ҲАФТ ПИР. ОНҲО КИСТАНД?

Сарчашма

(Мақолаи якум)

Аксарият хуб медонанд, ки дар вилояти Бухоро зиёратгоҳи муқаддаси ҳафт пир мавҷуд аст. Шояд чанде он мавзеъҳоро зиёрат низ кардаанд. Вале бояд ошкоро бигӯем, на ҳама медонанд, ки он бузургон чӣ арзише ва бо ҳам чӣ иртиботе доранд.

Таърихи дур

Барои дақиқтар донистани ин, ҳамаи мо бояд ба гузаштаи дур сафари фикрӣ анҷом диҳем.
Офаридгор барои ба одамизода расондани дини ҳақ Муҳаммад (с.а.в.)-ро ба сифати паёмбари охирзамон баргузид ва ба эшон тӯли 23 сол (солҳои 610-632 милодӣ) тавассути ваҳй оятҳои Қуръонро нозил кард. Пайғамбар (с.а.в.) онҳоро ба саҳобагон ба тарзи шифоҳӣ бозгӯ карданд. Дини ислом бад-ин тариқ доман густурд. Як қисми саҳобагон аҳли суффа буданд.

Аҳли суффа кӣ буд?

Медонем, ки тасаввуф ҳанӯз дар даврҳои пайғамбар (с.а.в.) аз аҳли суффа оғоз ёфтааст. Суоле ба миён меояд, ки аҳли суффа чӣ тоифаест ва онҳо чанд нафар буданд? Чӣ ном доштанд? Тасаввуф чаро маҳз аз инҳо оғоз меёбад? Ҳар қадар ба дунболи дарки ҳақиқат равем, суол ба он адоза меафзояд. Метавон ба торики масъала тибқи манбаъҳои гуногуне, ки ба таърихи ислом иртибот доранд, пасу пеш рӯшанӣ андохт.
Бино ба маълумоти «Қобуснома»-и машҳури Кайковус (1021-1088), аҳли суффа 12 нафар будаанд. 
Дар асари олими турк Закои Кӯнрапа – «Ҳазрати паёмбар ва дини ислом» оиди тасаввуф ба маълумоти дақиқтаре рӯ ба рӯ меоем.
Вақте Муҳаммад (с.а.в.) ба Мадина ворид мешаванд, дар он ҷое, ки шутурашон қарор мегирад, масҷид бунёд мекунанд. Он дар муқобили ҳавлии Зайд ибни Холид (Абуайюби Ансорӣ) воқеъ буд. Навиштаҳои зерини муаллиф аҳли тасаввуфро то ҷое дар оинаи пиндорҳо менамояд: «Дар як кунҷи ҳавлии масҷид бо номи «Софа суффа» ҷое омода карданд. «Софа суффа» ҷойи чоргӯшае буд, ки дарахтони хурмо рӯяш соя меафканд. Дар он ҷо асҳоби фақири бехонаву ҷо хуфту хез мекард. Аз ин рӯ, онҳоро «Асҳоби суффа» меномиданд. Асҳоби суффа басе муфлис буданд. Бино ба ривояти Абуҳурайра миқдори онҳо беш аз ҳафтод нафарро ташкил медод. Онҳо ҳатто ридои (либосе, ки қисми аз миён болоро мепӯшад) худро надоштанд. Барои шом хӯрдан барояшон қути лоямуте набуд. Расули акрамро ҳар шом қисмате аз онҳоро ба хонааш мебурд, қисмати боқимонда аз хонаи дороён чизе мехӯрданд. Аз ансорон (онҳоеро, ки ба мусалмонон кумак мекарданд, ансор меномиданд) Убода ибни Саъд доротар буд. Гоҳо барои ғизохӯрӣ дар атрофи дасторхон ҳаштод нафар менишастанд...
Расули акрам ба садақа ниёз надоштанд. Садақаҳоро ба асҳоби софа тақсим мекарданд, ҳадяҳоро низ ба онҳо медоданд... Чанде аз асҳоб деҳқону туҷҷор буданд. Онҳо бо Расули акрам танҳо ба ҳангоми намоз метавонистанд дидор бинанд. Аҳли софа доимо дар масҷид дар паҳлӯи Расули акрам буданд. Абуҳурайра низ яке аз онҳо буд. Ин ҷо мактаби  ба худ хос низ ба шумор мерафт. Бад-ин тариқ, нахустин муаллими мактаб дар ислом ба вуҷуд омад. Дарсхонаи мактаби мазкур Масҷиди набӣ, хобгоҳаш софа, муаллимаш Расули акрам, толибонаш асҳоби софа буданд. Онҳо ҳаёти худро ба дин ва илм бахшида буданд. Ҳар шом бо ибодат машғул буданд ва нозукиҳои мусалмониро меомӯхтанд. Расули акрам муаллим ва воизонро аз байни аҳли софа интихоб намуда ба мавзеъҳо мефиристоданд...
Расули акрам ваъз мехонд, бо саҳобагон тамос мегирифт, ба ҳалли мушкили динӣ ва иҷтимоии онҳо мепардохт. Қабл аз ислом сатҳи ҳаёти маданӣ ва илмии арабҳо паст буд. Онҳо ҳама чизро аз ислом интизор буданд, мавъизаҳои Расули акрамро мавриди омӯзиш қарор медоданд. Биноан, Масҷиди набӣ на танҳо ибодатгоҳ, балки ҷойи ҷамъомади мусалмонон, машваратгоҳ, дарсхонае дар мақоми маҳкамаи адлия, маркази фарҳангӣ низ буд». 
Ин маълумот ба бисёр масъалаҳое, ки ба таърихи тасаввуфи ибтидоӣ иртибот дорад, равшанӣ меандозад.
Якум, сӯфигарӣ (тасаввуф) аз аҳли суффа оғоз ёфтааст. Дуюм, аҳли суффа назар ба дигар саҳобагон бо пайғомбар (с.а.в.) бештар дар мулоқот будаанд, шабу рӯз бо дин сарукор доштаанд, нозукиҳои исломро омӯхтаанд.
Сеюм, дар тасаввуф тарғиби фақру фақирӣ аз ин ҷо оғоз ёфтааст. Зеро дар илми дин, бе сарфиназаркунӣ аз неъматҳои дунё, наметавон ба дараҷаи баланд расид.
Чорум, ҷудошавии хонақоҳ аз масҷид низ аз ин ҷост. Аҳли суффа берун аз масҷид ба сар бурдаанд. Хонақоҳ ҳам ҷойи ибодат, ҳам  ҷойи зист буд. Бо ин ҷиҳат аз масҷид фарқ дорад. Масҷид танҳо ибодатхона аст.

Фарқи силсила аз шаҷара

Бисёриҳо силсиларо бо шаҷара меомезанд. Зеро ба якдигар монандӣ доранд: ҳам дар силсила, ҳам дар шаҷара номҳои мубораки одамон пасупеш меояд, яъне тибқи ин пайдарҳамӣ рӯйихат ташаккул меёбад.
«Шаҷара» вожаи арабӣ буда, маънои «шохҳои дарахт»-ро дорад. Шох, албатта, бевосита аз як дарахт мерӯяд. Аз ин рӯ, шаҷара рӯйихати одамҳоест, ки аз як шахс рӯйидаанд. Мисолан, сайидон авлоди Муҳаммад пайғомбаранд. Медонем, ки авлод танҳо аз духтари пайғомбари мо – Фотима паҳн шудааст. Фотима ҳамсари ҳазрати Алӣ буд. Ҳазрати Алию Фотима писароне доштанд бо номи Ҳасану Ҳусейн. Сайидон фарзандонеянд, ки аз Ҳасан ё Ҳусейн зиёд шудаанд.
Шаҷараи Амир Темур низ вуҷуд дорад. Ин шаҷара рӯзгоре дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Ҳиндустон ҳукумат дошт.
«Силсила» вожаи арабист. Ба форсии тоҷикӣ онро занҷир гӯянд. Занҷир ҳалқаҳои ба ҳам пайваст аст. Биноан, дар силсилаи тасаввуф танҳо пирию муридӣ ба назари эътибор гирифта мешавад. Сарҳалқаи ҳар силсила, албатта, Муҳаммад пайғамбар (с.а.в.) аст. Ҳалқаи дуюм нафарест, ки аз ӯ тарбияи рӯҳӣ гирифтааст. Вай, дар навбати худ, дигареро тарбия мекунад. Силсила бад-ин тарз идома пайдо мекунад. Агар падар ба сифати пир ягон фарзандашро дар роҳи тасаввуф ба дунболи худ бурда, ба муридӣ қабул карда бошад, танҳо ҳамон фарзанд ба силсила дохил мешавад. Бояд гуфт, ки ба силсила на ҳар гуна мурид, балки муриде дохил мешуд, ки ҳуқуқи ба тариқат раҳнамоӣ карданро ба даст даровардааст.

Султонмурод ОЛИМ,
Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: