«ХОҶАИ ПОК»-РО ПОК НИГАҲ ДОРЕМ!

Сафари эҷодии мо ба деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияҳои Олтинсой ва Бойсуни вилояти Сурхондарё аз зиёратгоҳи маъруфи Хоҷаи Пок, ки 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Олтинсой аст, оғоз гирифт ва билохира пас аз сайри ҳаштрӯзаи кӯҳистони ин атроф дар ҳамин мавзеъ анҷом пазируфт.

Роҳбалади мо як тан аз шоирони порсигӯйи маҳаллӣ Муҳаммадрӯзӣ Ғанизода буд, ки нахуст бо машварати ин шахси фарҳехта зиёратгоҳи Хоҷаи Покро дидем ва пас аз дуову фотиҳа ба арвоҳи он азизи Худованд роҳи худро ба деҳаҳои кӯҳистон идома додем.
Зиёратгоҳи Хоҷаи Пок дар ин рӯзҳои гарми тобистон серодам буд. Мардуми зиёде аз обу ҳавои ҷонбахши ин маскани пок баҳраманд гашта, ба рӯҳу тани кӯфтаи худ таскин мебахшиданд. Рӯдхонаи шӯхобе, ки аз фарози куллаҳои кӯҳи Бобоҳу ва Хоҷа Гургурато гоҳе бо суръат ва гоҳе бо тамкин ба ҳамвориҳо ҷорӣ мегардад, зиёратгоҳи Хоҷаи Покро убур мекунад. Аз холигоҳи бағали сангистони яклухт ду санг оби омехта бо маъданҳо берун меояд, ки назар ба ташхисҳо ба гуна-гуна маризиҳои пӯст даво будааст. Дар пояи деворакӯҳи баланд барои мардуми ихлосманд ҳавзҳои махсус сохтаанд. 
Зиёратгоҳ ва осоишгоҳи Хоҷаи Пок тибқи дастури махсуси идораҳои мутасаддӣ обод мегардад ва барои зиёраткунандагон шароити буду бош, омаду рафт муҳайё карда мешавад. Як қисмати роҳи мошингарде, ки шоҳроҳи Олтинсой – Деҳнавро ба Хоҷаи Пок пайвастааст, тармим гашта, дар қисмати дигари он корҳои ободонӣ ва азнавсозӣ идома доранд. Корҳои соҳилбандӣ низ бо ҷадал иҷро мешаванд, ки мурод аз он таъмини амнияти роҳи мошингард мебошад. Дар зиёратгоҳи Хоҷаи Пок барои хоби мардум низ шароит муҳайёст.
Роҳбари зиёратгоҳ Насруллоҳ Каримов гуфт, ки назар ба солҳои қаблӣ сафи зиёраткунандагон хеле афзудааст ва ба ин қарору фармонҳои роҳбари давлат дар робита ба ривоҷи соҳаи сайёҳӣ, хоса туризми зиёратӣ мусоидат кардаанд. Вай таъкид кард, ки агар солҳои пеш бештар мардуми шаҳру навоҳии вилояти Сурхондарё ба зиёрат ва истироҳат оянд, ҳоло аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сайёҳон меоянд ва аз оби шифобахши зиёратгоҳ баҳраманд мегарданд. 
Аммо ба мушоҳида мерасад, ки ҳанӯз дар Хоҷаи Пок барои зиёраткунандагон шароит ба таври бояду шояд муҳайё нагардидааст. Ҳатто барои нигоҳ доштани мошинҳо ҷойи махсус вуҷуд надорад. Ду-се нафар постгоҳе ташкил додаву аз ронандагони мошинҳо маблағи муайяне меситонанд. Ин манзараи хеле риққатовар аст. Ин маблағситонӣ ба он мақоли мардумӣ «аз паси шолӣ курмак об мехӯрад», шабоҳат дорад. 
Боз як ҷиҳати манфӣ ба чашми мо расид, ки роҳбарияти зиёратгоҳи Хоҷаи Пок бояд ба ин масъала бештар диққат диҳанд. Дар ин рӯзҳои ниҳоят гарми тобистон мардуми зиёде ба зиёратгоҳ омадаанд ва онҳо ба оби ҷонбахши рӯдхона гӯё чун мӯрча ба шириние часпидаанд. Ду соҳили дарёчаи шӯхоб, ки зиёратгоҳро миёнбур мекунад, аз марду зан ва кӯдакон пур аст, ки оббозӣ мекунанд ва таъсири гармии офтоби тамузро дар тани худ коҳиш медиҳанд. Як қисми дарёча (ба ҷониби деҳаи Фангат) барои занону кӯдакон ҷудо шудааст ва онҳо дар дарозии тақрибан сад-дусад метр машғули оббозӣ ҳастанд. Мардону занонро аз чашми ҳамдигар як печи дарёча аз ҳам ҷудо ва панаҳ мекунад. Як сими тормонанд ду соҳили рӯдхонаро ба ҳам васл месозад, ки шояд замоне дар он парда кашида будаанд, аммо вақте мо аз он ҷо гузар кардем, парда барафтода буд. Аз шарм сурх шудаву намедонистем, ки нигоҳро ба куҷо гурезонем. Салоҳи кор ин аст, ки ҷойҳои оббозии мардону занон аз ҳам ҷудо бошанд, то ба фарҳанг ва дину оини аҷдодии мо халал ворид нагардад. Аслан, агар нек биандешем, зиёратгоҳ ҷойи оббозӣ нест. Ин ҷо як мавзеи покест ва бояд ба номаш мувофиқ бошад. Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки соҳили рӯдхонаро мардум ба наҷосат олудаанд ва чун гузар мекунед, аз тааффуни бадаш дил беҳузур мегардад. Бо таассуф гиреҳбон медоред, ки наход инсон ба ин гуна пастӣ меравад ва як гӯшаи нозанини табиату макони покро, ки ба мавзеи зиёрати мардуми ихлосманд мубаддал гаштааст, бо як бешарафие ба гандагӣ олуда созад! Қад-қади дарёча аз партавҳо пур шудаанд. Касеро ба гӯшаи хаёл намеояд, ки тозагӣ гаравӣ саломатӣ аст!
Аз он дар ҳайрат мемонӣ, ки чаро роҳбарияти зиёратгоҳ барои мардум шароит муҳайё намесозад. Охир, дар ду-се ҷой ташкил кардани ҳоҷатхонаҳои муваққатӣ наход мушкил бошад? Ҳамчунин гузоштани қуттиҳои партов.
Боз як масъалае, ки бояд ҳамеша дар мадди назари роҳбарият бошад, ин вобаста ба амнияти зиёраткунандагон аст. Яъне нафароне, ки бо зану бачагони худ машғули тафреҳ ва оббозӣ ҳастанд, аз хавфу хатар эмин нестанд. Дарёчаи Хоҷаи Пок аз кӯҳистони баланди ин атроф оғоз мегирад ва баъзан дар дуриҳо борони сел бориданаш аз эҳтимол дур нест. Дар чунин ҳолат хатари ногоҳ сарозер шудани сел вуҷуд дорад. Худо накарда борони шадиде борад ва ногоҳ сел ояд, мардуме, ки дар тангнои дарёча машғули оббозӣ ҳастанд, ҷойи гурез надоранд... Ин ҷиҳати масъала низ набояд аз эътибори роҳбарияти зиёратгоҳ ва осоишгоҳи Хоҷаи Пок дур монад.

Шариф ХАЛИЛ,
Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигорони 
«Овози тоҷик».           

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: