Инсон, ҳаёт, озодӣ, шаъну шараф, қадру қимат ва дигар ҳуқуқҳои дахлнопазири ӯ арзиши олӣ ба ҳисоб меравад.
Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки солҳои охир дар кишварамон татбиқ мегарданд, дар баробари тамоми соҳаҳо соҳаи ҳуқуқи инсонро низ фаро гирифт.
Чунки мақсади асосии ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишварамон ба амал бароварда мешаванд, аз фароҳам овардани шароити зиндагии фаровон ва мусоид ба ҳамватанонамон иборат аст. Конститутсияи мо, ки гарави ҳуқуқҳои инсон мебошад, барои ин таҳкурсии мустаҳкам ба ҳисоб меравад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар моддаи 1-уми Конститутсия дар таҳрири нав Ӯзбекистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян шуда, меъёрҳо оид ба ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат се баробар афзудааст.
Масалан, ҳуқуқи ҳар кас барои соҳиби манзил шудан муайян шудааст. Татбиқи ин меъёр кафолат медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла, оилаҳои ҷавон соҳиби сарпаноҳи худ гардад, сатҳи қаноатмандии мардум аз зиндагӣ боло равад.
Агар ба ин рақамҳо эътибор диҳем, дар солҳои охир барои аҳолии мамлакати мо 326 ҳазор манзилҳои нави истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра дараҷаи таъминоти манзил ба ҳар сар аҳолӣ 18 фоиз афзуд. Дар тӯли се соли охир бошад, ба 211 ҳазор оила 33 триллион сӯмина қарзи ипотекӣ ҷудо карда, барои 73 ҳазор оила барои бадали ибтидоӣ ва пардохтҳои фоиз 1,3 триллион сӯм субсид дода шуд.
Хурсандиовар аст, ки соли гузашта дар мамлакати мо барои 50 ҳазор оила бобати соҳиби манзилҳои нав шудан шароит фароҳам оварда шуда бошад, имсол мақсад карда шудааст, ки 90 ҳазор оила бо манзил таъмин карда шавад. Дар ду-се соли наздик ният доранд, ки ин рақам ба 200 ҳазор расонда шавад.
Дар Конститутсияи навтаъсиси мо он чиз аҳамияти муҳим дорад, ки ҳеч кас бидуни қарори суд ва хилофи қонун аз хонаву ҷой маҳрум карда намешавад, ба мулкдори аз хонаву ҷой маҳрумкардашуда таъмини арзиши хонаву ҷой, инчунин зарар дар ҳолат ва талабҳои дар қонун пешбинишуда пешакӣ, ба қимати баробар кафолат дода мешавад.
Зеро, ин меъёр дар робита ба масъалаи дардноки «снос» («тахриб»), ки ба яке аз мушкилоти тезутунди ҷомеаи мо табдил ёфтааст, қарори оқилонаи халқпарвар ва ҳифзи манфиати мардум ва соҳибони молу мулк хоҳад шуд. Аз ҳама муҳимаш, таҳкими ҳуқуқи шаҳрвандони мо ба манзил дар сатҳи Конститутсия кафолатҳои дахлнопазирии манзилро мустаҳкам мекунад. Ин низ боиси мустаҳкам шудани боварии халқи мо ба давлат мегардад.
Мувофиқи маълумот дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон беш аз 1,8 миллиард нафар дар манзилҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои зиндагии муқаррарӣ шароити кофӣ надоранд. Зиёда аз 150 миллион нафар аҳолӣ манзили доимӣ надоранд.
Итминони комил дорам, ки меъёрҳои конститутсионии дар боло зикршуда барои аз ҷониби давлат ҳавасманд гардондани сохтмони манзил ва бо манзил таъмин намудани табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи ҳуқуқи одилона барои манзил заминаи ҳуқуқӣ фароҳам хоҳад овард.
Носирҷон АМИНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви кумитаи масъалаҳои саноат, сохтмон ва савдо.