НАВРӮЗ – САРИ СОЛИ НАВ

Дебоча

Наврӯз аз ҷашнҳои муҳимтарини ориён буда, тӯли ҳазорсолаҳо ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз рӯзи якуми моҳи фарвардини тақвими эронӣ, ё аз рӯзи аввали даҳрӯзаи сеюми моҳи март – баробарии шабонарӯзии баҳорӣ дар бисёр кишварҳои Шарқ ҷашн гирифта мешавад.
Ҳоло Наврӯз дар байни мардуми эрону турку Қафқоз ҳамчун рамзи баҳору эҳё ва пайки сулҳу осоиш ва меҳрубонӣ пешвоз гирифта мешавад. Дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ҳатто дар Ҳиндустону Туркияву Чин дар ҷараёни пешвозгириву ҷашни Наврӯз зиддияту ихтилофҳои мардум фаромуш гашта, дӯстиву ҳамгароӣ мустаҳкамтар мегардад.
Наврӯз муҳимтарин ҷашни мардуми эроннажод буда, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ғаниву пуробуранг мебошад, ки ин на танҳо ба ҷанбаҳои таърихиву маданӣ, балки ба хусусиятҳои хоси тақвими  он вобаста аст. Зеро оғози даврии солшуморӣ ва рӯзи аввали сол, тибқи тақвими шамсии эронӣ, маҳз Наврӯз аст.

Таърихи мухтасари Наврӯз

Наврӯз аз ибтидо иди баҳор, эътидоли баҳоронаи шабу рӯз буд, ки Офтоб он рӯз ба бурҷи гӯсфанд рост меояд.
Эрониёни бостон чунин ақида доштанд, ки дунё маҳз дар лаҳзаҳои тулӯи Хуршед аз бурҷи Гӯсфанд офарида шудааст ва дар ин ҳангом ҷудошавии нур аз торикӣ, рӯз аз шаб ва некӣ аз бадӣ сурат гирифтааст.
Тартиб ва рафти амалу ҳодисаҳоро бештар ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ – ситораву сайёраҳо муайян мекунанд. Масалан, бурҷи ақраб ғам меовард. Аз ин рӯ, дар даврае, ки Офтоб дар ин бурҷ аст, бояд ҳамаи корҳо пушт ба Офтоб гардонда анҷом дода мешуданд.
Дар рӯзи Наврӯз пас аз ситораҳои саҳар соати Муштарӣ оғоз мешуд. Ва корҳои зиёди рӯзгор, аз ҷумла, аз хамир тайёр кардани хӯрокҳои шаклдори идона, бояд маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо анҷом дода мешуд. 
Бачаҳо дар ин ҳангом аз хона берун мерафтанд. Писаракон бо тухмҳои рангдода бозӣ мекарданд. Духтаракон бошанд, бо алвонҷакпарӣ машғул мешуданд.
Тухми рангдода ва алвонҷак рамзи ин ид мебошад. Тоза кардани хонаҳои истиқоматӣ низ дар соатҳои Муштарӣ анҷом дода мешуд. Партовҳои хонаро ба самти Бурҷи каждум мебурданд. Баъд аз ин соҳибхона либосҳои беҳтарини худро мепӯшид.
Хонаро бештар бо шохаҳои сабзи себу анор оро медоданд.
Афсонаву асотири зиёде мавҷуданд, ки аз таърихи қадим доштани Наврӯз дарак медиҳанд. Дар ашъори миллии ориёиҳо Наврӯз ҳамчун оғози салтанати Ҷамшед зикр шудааст. Ин рӯз барои эрониёни бостон чунон аҳамияти бузург дошт, ки онҳо бисёр рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи халқҳои дигарро ба Наврӯз мепайвастанд. Ба ин пирӯзии қаҳрамони ориёии қадим Каюмарс бар дев, марги Заҳҳоки бадбахт аз дасти Коваи оҳангар, обхезии ҷаҳонӣ ва наҷот ёфтани Нуҳ (а), оғози салтанати Сулаймон дохил мешавад.
Дар арафаи Наврӯз ҳама ба ҳамдигар ниятҳои самимии худро изҳор мекарданд.
Наврӯз тӯли як моҳ ҷашн гирифта шавад ҳам, 5-6 рӯзи аввали он муҳимтарин ҳисобида мешавад. Дар он рӯзҳо подшоҳ дар тахт нишаста, тобеонашро, ки ба панҷ гурӯҳ тақсим шуда буданд, қабул мекард. Мусиқорону ҳофизон бахшида ба ҳар як рӯзу соати Наврӯз сурудхонӣ мекарданд. 
Наврӯз ҷашни қадимаи тоисломӣ бошад ҳам, баъд аз паҳн гаштани ислом ҳатто даври ҳукмронии халифаҳо низ дар Эрон ва мамлакатҳои араб ҷашн гирифта мешуд.

Маълумотҳо оиди Наврӯз

Тавре ки ҷомеашиносон тасдиқ мекунанд, урфу одат ва анъанаҳо бо такя ба фикру андешаҳои фалсафӣ бармеоянд. Рӯбучини хонаву гирду атрофи  ҳавлӣ, маросими «сенздаҳбадар», оштии низоъкардагон, шамъ, оина, моҳичаҳои сурх, ороиши тухм, таомҳои рӯйи мизи ҷашн... Ҳар яки ин урфу одату ашёҳо мазмуну моҳияти хоси худро доранд, баъзеи онҳо бо мурури вақт маънои аслии худро гум кардаанд, баъзеашон боқӣ мондаанд.
Масалан, мардум бовар доштанд, фариштаҳое, ки он рӯз аз осмон фуруд меомаданд, ба хонадони одамон файзу барака меоварданд. Аммо фариштагон ба хонаҳое, ки аҳли он ба тозагӣ риоя намекарданд, бародарон аҳлу тифоқ набуданд, фуруд намеомаданд.
Ҳамин ду талаб сабаби ду урфу одат – пеш аз ҷашн пок, саранҷому саришта нигоҳ доштани хонаву ҷой ва бо муросову мудоро  ба сар бурдани мардум гашт.
Ғайр аз ин, эрониёни бостон рақами 13-ро аломати бадбахтӣ мешумориданд ва ақидае доштанд, касе, ки 13-уми фарвардин дар хона монад, бахт аз ӯ рӯ метобад.
Ин рӯз ҳама кӯшиш мекарданд, ки аз хона баромада, дар оғӯши табиат сайру гашт кунанд. Ин аст, ки одати дигари наврӯзӣ – «сенздаҳбадар» ба миён омад.

Расму оинҳои наврӯзӣ

Расму оин, анъана, асосҳои ахлоқию эстетикии марбут ба Наврӯз тавре ки буд, нигоҳ дошта шуда, мавриди эътирофу эҳтироми халқҳои ҷаҳон қарор гирифт.
Аз он, ки маводи мазкур ҳаҷман хурд аст, имкони дар бар гирифтани ҳамаи сифатҳои Наврӯзро надорад. Аз ин рӯ, мо тавсифи ин ҷашни бузургро дар Эрони қадим бо маҳдудиятҳо овардем.
Ҷараёни омодагирӣ ва баргузории ҷашни Наврӯзро бояд ба тарзи зерин ба қисматҳои хурду калон тақсим кард:

То рӯзи ҷашн

Чорабиниҳои мардумӣ 

1. Аму Наврӯз (амаки Наврӯз). Касонеро, ки чанд рӯз пеш аз баргузории иди Наврӯзро дар кӯчаву майдонҳо ҷорчигӣ мекунанд, «Аму Наврӯз» ёки «Хоҷа Наврӯз» меноманд. Онҳо либоси сурхи тантанавӣ дар бар, кулоҳро яклаба мепӯшанд, ба рӯяшон равғани сиёҳи махсус молида, дар даст тор, сурудҳои наврӯзӣ месароянд.
2. Оини раҳму шафқат. Барои он ки ҳама Наврӯзро шоду хуррам пешвоз гиранд, сарватмандон ба аҳолии ночору муҳтоҷ кумаки моддӣ мерасонанд, ки ин одат то имрӯз идома дорад. Шахсони бадавлат ба суратҳисоби эҳтиёҷмандон пул мегузаронанд, дар ҷойҳои ҷамоатӣ барои чунин шахсон туҳфаву хайрот ҷамъ оварда мешуд. Аз ин рӯ, Наврӯзро ҷашни меҳрубонӣ низ меноманд.
Маблағи ҷамъшуда ба пиронсолон, тарбиятгирандагони интернату хонаҳои меҳрубонӣ, оилаҳои камтаъмину донишҷӯёни муҳтоҷ тақсим карда мешавад.
Дар арафаи Наврӯз ҳамсоягон аз камбудиву норасоии рӯзгори якдигар бохабар шуда, кӯмак мерасонанд ва саъю кӯшиш мекунанд, ки Наврӯз ба ҷашни умумиинсонӣ, шодиву хурсандии умум табдил ёбад.
3. Рӯбучини хонаву ҷой. Як ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯз соҳибхоназан ба корҳои тозакунӣ оғоз мебахшад. Бо кумаки хешу ақрабо қолину пардаҳоро шуста, деворҳоро сафед мекунанд. Чунин маросим ба боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона ва хешу таборӣ кумак мерасонад ва имкон медиҳад, ки Соли нав дар хонаву ҳавлии тоза аз чангу ғубор пешвоз гирифта шавад. Дар ин маросим асбобу анҷомҳои даркории рӯзгор низ харид карда мешавад.
4. Харидҳо. Давраи серодамтарини бозорҳои Эронзамин дар арафаи омодагӣ ба ҷашни Наврӯз рост меояд. Ба дукон ва растаҳои савдо ду ҳафта пеш аз ҷашн одамон бисёр меоянд. Дар растаҳои серфайзи он қолин, пойафзор, ширинӣ, меваву сабзавот, тухмҳои рангдода, моҳичаҳои сурх, маҳсулоти анъанавие, ки барои оростани «суфраи ҳафт син» лозим аст, харидоргир мешаванд. Мардум аз бонк банкнотҳои наверо, ки ҳоло истифода нашудаанд, оварда ба бачаҳо туҳфа мекунанд. Ходимони бонк низ бо назардошти ин одат, банкнотҳои навро ҳамчун маош ба мизоҷон месупоранд.
5. Омодагӣ ба «ҳафт син». Ҳафт син – аз маросимҳои қадимаи Наврӯз шуморида мешавад. Барои «ҳафт син» хонаи хубтарини хонавода интихоб шуда, ба миз ғайр аз маҳсулоти хӯрду хӯрок ҳафт кӯзае, ки ба он маҳсулоте, ки номашон бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, гузошта мешавад: санҷид, саману (суманак), сир, сирко, себ, сияҳдона, сабзӣ (кабудӣ). Ба дасторхон Қуръон, ойна, шамъ низ гузошта мешуданд. Ғайр аз сабза ва саману дигар ҳамаи меваҳоро аз бозор мехариданд. Аз ин сабаб, лозим донистем, ки оид ба ин ду намуди асосии дасторхон пурратар маълумот диҳем:
5.1. Парвариши сабза. Чанд рӯз пеш аз ҷашн соҳибхоназан ва фарзандони ӯ дар табақҳои калон тухми гандум, лубиё ва нахӯд парвариш мекунанд. Онро «сабзӣ» (кабудӣ ) меноманд, ки муҳимтарин неъмати дасторхони идона ба шумор меравад. Бино бар ин онро бо лентаҳои ранга, ки дар байнашон лентаи сурх ҷойгоҳи худро дорад, моҳирона оро медиҳанд. 
Дар рӯзи сездаҳуми моҳи фарвардин мардум сабзиро бо худ ба сайри чорбоғ мебаранд, ки ин низ мазмуну моҳияти хоси худро дорад.
5.2. Суманакпазӣ. Дар рӯзҳои охири соли куҳна хешу табор дар як хонадон ҷамъ шуда, ба суманакпазӣ, ки онро саману низ меноманд, мепардозанд. Суманак аз решаи гандум бо ретсепти дақиқ пухта мешавад. Ба суманак бодому чормағз низ меандозанд. Духтарони қадрас вақти сангчапартоӣ ба деги суманак ният мекунанд, ки Офаридгор дар соли нав ба онҳо шавҳари хубу бовафо насиб гардонад.
Бахшида ба маросими суманакпазӣ сурудҳои зиёде мавҷуданд, ки бонувон дар ҷараёни суманакпазӣ онҳоро хонда, рақсу бозӣ мекунанд ва ба ҷараён шукӯҳи тоза мебахшанд.
6. Иди фавтидагон. Дар чаҳоряки охирин эрониҳо дар қабристони наздикон ҷамъ шуда, аз Худованд бахшидани гуноҳу хатои гузаштагони дуру наздикашон ва ороми абадии онҳоро металабанд. Ба ниёзмандони гирду атроф шириниҳоеро, ки пешакӣ тайёр карда мешаванд, тақсим карда медиҳанд. Ба ин маросим махсусан ононе, ки хешовандонашон ба наздикӣ вафот кардаанд, эътибори бештар медиҳанд ва Наврӯзи аввалини баъди вафоти онҳоро «ҷашни аввалин» меноманд. Маросими дигари ба ин алоқаманд он аст, ки хешу ақрабои фавтидагон барои аҳли хонавода он рӯз сару либоси нав меоранд ва онҳо ин либосҳоро мепӯшанд.
7. Оштишавӣ. Яке аз ҷиҳатҳои хуби Наврӯз маросими оштӣ мебошад. Агар дар байни дӯсту бародарон бо сабабҳои гуногун хусумат пайдо шуда бошад, куҳансолон кӯшиш мекунанд, ки тарафҳо созиш кунанд. Аз ин ҷиҳат Наврӯз яке аз рӯзҳои фаромӯшнашаванда ва хурсандиовар ба шумор меравад. Туфайли ин ҷашни бузург душманӣ, кинаву адоват фаромуш шуда, ҷойи онро хайрхоҳиву некбиниву шодмонӣ мегирад.
8. Туҳфаҳои идона ба бачаҳо. Волидон туҳфаҳояшонро ба бачаҳо иборат аз пули коғазӣ, баъзан, тангаҳои тилло иборат мебошад, бачаҳо низ туҳфаҳояшонро ба волидон медиҳанд. Ивазшавии туҳфаҳо низ яке аз ойинҳои наврӯзӣ ба шумор меравад. Бачаҳо аз хешовандон низ савғотиҳо мегиранд, ки баъди Наврӯз чанд рӯз бо ифтихор аз туҳфаҳо ёд мекунанд.
9. Зиёрати қабристон. Касоне, ки қарибонашон ба наздикӣ фавтидаанд, соатҳои аввалини Соли навро дар назди қабри онҳо пешвоз мегиранд. Дар назди қабр гул ва шамъ гузошта, сипанд дуд мекунанд. Ба ниёзмандон ҳадяҳо дода, баъд ба хона бармегарданд ва бо хешовандон ҷашнро идома медиҳанд.
10. Об пошида, рӯфтани гирду атроф. Рӯзҳои Наврӯз соҳибхоназан ба гирду атрофи хонааш об пошида, рӯбучин мекунад. Дар ин ҷо об рамзи рӯшноиву некӣ ва покӣ – гарави фаровониву шукуфоист.
