Президенти Ӯзбекистон бо ҷойҳои ҷолиби диққати Санкт-Петербург шинос шуд

  • Президенти Ӯзбекистон бо ҷойҳои ҷолиби диққати Санкт-Петербург шинос шуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби барномаи фарҳангии нишасти ғайрирасмии ИДМ 26 декабр бо маҷмааҳои сарой ва боғҳои шаҳри Санкт-Петербург шинос шуд.

Сарвари давлатамон ҳамроҳ бо роҳбарони Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон аз осорхона-мамнуъгоҳҳои "Павловск", "Царское село" ва "Петергоф" дидан карданд.

Ҳар се ёдгории таърихӣ, ки дар асрҳои XVIII-XIX сохта шудаанд, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд ва ҳамчун шоҳасарҳои меъморӣ ва санъати боғу паркӣ эътироф шудаанд.

Дар рафти экскурсия ба сарони давлатҳо дар бораи таърихи қасрҳо, ороиши онҳо ва коллексияи бадеӣ муфассал нақл карда шуд. Ба меҳмонони олимартаба консерти мусқии классикӣ ва намоишҳои фолклорӣ пешкаш карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: