Рӯзҳои охир вилояти Намангон ба конфронс, фестивал, анҷуман, форум ва мусобиқаҳои бонуфуз мизбонӣ мекунад.
Аз 8 то 14-уми июни соли ҷорӣ Намангон ба мусобиқаҳои бонуфузи саракунии Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «С» аз рӯйи футбол мизбонӣ кард.
Барои чунин мусобиқаи бонуфуз бесабаб Намангонро интихоб накардаанд, чунки ин шаҳр аз рӯйи шумораи ҳаводорони футбол натанҳо дар ҷумҳуриамон, балки дар Осиёи Миёна низ пешқадамтарин ба шумор меравад. Аз ин баҳсҳои суперлига, ки дар варзишгоҳи марказии «Навбаҳор»-и Намангон баргузор мегардад ва тими дӯстдоштаашон «Навбаҳор»-ро дастгирӣ намудани ҳазорон дӯстдорони футбол далолат медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ : «Мо аз ҳеч гуна ҷамоа намеҳаросем, ба онҳо бо эҳтиром муносибат мекунем ва ба майдон фақат барои ғалаба мебароем» – гуфт сармураббии тими яккачини Ӯзбекистон Сречко Катанес.
Гуфтаҳои сармураббӣ дар майдону баҳсҳо исботи худро ёфт. Ҳамдиёронамон аз дақиқаҳои аввали мусобиқа маҳорати беҳамто нишон дода, бар Шрӣ-Ланка ва ҷазираи Малдив бо як хел ҳисоб 3:0 пирӯз шуданд.
Дар мусобиқаи ҳалкунандаи навбатӣ бо тими яккачини Таиланд, ки дар гурӯҳ яке аз зӯртарин ҷамоа буд, ба майдон баромаданд.
Футболбозони мамлакатамон аз дақиқаҳои нахустини мусобиқа дар майдон маҳорати беҳамто нишон дода, борҳо ба сӯйи дарвозаи рақибон ҳуҷум ташкил карданд. Ҷалолиддин Машарипов ба дарвозаи Таиланд дар дақиқаи 8-ум тӯби нахустинро зад. Ҳамдиёронамон аз ин рӯҳбаланд гаштанд. Азизбек Турғунбоев дар дақиқаи 22-юмин ба дарвозаи рақиб тӯби дуюмро зада, ғалабаро мустаҳкам кард.
Тими яккачини Ӯзбекистон дар гурӯҳ ҷойи якумро ба даст оварда, ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифт.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.