11. Либоси нав. Он рӯз ҳама либос ва пойафзори беҳтарин, агар имкон бошанд, сару либоси нави худро ба бар мекунанд. Бачагон бошад, дар навбати аввал, соҳиби либосҳои нав мегарданд.
12. Сафар ва дидорбиниҳои  ҷашнӣ. Аз рӯзи аввали Наврӯз зиёрат ва вохӯриҳои зиёд ба вуқӯъ мепайванданд: аввал ба зиёрати куҳансолону волидон, баъд ба хонаи хешу табор, дӯсту рафиқон, ҳамкорону ҳамсоягон мераванд. Ҳеч кас дар канор намемонад. Аҳли хонавода ба меҳмонӣ дар якҷоягӣ мераванд. Азбаски туҳфаҳои зиёд насибашон мегардад, дар чунин лаҳзаҳо шодиву хурсандии бачаҳо ҳадду канор надорад.
13. Вохӯрӣ бо уламои дин. Дари хонаи уламои дин он рӯз барои ҳама кушод аст. Одамон сари як пиёла чой бо инсонҳои барӯманд суҳбат мекунанд, аз шириниҳо мечашанд ва туҳфаҳои идонаашонро  пешкаш менамоянд.
14. Зиёрати беморон. Рӯзҳои Наврӯз одамон барои он ки беморон худашонро танҳо ҳис накунанд, бо як даста гулу туҳфа роҳи хонаи онҳо ё беморхонаро пеш мегиранд.
15. «Сенздаҳ бадар». Тавре ки дар боло зикр шуд, мардум шумораи 13-ро барояшон бехосият шуморида, дар ин рӯз бо аҳли оилаашон ба беруни шаҳр мераванд. Эрониёни имрӯз ба ин ақида бовар надошта бошанд ҳам, ба ин одат амал мекунанд. Онҳо пешакӣ хӯроквориҳоро захира намуда, бо аҳли оила ё ҳамсоягон ба ҷойҳои истироҳатии берун аз шаҳр баромада мераванд.
Субҳи содиқ корвони мошинҳои боркашу сабукрав ва автобусҳо роҳи сайргоҳҳоро пеш мегиранд. Одамон гандуми нешзада ва дигар маҳсулоти лубиёиро бо худ мегиранд. Дар сайргоҳ ҷойи сердарахтро интихоб карда, мошинҳоро боз медоранд.
Мӯйсафедон гирд омада, воқеаҳои хурсандиовари ҳаёти худро ба ёд меоранд. Бачагон бошанд, дар ин лаҳзаҳо бо бозиҳои қадимаи бобоён – алвонҷакпарӣ машғул мешаванд. Духтаракон аз гулу гиёҳҳо гултоқӣ тайёр мекунанд. Вақте ки шом расид, ҳама аз сайру гашт бо шодиву дилхушӣ ва таассуроти зиёд ба хона бармегарданд.
16. Рӯзҳои истироҳат. Дар Эрон аз 1 то 4 ва санаи 13-уми фарвардин барои ҳамаи муассисаҳои давлатӣ рӯзи истироҳат эълон карда мешавад, ба мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ бошад, аз 1 то 13-уми ин моҳ таътил дода мешавад. 
Азбаски дар давоми Наврӯз рӯзҳои истироҳатӣ бисёранд, сафар ва тӯйҳои зиёд гузаронида мешаванд. Наврӯз барои мардум танҳо ҷашн нест, он ибтидои сол, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву таърихӣ низ мебошад. Дар ҳақиқат, Наврӯз бо ду воқеаи муҳим меояд: аввало табиат азнав зинда мешавад; дуюм ин ки оғози соли нави ҳиҷрӣ–шамсии эронӣ аст.
Мардуме, ки Наврӯзро чун маросими суннатҳои қадима пешвоз мегиранд, ин ҷашнро чун як лаҳзаи муҳими сохти кайҳонӣ қабул мекунанд ва то ҳол ба анъанаҳои марбут ба он арҷ мегузоранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: