳои ӯзбеку тоҷик, алоқаҳои бисёрҷанбаи ҳамкории кишварҳо мустаҳкам мешаванд, ки ин мо – журналистонро низ бағоят мамнун месозад.
Аз ин рӯ мехостем барои равшан кардани ин робитаҳо ва масъалаҳои вобаста ба экологияи минтақа, аз ҷумла захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон, НБО-и Роғун, кӯли Сарез, мушкилоти ҷаҳоние, ки туфайли хушкшавии баҳри Арал ба миён омадаанд, корҳое, ки барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ мешаванд, ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои маънавиву маърифатӣ силсилаи мақолаву матолиб омода кунем. Баъд аз он ки ин пешниҳоди мо аз ҷониби вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат ва сафоратхона дастгирӣ ёфтанд, ба роҳ баромадем. 
Аҷибаш он буд, ки ҳадаҳа пас аз сарҳадро убур кардани мо – сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳуррият» Абдурасул Ҷамъақулов, муовини сармуҳаррири шабакаи телевизионии «Маҳалла» Рӯзибой Қулдошев, Шоқаҳҳор Салимов ва камина боз сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба мо занг зада, аз чӣ гуна сурат гирифтани сафар пурсон шуд ва хоҳиш намуд, ки дар шаҳри Ӯротеппаи собиқ – Истаравшани кунунӣ каме таваққуф кунем... 

«Ба Сарез, албатта меравед...»

Бо мошини мусофиркашон аз ағбаи бузургу ҳайбатовар, шояд бовар намекунед, воҳимаангез мегузаштему дар хаёлам боз кӯли Сарез ҷилвагар мешуд. Акаи Шоқаҳҳор, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, ӯро чандин бор водор кард, ки ақаллан дар гардишҳои хавфнок суръатро пасттар кунад. Вале ронандаи ҷавон, ки дар як даст телефон дошту бо дасти дигар фармони мошинро идора мекард, бо вуҷуди «хуб-хуб» гуфтан хаёли паст кардани  суръатро надошт. Ҳамин тариқ шомгоҳон ба шаҳри Душанбе расидем...
Баъд аз ҷойгир шудан ба меҳмонхонаи муҳташам бо ходими масъули Вазорати захираҳои об ва энергетикаи Тоҷикистон Парвиз Яҳёев ва роҳбари сарраёсати робитаҳои байналхалқии Ширкати холдингии саҳҳомии «Барқи Тоҷик» Бахтиёр Сиддиқов дар сари як пиёла чой шинос гардидем. Онҳо изҳор доштанд, ки аз сафари мо зиёда мамнунанд, ҳамчунин бинобар вазъияти экологие, ки солҳои охир боиси ташвиши аҳолии минтақа, аҳли ҷомеа мегардад, ислоҳоти бузурге, ки дар мамлакат бобати бартараф сохтани мушкилоти обу энергетика татбиқ мешаванд, батафсил сухан гуфтанд.
Субҳи рӯзи дигар ҷониби НБО-и Норак, ки беш аз ним аср фаъолият дорад ва бояд таъкид кард, ки аз иншооти бузурги дунё ба шумор меравад, роҳ пеш гирифтем. Ин неругоҳ 300 метр баландӣ дошта, аз ҷиҳати тобовариаш ба зилзила ва мустаҳкамии худ дар китоби рекордҳои Гиннес ҷой гузидааст, дар ин бобат роҳбари он Фазлиддин Шоҳиддинов муфассал ҳикоя кард. Ҳоли ҳозир дар ин неругоҳи истеҳсоли барқ 750 нафар халқи маҳаллӣ кор мекунанд, ки ин рақам аз иншооти бузург будани он дарак медиҳад. Ҷиҳати ҳайратовар он аст, ки оби аз сарбанд ҷорӣ бағоят шаффоф ва тоза мебошад...
Мо дар байни суҳбат боз аз хусуси кӯли Сарез сухан кушодем. Ҳамсафарамон  Рӯзибой Қулдошев низ мехост, ки фикру ақидаи мутахассисонро нисбати ин кӯли сеҳрнок  донад. Ҳангоме ки аз саёҳати нотакрори шаҳр ва НБО-и Норак бо таассуроти хуб бармегаштем, яке аз мизбонон аз ин хусус сухан кушод. «Мо огоҳӣ дорем, бо роҳбарият дар ин бора гуфтугӯ кардем. Вале алҳол ҳаво хеле сард аст. Сарез дар Бадахшони Кӯҳӣ ҷойгир мебошад, бо мошин роҳи 8-10 соатааст. Бар замми он то ба кӯл расидан бояд роҳи 10-12 километраро пиёда тай кард. Ин роҳро бо аспу хар низ тай кардан осон нест. Ҷиҳати дигари мушкилӣ он мебошад, ки кӯл аз сатҳи баҳр дар 3250 метр баландӣ ҷойгир буда, норасоии оксиген мушоҳида мешавад ва дар он на ҳар кас тоқат карда метавонад...»
Ман дафъатан ба роҳбаладамон, тарҷумони хушсалиқа Шоқаҳҳор Салимов нигоҳ кардам. Вай бошад, ба мизбонҳо дида дӯхт. Дар байн сукунат ба миён омад. Пас аз фурсате Абдурасул Ҷумъақулови дурандеш чунин эзоҳ дод: «Саросема нашавед, дӯстон, насиб бошад, соли дигар дар тобистон ба сафар мебароем ва то ба Сарез мерасем. Аз ҳама муҳимаш, сафар идома хоҳад кард». 
Шомгоҳон баъзе маълумоти дафтари кисагии худро гаштаву баргашта мехонам: «Соати 23:15 дақиқаи 18 феврали соли 1911... Аҳолии деҳаи Усойи Бадахшони Кӯҳӣ дар хоби ширин. Дар натиҷаи заминҷунбии шадид кӯҳи баҳайбат, ки пеши рӯди Мурғобро мегирифт, парӯ шуд ва деҳа таҳи кӯҳ монд. Аз аҳолии деҳа танҳо як муйсафед ва ду нафар писарбача сиҳҳат монданд. 105 нафар инсон... Аз байн вақти зиёд нагузашта, дар натиҷаи кӯчиш ба Сарез ва боз се деҳаи дигар, ки дар соҳили дарё қарор доштанд, хавфу хатар таҳдид намуд. Аҳолӣ зуд ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуд. Ҳамин тариқ, тӯли чандин даҳсола дар ҳудуди бузург бо номи Сарез кӯли даҳшатангез пайдо гардид. Алҳол дарозии он 70, бараш 3,3 километр, амиқиаш, тасаввур кунед, 500 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми кӯл бошад, аз 17 километри мукааб иборат аст!..» 

Роғун афсона нест!

Бинобар манбаъҳо дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор дарё, чашма ва рӯдхона мавҷуданд.
Дарозии онҳо ба садҳо километр мерасад. Кишваре, ки аз ҷиҳати ҳудуд дар мақоми 85-ум ҷойгир аст, бинобар захираҳои энергияи электр дар ҷойи 8-ум қарор дорад, ки бешубҳа, хурсандиовар мебошад. Ба ин маънӣ дар НБО-и Роғун, ки ҳоли ҳозир танҳо ду дастгоҳи он бо иқтидори пурра кор мекунад, дидаҳоямон аз шунидаҳоямон хеле тафриқа доштанд. 
Медонистем, ки лоиҳаи як қисми аз тангнои кӯҳ ҷории дарёи ҳайбатовари Вахшро бастан ва дар ин ҷо бунёд намудани неругоҳе, ки метавонад бештар энергияи электр ҳосил кунад, ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди собиқ тарҳрезӣ шуда буд. Вале сохтмони  ин НБО-и бузург ба сабабҳои гуногун тӯли солҳои дароз мавқуф гузошта мешуд. Маълум буд, ки ин сарбанди муҳташам 335 метр баландӣ хоҳад дошт. Танҳо соли 2018-ум Роғун ба майдони сохтмони азим мубаддал гардид ва худи ҳамон сол дастгоҳи нахустин, соли 2019-ум бошад, дастгоҳи дуюм бо иқтидори пурра ба истеҳсоли нирӯйи барқ оғоз намуданд. 15-20 сол муқаддам бунёди НБО-и Роғун гӯё хатарнок буд ва агар ин сарбанд хароб гардад, сели даҳшатовари об барои аҳолии минтақаи ҳавзаи дарёи Ому хавфи азим эҷод мекард. Бинобар ин сохтмони сарбанди мазкур дар анҷуманҳои бонуфуз боиси муҳокимаҳои ҷиддӣ  мегардид, ки айни ҳақиқат аст. Вале бо мурури солҳо мувофиқи қарори тарафайни роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо иштироки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла коршиносони озоди доираҳои байналхалқӣ равшан гардид, ки лоиҳаи азими НБО-и Роғун барои минтақа хеле фоидабахш ва истиқболнок ҳам ҳаст. 
Роҳбари раёсати мониторинги муҳандисии ҷамъияти саҳҳомии НБО-и Роғун Нурулло Абдуллоев, ки як умр нони ҳалоли ин соҳаи пурмашаққатро мехурад, тавзеҳ дод, ки агар ҳамаи 6 дастгоҳи бузург пурра ба кор дарояд, ҳар кадоми онҳо дорои иқтидори истеҳсоли 600 мегаватт буда, метавонанд ҷамъулҷамъ 3600 мегаватт энергияи электр истеҳсол кунанд. Ин рақамҳо, албатта ба гуфтан осонанд. Бояд гуфт, ки алҳол дар «Роғун», ки ба майдони бузургтарини истеҳсоли неруи барқи ҷаҳон табдил ёфтааст, тақрибан 20 ҳазор коргар ва ходимон фидокорона кор мекунанд. Ҷиҳати сазовори эътибор он мебошад, ки дар ин ҷо мутахассисон аз Италия, Австрия, Олмон, ИМА, Чин, Русия ва бисёр давлатҳои пешқадами хориҷӣ низ машғули коранд. 
Ҳисори кӯҳҳо, воқеан ба ҷабҳаи ҷасорат табдил ёфтааст. Гӯем бовар намекунед, нақбҳое, ки дохили ин сарбанд бунёд гардидаанд, роҳ буда, дар зарурат барои ҷорӣ кардани оби иловагӣ вазифаи рӯдро низ иҷро мекунанд. Роҳҳои зеризаминии то имрӯз бунёдшуда, анқариб 80 километрро ташкил медиҳанд, гуфт яке аз кормандони неругоҳ. Фикр кардем, ки муболиға мекунад. Вале чун яке аз мутахассисон низ ин рақамро тасдиқ намуд, қоил шудем...

Ба ҷойи хотима

Рӯзи дигари баъди ба Душанбе расидан дар шабакаи иҷтимоӣ таҳти сарлавҳаи «Ман журналист ҳастам, ба Тоҷикистон меҳмон нестам», хабарчаи хурде эълон карда будам. Баъзеҳо аз ин тааҷҷуб карданд. Тавзеҳ медиҳам. Худатон андеша кунед, ба кишваре, ки ҳамсояи ҷонист, бо мо  бозораш, урфу одаташ якест, омадану тамошо кардан гапи дигар асту дидани корҳои ибратбахш ва баъзан ҳавасангез дигар. Ба ин маънӣ вазифадорам дар бораи баъзе корҳои хайре, ки дар ин давлати ҳамсояи аҳолияш даҳмиллионнафара амалӣ мегарданд, каме таваққуф намоям. 
Пеш аз ҳама, хурсандиовар аст, ки эълон ва навиштаҳои кӯчаву хиёбонҳо асосан ба забони давлатӣ мебошанд. Сониян, дар даргоҳҳои таълим барои писарону духтарон сарулибосҳои ягонаи мактабӣ ҷорист, дар онҳо тартиби бидуни телефон ворид шудан ба роҳ монда шудааст. Ин ба мо хеле писанд омад. Савум, барои гузарондани маросимҳои гуногун қонуни махсус қабул шуда, миқдори  иштирокдорони онҳо низ қатъиян муайян гардидааст, ки аз 150 нафар беш нест. Чаҳорум, ба дарсҳо бидуни мошин омадани донишҷӯёни мактабҳои олӣ қатъиян назорат карда мешавад... Чунин таҷрибаҳои намунавиро, аз давлатҳои хориҷи дур не, баръакс, балки аз ҳамсояҳои наздик омӯзем, бадие надорад, чӣ гуфтед?! 
Хулоса, бо дӯстони  худ хайрухуш накардем. То боздид гуфтем. 

Норқобил ҶАЛИЛОВ, 
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, хабарнигори махсуси «XXI asr».

ТОШКАНД – ДУШАНБЕ – ТОШКАНД.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: