ЗАМИН БА ҶАВОНОН

Имрӯз дар ноҳияи Қаравулбозор қариб 20 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад.

Дар 8 мактаби таҳсилоти умумии ноҳия бештар аз 4,5 ҳазор нафар талабагон таҳсил мегиранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки бештар аз 3 ҳазор нафари аҳолии ноҳияро ҷавонони синнашон то 30-сола ташкил мекунанд. Ҳоло дар ноҳия эътибор ба масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ ва бошуғлфарогирии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. 

Мувофиқи қарори Президент аз 5 апрели соли 2024 «Дар бораи чораву тадбирҳои бо роҳи ҷудо кардани замин ба ҷавонон зиёд намудани даромад ва таъмин кардани бошуғлфарогирии онҳо, инчунин азхуд намудани майдонҳои нави замин» ба он ҷавононе, ки ҷойи корӣ надоранд, ё ки даромадашон кам аст, аз мусофирии хориҷӣ баргаштаанд, аз ҷойи қулайи мавзеи аҳолинишин, замини ҳосилхез ва обёриаш табъи дил қитъаҳо дода шуданд. Ҳамин тариқ, беш аз 90 нафар ҷавонони болаёқат аз ҳисоби хоҷагиҳои фермерии маҳаллаҳои «Тинчлик», «Чӯлқувар», «Навбаҳор», «Ҷарқоқ» соҳиби 50 сотихӣ  замин шуданд. Онҳо метавонанд дар ин қитъаҳо харбузаю тарбуз ва зироати гуногуни бозоргир рӯёнида, эҳтиёҷоти оилаи худро қонеъ гардонанд. Меҳнатдӯстон метавонанд дар давоми сол ду ё се бор ҳосил рӯёнанд, инчунин бо ташкил намудани гармхона зиёд кардани  даромад ба ғайрату маҳорати шахсии онҳо вобаста аст.
Умедҷон Рофиев, Фотима Муъминова, Равшан Иброҳимов ва Ислом Раҳмонов барин ҷавононе, ки соҳиби нимгектарӣ замин шудаанд, барои ин ғамхорӣ ба роҳбарон арзи сипос мекунанд.

А. АВЕЗОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: