ҒОЛИБОНИ ҶАШНВОРАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ МУАЙЯН ШУДАНД

  • ҒОЛИБОНИ ҶАШНВОРАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ МУАЙЯН ШУДАНД
  • ҒОЛИБОНИ ҶАШНВОРАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Ҷашнвораи дуюми байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар шаҳри Қӯқанд баргузор шуд, бо тантанаи фархунда поён ёфт.

Дар маросими пӯшидашавии он ғолибону ҷоизадорони ҷашнвора қадрдонӣ шуданд. Ба ғолибон диплом, сертификат ва тӯҳфаҳоро ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, раиси Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон Саъд ал-Қаддуми, раиси Иттиҳодияи «Ҳунарманд» Улуғбек Абдуллоев ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов дар шакли тантанавӣ супурданд. 
Дар номинатсияи «Ҳунарманди беҳтарин» ба ҷойи 1-ум Гулнора Одилова (Ӯзбекистон), ба ҷойи 2-юм Анаҳита Алавӣ (Эрон) ва ба ҷойи 3-юм Равшан Норхоҷаев (Ӯзбекистон) сазовор гардиданд. 
Дар номинатсияи «Ҷавонтарин ҳунарманд» ҷойи 1-ум насиби Абдуллоҳ Мирҷамолов (Ӯзбекистон), ҷойи 2-юм насиби Абдуллоҳ Мирзааҳмедов (Ӯзбекистон) ва ҷойи 3-юм насиби Расид Аҳмади Рос (Индонезия) гардид. 
Аз рӯи номинатсияи «Устоди беҳтарин мактаби ҳунарӣ» ҷойҳои ифтихориро инҳо ишғол карданд: Ҳасан Умаров (Ӯзбекистон), Мавлуда Ҳамдамова (Ӯзбекистон) ва Нурзад Ҷенбек (Ҷумҳурии Қирғизистон). Дар номинатсияи «Вориси сулолаи қадимӣ» ҷойи 1-умро Бахшилло Ҷумъаев (Ӯзбекистон), ҷойи 2-ро Воҳид Каримов (Ӯзбекистон) ва ҷойи 3-ро Марямхон Эрғозиева (Ӯзбекистон) соҳиб гардиданд.
Дар номинатсияи «Устоде, ки навъи ҳунари қадимиро барқарор кардааст» дар  ҷойи 1-ум Абдулло Наврӯзбоев (Қазоқистон), дар ҷойи 2-юм Зулфия Машарипова (Ӯзбекистон) ва  дар ҷойи 3-юм Молима Пиксигия (Зелландияи Нав) қарор гирифтанд. Инчунин, ғолибони як қатор ҷойҳои рағбатноккунӣ дар ҳамаи номинатсияҳо бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. 
Маросими пӯшидашавии Ҷашнвораи дуюми байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд бо барномаи бошукӯҳи консертӣ анҷом ёфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: