Мусобиқа миёни духтарон дар категорияҳои U-17 и U-19 баргузор шуд.
Боиси хушнудист, ки намояндагони мо дар ду категорияи синну сол ғолиб баромаданд.
Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ сурат гирифт. Дар бозии охир наврасони мо бар гандболбозони Бангладеш бо ҳисоби 38:15 ва командам ҷавонон бар Гонконг бо ҳисоби 46:27 ғалаба карданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба шарофати ин натиҷа ба намояндагони Ӯзбекистон муяссар шуд, ки ба марҳилаи қитъавии мусобиқаи Women's IHF Trophy роҳ ёбад. Ғолибони ин марҳила имкон доранд, ки дар категорияҳои синну солашон ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гиранд.