Дар Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон таъкид шудааст, ки Самарқанд ҳамчун бузургшаҳри дунё ба маркази сайёҳӣ ва тиҷорати байналхалқӣ табдил ёфт, аз ин лиҳоз чун воҳиди алоҳидаи маъмуриву ҳудудӣ ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Аз ҳама муҳимаш, аҳолии шаҳр ба як миллион нафар мерасад. Ин маънои онро дорад, ки дар шуъбаи муҳоҷират (мигратсия) ва ба қайдгирии шаҳрвандони корҳои дохилии шаҳр баробари вазифа масъулият боз ҳам зиёд мешавад.
Аксар шоҳид ҳастанд, ки ҳамагӣ чанд сол қабл аз ин дар бисёр идораҳои давлатӣ барои ҳаллу фасли мушкилот навбатпоӣ, асабвайронкуниҳо вуҷуд доштанд. Ҳоло бо сиёсати дурандешонаи Президент масъала ранги дигар гирифтааст. Яъне халқ барои идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ дар хизмати халқ мебошанд. Бояд таъкид намуд, ки чунин кор дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ, аз он ҷумла идораи муҳоҷират (мигратсия) ва ба рӯйхатгирии шаҳрвандони шаҳри Самарқанд низ ҷорист.
– Агар аз рӯйи адолат гӯем, – гуфт роҳбари идораи мазкур полковник Олимҷон Норқулов, – одам бисёр, аммо онҳо масъалаи худро зуд ҳал мекунанд. Зеро қабул аз рӯйи онлайн ё ки телефонӣ мебошад. Пас аз он, ки Самарқанд шаҳри сайёҳон эълон шуд, ташвиши мо афзуд. Аммо дастгоҳҳои замонавӣ, компутер ва коромӯзон дастёри мо ҳастанд. Дар айни суҳбати мо қариб сад нафар шаҳрвандони Ҳиндустону Покистон омаданд. Роҳбари гурӯҳ Муҳаммад Ҳасан ба мо иттилоъ дод, ки то имрӯз як ҳазору сад нафар, ки барои таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд омадаанд, аллакай дар шуъбаи муҳоҷират ба қайд гирифта шудаанд.
– Мо маҳз бегоҳирӯзӣ омадем, ки одам кам аст ва вақти қимат барои ба навбат истодан сарф намешавад, – гуфт меҳмон аз Ҳиндустон – Ромеш Сингх. – Сонӣ, ходимон ниҳоят хушмуомила, тезкор ҳастанд. Аз фурсат истифода бурда, ба онҳо тавассути рӯзномаи шумо миннатдорӣ изҳор мекунам.
– Танҳо соли сипаришуда ба 16 ҳазору 700 нафар мардуми Самарқанд ID-карта супурдем. Инчунин беш аз се ҳазору дусад нафар муваққатан ба рӯйхат гирифта шудаанд. Барои ба кишварҳои хориҷа рафтан 24 ҳазору 632 нафар шиноснома гирифтанд. Инчунин 180 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо таклифнома барои фаъолият ба Самарқанд омаданд, ки расман ба рӯйхат гирифта шуданд. Умуман, имрӯз дар Самарқанд 11 ҳазору 508 нафар шаҳрвандон аз мамлакатҳои ҳамдӯстӣ дар ҳисоби мо ҳастанд.
Навиди ҷолиби диққат он аст, ки бо Фармони Президент аз 1-уми январи соли 2023 дар тӯли як моҳ сайёҳон бидуни раводид – виза метавонанд меҳмони Ӯзбекистон шаванд. Аз ҷумла, шаҳрвандони Русия ба муҳлати 15 ва Тоҷикистони бародарӣ ба муддати 10 рӯз аз маҷбурияти ба рӯйхатгирӣ озоданд.
– Пӯшида нест, ки баъзе шаҳрвандон нисбати ҳуҷҷати муҳими шаҳрвандӣ – шиноснома бепарво ҳастанд.
– Дуруст гуфтед. Бинобар ҳамин ҳам мо дар мактабу коллеҷҳо, гузару корхонаҳо бо мардум вохӯрӣ ташкил карда, доир ба шиноснома суҳбат ташкил мекунем.
– Шуъбаи шумо бо киҳо ифтихор дорад?
– Дар идораи мо қариб сӣ нафар ходим буда, аксарият ғайр аз ӯзбекӣ ва тоҷикӣ забонҳои русӣ, англисӣ, баъзе забонҳои хитоӣ, японӣ ва ғайраро ҳам медонанд.
– Дар омади гап бояд гӯям, ки ҷамоаи мо байналмилал буда, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром дар мадди аввал аст. Қариб бист сол аст, ки Моҳина Юнусова, Қосим Маъруфов, Элбек Турсунов ва дигарон ба халқу Ватан аз сидқи дил хизмати шоиста мекунанд. Дар мо мактаби «устоду шогирд» амал мекунад, навкорон аз калонсолҳо таҷриба меомӯзанд. Воқеан, худи ман соли 1999 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар идораҳои корҳои дохилӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз карда будам. Аз устодони меҳрубонам Артур Бегалиев, Воҳид Содиқов, Ҳалим Асламов, Шуҳрат Абдухолиқзода бисёр чизҳоро омӯхтам.
Ман вақтҳои холӣ аз кор, албатта асарҳои бузургонро варақ мезанам ва шеъру байтҳои адибонро азёд мекунам.
– Боз чӣ амалҳоро дӯст медоред, яъне хоббии шумо?
– Варзиш ҷону дилам. Ба қарибӣ барои тамошои чемпионати ҷаҳон оид ба футбол чанд рӯз аз баҳри хоби ширин баромадем (мусоҳибам механдад).
– Оё фарзандон аз паси падар рафтанд?
– Духтарам Шаҳзода донишҷӯи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Ҷасмина ҳуқуқшинос шуданист, писарам Беҳрӯз дар мактаби махсуси милитсия таҳсил мегирад. Дугоникҳо Фотима ва Ҳусейн мактабхон.
– Олимҷон Насимович, «Соли нав омад шоду ғазалхон...»
– «Табрик созем, онро рафиқон!», — мусоҳибам завқ кард ва илова намуд, ки ҳоло мардуми Ӯзбекистон зери таъсири Муроҷиатномаи сарвари давлатамон зиндагӣ ба сар мебаранд. Президент таъкид кардаанд, ки «Мо барои бахту осоиштагии ҳаёти ҳар инсоне, ки дар ин кишвар зисту зиндагӣ дорад, беҳбуди саломатии ӯ, соҳиби таълими хуб шудан, барои муҳайё сохтани шароити оилааш, фароҳам овардани тамоми имкониятҳо саъю ҳаракат мекунем ва ин корро мунтазам давом медиҳем».
— Мо низ дар «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» аз ҳаракат – баракат гуфта, бештару хубтар ба халқу Ватан хизмат хоҳем кард.
Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.