Маълум аст, ки нақши тарбияи ҷисмонӣ ва спорт бобати ташаккул додани тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ, пеш аз ҳама, обутобёбии ҷавонон, инчунин афзун гардондани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи байналхалқӣ беандоза аст.
Солҳои охир аз байни ҷавонони ноҳияи Бухоро низ даҳҳо чемпионҳои Ӯзбекистону Осиё, аъзоёни командаҳои яккачини мамлакат ба воя расиданд.
Ба ин комёбӣ саҳми мактаб-интернати давлатии ба намудҳои варзиши миллӣ ва олимпия ихтисосонидашудаи ноҳия саҳми арзанда дорад. Норасоии варзишгоҳ шогирдони мактабро маҷбур месохт, ки аз толорҳои спорти дигарон истифода баранд. Моҳҳои охир аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҷудо гардидани 5 миллиарду 400 миллион сӯм маблағ имконият дод, ки варзишгоҳи марказии ноҳия табъи дил таъмири пурра ёбад. Ин ҷараёнро бунёдкорони корхонаи пудратӣ – ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Замона монтаж-таъмирлаш қурилиш» сарбаландона ба сомон расонданд. Дар маҷмӯи спортӣ сохта шудани толори варзиш ба андозаи 12 Х 24 метр бошад, на фақат варзишгарону мураббиёнро, балки падару модарони хонандагонро низ беҳад шод кард.
Ба қарибӣ маросими тантанавии кушодашавии варзишгоҳи марказӣ ба амал омад. Дар он сардори садорати Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиши мамлакат Фарҳод Турдиев, ҳокими ноҳия Ҳалимҷон Сафаров, ҷонишини раиси Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон Шӯҳрат Очилов ва дигарон иштирок карданд. Баромадкунандагон шароитҳои қу-лайи аз тарафи давлат барои аҳолӣ, хусусан ҷавонон фароҳам овардашударо таъкид намуда, аҳли ноҳияро бо дастрасшавии имкониятҳои нави обутобёбӣ муборакбод намуданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.