БАРОИ ҲАМАИ КИШВАРҲО ҲАМЧУН ДАСТУРУЛАМАЛ, БА РУШДИ МИНБАЪДА ВА БАРҚАРОР НАМУДАНИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ТАКОНИ ПУРЗӮР

26 феврал Ассамблеяи Генералии СММ резолютсия дар бораи «Соли байналмилалии сайёҳии устувор ва қобили ҳаёт» эълон кардани соли 2027-ро, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, якдилона қабул кард.

Ҳуҷҷат пурра бо тезисҳое, ки  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) дар Самарқанд  бобати устуворӣ ва нармии соҳаи сайёҳӣ ба мушкилот ва ситезаҳои муосир пешниҳод намудааст, асос меёбад.
Дар резолютсия принсипҳои пешниҳоднамудаи роҳбари давлатамон дар бораи аҳамияти муҳими сайёҳӣ дар нигоҳ доштани мероси ғании мадании тамаддунҳои мухталиф, мустаҳкам намудани сулҳ ва таҳаммулпазирӣ, эҳтироми арзишҳои халқӣ ҷой гирифтаанд.
Ба рушди сайёҳии «сабз» барои нигаҳдории экология, гуногунии биологӣ ва коҳиш додани ифлос намудани атмосфера эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Кӯшишҳои созмонҳои СММ барои пешбурди сайёҳии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор дар саросари ҷаҳон истиқбол карда мешаванд.
Ҳайатҳо ба ташаббуси Ӯзбекистон баҳои баланд доданд. Саривақтӣ ва рӯзмаррагии резолютсия таъкид гардид, ки идомаи мантиқии дар моҳи октябр дар Самарқанд бомуваффақият баргузор намудани иҷлосияи ҷашнии 25-уми Ассамблеяи Генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) мебошад. 
Интизор меравад, ки қарори пешниҳодкардаи Ӯзбекистон ибтидои марҳилаи нави рушди соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Директори иҷроияи ЮНВТО Зоритса Урошевич, ки шахсан барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ аз Мадрид омадааст, таъкид кард, ки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ аз роҳбарият ва саъю кӯшиши Ӯзбекистон дар ташаббуси чунин қатъномаи муҳим, ки имрӯз аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ якдилона қабул шудааст, сипосгузор аст.
– Ин ба изҳороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи октябри соли гузашта дар Самарқанд комилан мувофиқ аст», – гуфт ӯ. – Резолютсия барои тамоми кишварҳо ҳамчун дастуруламал хидмат карда, барои рушду барқарорсозии минбаъдаи бахши сайёҳӣ, ки аз бӯҳронҳои сершумор ва пандемияи коронавирус осеб дидааст, вале устувории бебаҳои худро нишон додааст, кумаки қавӣ хоҳад расонд. Соҳаи сайёҳӣ тавонист 88 фоиз барқарор шавад ва интизор меравад, ки дар соли 2024 ба сатҳи соли 2019 баргардад. Ин барои татбиқи пурраи ҳадафҳои дар Соли байналмилалӣ пешбинишуда заминаи мустаҳкам фароҳам меорад, ки кӯшишҳои ЮНВТО-ро дар якҷоягӣ бо давлатҳои аъзо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор суръат мебахшад ва афзоиш медиҳад. 
«Мо, ҳамчун ЮНВТО, омодаем, масъулияти ташкили чорабиниҳои дахлдорро дар миқёси байналмилалӣ дар доираи татбиқи ин резолютсия ҷиҳати таъмини самараи ҳадди аксар аз қабули ин ташаббус ба дӯш гирем» – гуфт ӯ. 
Пас аз ин чорабинӣ Хидмати хабарии СММ мақолаеро таҳти унвони «Ассамблеяи генералӣ соли 2027-ро Соли байналмилалии сайёҳии устувор эълон кард» нашр кард, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон ва Малдив қабул шудааст.
Дар он гуфта мешавад, ки резолютсия аз кишварҳои узви СММ ва сохтори ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки дар заминаи сайёҳии устувор ва қобили ҳаёт, аз ҷумла, ташаббусҳои экотуризм чораҳои муассир андешанд. Он ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ташвиқ мекунад, ки аз Соли байналмилалӣ баҳри пешбурди амалҳо дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии сайёҳии устувор ва қобили ҳаёт ҳамчун воситаи пешбарӣ ва суръат бахшидан ба рушди устувор истифода баранд. 
«Иҷлосияи Ассамблеяи генералии ЮНВТО, ки моҳи октябри соли гузашта дар Самарқанд баргузор шуд, аҳамияти пешбурди дидгоҳи равшан трансформатсияи дарозмуддати соҳаро дар атрофи афзалиятҳои мушаххас тасдиқ кард», – менависад нашрия. 
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш гуфтааст, ки сайёҳӣ ба унвони яке аз бузургтарин бахшҳои иқтисоди ҷаҳонӣ барои наздик кардани фарҳангҳо, фароҳам овардани имконоти нав ва мусоидат ба рушди устувор иқтидори бузург дорад.
     
АИ «Дунё»,
ш. НЮ-ЙОРК.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: