Инсон аз рӯйи табиати худ кӯшиш мекунад, ки барои илм гирифтан, кор кардан ва умуман зиндагӣ кардан имкониятҳои нав пайдо кунад.
Барои одами орзуманд бошад, тамоми дунё майдони имкониятҳост. Аз ин рӯ, дар ҷаҳони ҷаҳонишавии имрӯза раванди муҳоҷират густариш меёбад. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), аз се ду ҳиссаи муҳоҷирони хориҷӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.
Муҳоҷират ин на танҳо берун кардани шаҳрвандон ба як сӯ, балки як зарурати муҳим дар дунёи ҷаҳонишавӣ низ мебошад. Ин худ як содирот аст. Ба мамлакати мо омада, кор кардани мутахассисони пешсаф аз мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон ин як ҳолати табиӣ гардид. Дар Ӯзбекистон соҳибкороне, ки аз кишварҳои сарватманд омада бо тиҷорат, истеҳсол ва хидматрасонӣ машғуланд, зиёданд.
Мисолҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки давлатҳо ва ҷомеаҳои пӯшида дар натиҷаи дуршавӣ ё пурра канда шудан аз ҷаҳон, талафотҳои зиёд дидаанд.
Таҷрибаи муҳоҷир шудани кадрҳои тайёр, пас аз хатми таълимгоҳ, дар бисёр кишварҳо оммавӣ шудааст. Давлати Филиппин, ки дар фиристодани муҳоҷирони корӣ пешсаф аст, мисоли ин мебошад. Шаҳрвандоне, ки аз кишвар берун мераванд, бояд донишу малакаҳои муайян дошта бошанд ва то ҳадди имкон забон омӯзанд.
Бо таъсири омилҳои гуногун муҳоҷирати меҳнати ғайрирасмӣ дар тӯли солҳо афзоиш ёфтааст. Оқибатҳои бетаваҷҷуҳӣ ба соҳа, нарасидани ғамхории давлатӣ ба ҳолатҳои аз ҷиҳати қонун муҳофизат накардани шаҳрвандон оварда расонд. Ҳатто масъалаҳои одиро ба эътибор нагирифтанд. Ҳолатҳое буданд, ки ба ҷойи фароҳам овардани шароит ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ба онҳо бо чашми бад менигаристанд.
Солҳои охир таваҷҷуҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари мо ба самти устувори сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Муносибат ба шаҳрвандонамоне, ки дар хориҷа кор мекунанд, ба куллӣ тағйир ёфт. Алоқа бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шуда, низоми нави омӯзиш, ҳалли мушкилот ва ниёзи оилаҳои онҳо ҷорӣ карда шудааст.
Дар соҳа як қатор корҳои амалӣ ба ҷо оварда мешаванд. Аз ҷумла, дар таркиби Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ таъсис дода шуд, ки бевосита ба таъмини ниёзҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва моддии муҳоҷирони меҳнатӣ масъул аст.
Марказҳои таълимӣ ва касбомӯзии муҳоҷирон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар хориҷи кишвар низ таъсис дода шудаанд. Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони мо фаъолияти агентиҳо ва консулхонаҳо ба роҳ монда шуд. Барои расонидани ёрии моддӣ ба шаҳрвандони камбизоат фонди махсус ташкил карда шудааст.
Хурсандиовар аст, ки низоми ғамхорӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камбизоат, ки ба кишвар баргаштаанд, таъсис дода шудааст. Алалхусус, барои ҷудо кардани лоиҳаи кории квоташуда ва мусоидат ба шуғли онҳо, таҷрибаи расонидани кумаки моддӣ дар шакли субсидия ва грант аз Фонди давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷорӣ карда шуд.
Ҳамкории ба ҳамдигар фоидаовари мамлакатамон бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ вусъат ёфт. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 Ӯзбекистон ба Созмони байналмилалии муҳоҷират, ки тақрибан 180 кишвар узви ин ташкилот мебошад, аъзо шуд.
Сари вақт қабул шудани қарори Президентамон аз 1-уми марти соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва оилаҳои онҳо, ки дар хориҷа муваққатан кор мекунанд», аҳа-мияти калон дорад.
Дар ин ҳуҷҷат дастгирии моддии шаҳрвандон ва оилаи онҳо, ки муваққатан дар хориҷа меҳнат мекунанд, пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, аз 1 июни соли 2022 дар минтақаҳои дахлдори Федератсияи Русия, Туркия ва Қазоқистон 12 муассисаи намояндагии Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда мешавад.
Аз 1 майи соли ҷорӣ тибқи тавсияи ёварони ҳоким ба оилаҳое, ки дар сохтори иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ба қайд гирифта шудаанд, кумаки якдафъинаи моддӣ ба малағи 2 баробари миқдори ҳисоби базавӣ дода мешавад.
Барои харидани доруворӣ, аробачаҳои маъюбӣ, воситаҳои шунавоӣ ва маснуоти ортопедӣ ба аъзоёни оилаи маъюб, ки дар сохтори иттилооти «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ба қайд гирифта шудаанд, ё ба яке аз дафтарҳо: «Дафтари оҳа-нин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, кумаки якдафъинаи моддӣ ба маблағӣ 5 баробари миқдори ҳисоби базавӣ дода мешавад.
Дар раванди ташаккули бозори меҳнат қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» ва «Дар бораи Агентии хусусии шуғли аҳолӣ» ҳамчун заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва омили муҳими баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ хидмат мекунад.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қонун «Дар бораи муҳоҷироти меҳнати хориҷӣ», ки барои такмил додани қонунгузории меҳнат тибқи талаботи замон пешбинӣ шудаанд, аз тарафи Палатаи қонунгузорӣ қабул гардида, барои тасдиқ ба Сенат фиристода шуд.
Хулоса, дар кишвари мо барои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҳамватанон дар дигар кишварҳо муҳити комилан нав ва низоми устувор ба вуҷуд меояд. Мақсад якто – ба роҳ мондани низоми бехатар, мураттаб ва қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ, сарфи назар аз он ки дар кадом кишвар меҳнату зиндагӣ мекунад, гиромӣ доштани ҳар як шахс, ба рӯйи об баровардани саъю кӯшиш ва мақсадҳои неки онҳо.
Фирдавс ШАРИПОВ,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.