Савора аз Ӯзбекистон барандаи мусобиқа дар Барселона гардид

Дар Барселона мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷаҳиш баргузор гардид, ки дар он қавитарин аспсаворони ҷаҳон барои унвони беҳтаринҳо мубориза бурданд.

Дар мусобиқаҳои бонуфуз ҳамватани мо низ ширкат карда, натиҷаи аъло нишон дод.

Баландии монеаҳо дар мусобиқа 145 сантиметрро ташкил дод. Абдураҳмон Абдуллоев, ки шарафи Ватани моро ҳимоя карда буд, бо аспи лақабаш «GO FOUR IT B», ба зинаи баландтарини шоҳсуфа баромад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии КМО, ҷойҳои дувум ва сеюмро намояндагони Португалия ва Латвия гирифтанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: