ОҲАНГАР ВА ОМӮЗГОР

Вай Фозил ном дорад.

Дар деҳаи Бибиширин ӯро Усто Фозил мегӯянд. Устои оҳангар аст. Дар лаби роҳи калон дукони оҳангарӣ дорад. Он аз саҳар то шом кушода, усто ҳамроҳи бародарон ва шогирдонаш кор мекунад. Рӯзи дароз аз ин ҷо садои путки оҳангарӣ шунида мешавад. Оҳангарон оҳанро дар қӯраи оташ тоб дода,  пас онро дар болои оҳани дигар мекӯбанд. Оҳанро ба шакли гуногун медароранд ва аз он корд, дос, тешаву табар, бел, каланд, доскалла ва дигар асбобҳои зарурии рӯзгор месозанд. Усто Фозил дар ин корҳо маҳорати хуб дорад. Маҳсули дастони ӯ дар ноҳияҳои дигар ҳам харид мешаванд. Мардуми деҳа аз сифати асбобҳои сохтаи Усто Фозил мамнунанд. 
Вақте аз пеши оҳангархонаи ӯ мегузаштем, падарам ба ман гуфтанд:
– Оҳангарони машҳур ҳам мисли омӯзгорони мактаб мебошанд. 
– Чӣ хел? – мепурсам ман ҳайрон шуда.
– Онҳо аз як пора оҳани сард асбобҳои гуногун месозанд. 
– Муаллим-чӣ? – боз савол додам ман.
– Муаллим ҳам заҳмат кашида, аз як бачаи бедониш шогирди хуб тарбия мекунад. Агар оҳангарон барои сохтани як корди тез тамоми рӯз заҳмат кашанд, муаллимон барои тарбия ва таълим додани як шогирди хуб даҳ-ёздаҳ сол вақт сарф мекунанд.
Ман хулоса кардам, ки омӯзгорон барои ояндаи дурахшони мо заҳмат мекашидаанд ва мо бояд ба қадри онҳо расем.

Анис ХАЛИЛОВ,
хонандаи синфи 6-уми мактаби рақами 33-юми ноҳияи Бойсун. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: