Дар бораи лоиҳаҳои сохтмон маълумот дода шуд

  • Дар бораи лоиҳаҳои сохтмон маълумот дода шуд
  • Дар бораи лоиҳаҳои сохтмон маълумот дода шуд
  • Дар бораи лоиҳаҳои сохтмон маълумот дода шуд

Ба Сарвари давлат аз рафти корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Тошканд маълумот дода шуд.

Дар солхои охир дар пойтахти мо сохтмони азим cap шуд. Бисёр хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои савдо, корхонаю муассисаҳои истироҳат қомат рост карданд. Бо назардошти равандҳои минбаъдаи урбанизатсия ҳоло берун аз шаҳр лоиҳаҳои сохтмони калон ба амал бароварда мешаванд.

Дар байни лоиҳаҳои муҳимтарин деҳаи олимпӣ ва Тошканди нав мебошанд.

9 ноябри соли гузашта Президент Шавкат Мирзиёев санги пойдевори Деҳаи олимпиро гузошт. Ин иншоот 100 гектарро ишғол намуда, як варзишгоҳи варзиши сабук ва майдони футбол барои 10 ҳазор ҷойи нишаст, 6 иншооти варзишии дарунӣ ва берунӣ, қасри варзиши обӣ, велотрек, маҷмааҳои ҳунарҳои ҳарбӣ ва варзиши дастаиро фаро мегирад. Соли 2025 дар ин ҷо Бозиҳои Осиё ва Параосиёи ҷавонон баргузор мешаванд.

Лоиҳа дар якҷоягӣ бо ширкати чинии “CAMC Engineering”, ки дар бунёди иншооти варзишӣ дар 70 кишвари ҷаҳон таҷриба дорад, амалӣ мешавад. Дар кори сохтмон бештар аз ҳазор нафар коргарон ва коркунони муҳандисӣ-техникӣ, технологияи пешқадам иштирок доранд. То имрӯз кори таҳкурсии 7 бинои асосӣ ба охир расид. Давраи минбаъдаи сохтмон фаъолона давом дорад.

Дар наздикии шаҳрча сохтмони шаҳри дигар — Тошканди Нав пешбинӣ шудааст. Аввалин санги онро сарвари давлат 18 марти соли равон гузошта буд. Дар марҳилаи аввали лоиҳа сохтмони биноҳои бисёрошёна барои 60 ҳазор нафар, биноҳои маъмурии идораҳои давлатӣ, боғҳо, иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.

Дар маросими тақдимот дар бораи корҳои омодагӣ маълумот дода шуд. Ҳоло дирексияи лоиҳакашӣ ва мутобиқсозии сохтмони шаҳр ташкил карда шудааст. Ҳудуди шаҳр муайян шуда, инвентаризатсияи онҳо якҷоя бо Агентии кадастр гузаронида шудааст. Бо ширкатҳои Сингапур, Британияи Кабир, Нидерландия, Туркия ва соҳибкорони маҳаллӣ оид ба марҳилаҳои гуногуни инфрасохтор ва тарҳрезии меъморӣ шартномаҳо баста шудаанд.

Аз ҷумла, дар лоиҳаи таҳиякардаи ширкати сингапурии «Meinhardt group» ба ҷойгиршавии иншооти иҷтимоӣ, коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва пайвастани онҳо бо пойтахт таваҷҷуҳи хоса дода шудааст.

Дар муаррифӣ ҳамчунин доир ба тарҳи дохилии меъмории Маркази тамаддуни исломӣ маълумот дода шуд. Дар осорхонаи марказ мероси илмии аҷдодони мутафаккир, фазои давраҳои таърихие, ки онҳо дар он зиндагӣ кардаанд, инъикос хоҳад ёфт.

Сарвари давлат оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳо супоришҳои иловагӣ дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: