Дар Бонки марказӣ бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот анҷом ёфт

Дар Бонки марказӣ бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар доираи барномаи навбатии Бонки ҷаҳонӣ оид ба ислоҳсозии бахши молиявии Ӯзбекистон мулоқот ба амал омад.

Лоиҳаҳо ва самтҳои нав, ки дар доираи миссия амалӣ карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаҳои рушди соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, назорати ташкилотҳои маблағгузории хурд, маблағгузории сабз ва низомҳои пардохт, инчунин равандҳои таҳияи санадҳои меъёрии дахлдорро баррасӣ карданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: