Дар варзишгоҳи «Ёш куч»-и шаҳри Намангон бо иштироки дастпарварони мактабҳои футболи лигаи профессионалии соли таваллудашон 2005 чемпионати Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар варзишгоҳи «Ёш куч»-и шаҳри Намангон бо иштироки дастпарварони мактабҳои футболи лигаи профессионалии соли таваллудашон 2005 чемпионати Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар баҳсҳо аз шаҳри Тошканд, Қароқалпоқистон ва вилоятҳои мамлакатамон дастпарварони академияҳои футболи суперлигаи мамлакат қувваозмоӣ карданд.
– Мақсади асосии ташкил кардани чемпионати Ӯзбекистон дар байни мактабҳои футболи лигаи профессионалӣ муайян намудани футболбозони соҳибистеъдод ва аз онҳо дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистонро ташкил карда, ба мусобиқаҳои байналхалқӣ омода кардан аст. Чунин мусобиқа дар кишварамон бори аввал ташкил мегардад. Аз футболбозони наврас умедамон калон аст, – гуфт сардори садорати Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Ҷаҳонгир Ҳасанов.
Дар баҳсҳое, ки як ҳафта давом кард, футболбозони навраси вилоятҳои Намангон ва Андиҷон дар гурӯҳҳои худ ғолиб баромада, ба финал роҳхат гирифтанд. Бозӣ ба ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Барои муайян кардани ғолиб зарбаҳои ҷаримавии 11 метра таъин шуд. Дар пеналтӣ футболбозони навраси вилояти Андиҷон ҷойи якумро ба даст оварданд ва ба унвони чемпиони Ӯзбекистон сазовор гаштанд.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.
Суратгир: Ҳ. МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).