ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи ниҳоят қадима дошта, ин ду халқи ҳамсоя асрҳо дар қаламрави воҳид умр ба сар бурда, шарики ғаму шодии ҳамдигар гардидаанд.

Ин анъанаи нек дар замони соҳибистиқлолии кишварҳоямон идома ёфта, муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи октябри соли 1992 аз нав барқарор гардиданд, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ сӣ сол сипарӣ мешавад. Имрӯзҳо дар ҳар ду кишвар ба муносибати барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ чорабиниҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо дӯстиву бародарии халқҳои тоҷик ва ӯзбекро боз ҳам таҳким мебахшанд. Ҳамзамон таъкид бояд кард, ки дар кишвари маҳбубамон омодагӣ ба таҷлили 30 солагии Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, дар ин самт корҳои тарғиботӣ аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ шурӯъ шудааст ва боварӣ дорем, ки он дар сатҳи баланд доир мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба хотири таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳам мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, мушкилоти ҷойдоштаро аз миён бардошта, роҳи мусолиматомези рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро омили муҳими пешрафти ҳар ду кишвар эълон карданд ва барои амалӣ шудани онҳо иқдоми ватандӯстонаро пеш гирифта, барои устувор кардани дастовардҳои таърихӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуданд.
Бо ҳамин мақсад Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 ба Тоҷикистон сафари нахустини давлатӣ ба анҷом расонида, бо Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир намуд ва масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро баррасӣ карда, созишномаҳои муштаракро ба имзо расонд. Дар ин замина на танҳо сарҳадҳо дубора боз гардиданд, балки равобити дӯстона миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳким ёфта, 26 санади ҳамкории байнидавлатӣ ва байниидоравӣ ба имзо расиданд.  
Ба хотири боз ҳам мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона моҳи августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард ва бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев мулоқоту вохӯриҳо доир намуд. Дар рафти сафар  27 созишномаи байнидавлатӣ ва байниидоравӣ, аз ҷумла “Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” ба имзо расид, ки муносибатҳои дуҷонибаи моро ба сатҳи сифатан нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд боло бардошт. 
Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани равобити дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев моҳи июни соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ ба анҷом расонида, дар натиҷаи сафар 35 ҳуҷҷати муҳими шарикӣ миёни вазорату идораҳои ҳар ду кишвар ба имзо расиданд. 
Дар айни замон миёни сохторҳои мухталифи давлативу хусусӣ беш аз 200 созишнома ва шартнома ба имзо расиданд, ки ҳар кадом дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат намуда истодаанд.
Бо мақсади татбиқи ин ҳуҷҷатҳо ва саривақт ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта, дар асоси дастури ду сарвари давлат, инчунин, Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки раисии тарафҳои миллии комиссия ба зиммаи сарвазирони кишварҳо вогузор гардидааст. То имрӯз ҳашт ҷаласаи комиссия баргузор шуда, дар онҳо рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи равандҳои ҳаёти иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтаанд. Ҷаласаи 9-уми комиссия 30 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, якчанд қарордоди шарикӣ ба имзо расид. 
Дар муддати чор соли охири шарикии стратегӣ ва ҳамҷаворӣ (солҳо 2018-2022) дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо вусъат ёфта, дар муносибатҳои дуҷониба комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Махсусан, дар самти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамкориҳо ба маротиб густариш ёфта, байни корхонаву муассисаҳо ва марказҳои савдову тиҷоратии ду кишвар гардиши молу маҳсулот ба маротиб боло рафтааст. Агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 287 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн. доллар ва дар соли 2020 бо дарназардошти мушкилоти пандемияи Ковид-19 ба 333,8 млн. доллари ИМА баробар гаштааст. 
24-26 марти соли 2022 дар Форуми байналмилалии сармоягузории дар Тошканд баргузоргардида, он як платформаи нав барои минтақаи Осиёи Марказӣ  ба ҳисоб меравад, ки  дар формати Форум иқтидори сармоягузории Ӯзбекистон ба доираҳои сармоягузор ва соҳибкорон муаррифӣ шуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Н.Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон С.Қодирзода роҳбарӣ намуданд.  
Ҳамзамон, дар кори форум зиёда аз 30 ширкату тоҷирони тоҷикистонӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо доираи тиҷоратии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои иштирокдор гуфтушунидҳо гузарониданд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром. Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии вазири саноат ва технологияи нав Ш. Кабир ширкат намуданд. Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии вазир ва роҳбари намояндагии дипломатӣ бо тоҷирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва дигар иштирокдорони намоишгоҳ доир гашт. Дар вохӯрӣ ба сармоягузорони хориҷӣ оид ба заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои ҷойдошта маълумот манзур гардид.
Инчунин, намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон 27-29 апрели соли ҷорӣ дар намоишгоҳи “УзтекстилЭкспо-2022” дар Тошканд иштирок намуданд.
Моҳи апрели соли 2022 мулоқоти муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ С. Умурзоқов бо ҳайати намояндагии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар вохӯрӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони сиёсии ду кишвар, рушди ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар Душанбе, таъмини ҳайати бонуфузи кишвари иқомат дар ин конфронс ва дигар самтҳои ҳамкорӣ изҳори назар гардид. 
Дар ин замина моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Конфронс ва “Инфо-тур” оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ барои ширкатҳои саёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар рафти вохӯрӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар зиёда аз 40 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 
Дар соҳаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ низ ҳамкориҳо густариш ёфта, робитаҳо боз ҳам устувор шуда истодаанд. Махсусан, дар соҳаи илму маориф сатҳу сифати ҳамкориҳо рушд карда истодаанд. Солҳои охир миқдори бурсияҳо аз ҷониби ҳар ду кишвар афзоиш ёфта, теъдоди шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба маротиб зиёд гардидааст. Танҳо дар соли таҳсили 2021-2022 ба 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон беш аз 4609 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон қабул гардидаанд. Аксари онҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил менамоянд.
Ҳамзамон як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон дохил шуда, таҳсили худро идома дода истодаанд. Бо ин мақсад дар назди сафорат Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъсис ёфтааст. Намояндагии дипломатӣ бо онҳо чорабиниҳои мухталиф доир менамояд. Ба қарибӣ аъзои раёсати шӯро дар бинои сафорат ба иштирокчиёни Форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд доир гардид, вохӯрӣ доир намуданд. Як қисми онҳо якҷо бо меҳмонон дар Форуми ҷавонони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, ки дар вилояти Фарғона баргузор шуд, фаъолона иштирок карда, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ҷавонони ҳар ду кишвар ҳиссаи сазовор гузоштанд. Бояд гуфт, ки форуми мазкур дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ҷавонони тоҷику ӯзбек нақши назаррас бозид.
Дар соҳаи илм низ ҳамкориҳо сифати нав касб намуда, миёни муассисаҳои илмии ҳар ду кишвар равобити дуҷониба барқарор шуда, олимони ҳар ду кишвар дар ҳамоишҳои илмии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, бо ҳамдигар табодули назар менамоянд ва асарҳои илмиву амалӣ таълиф карда, дар ҳар ду кишвар онҳоро ба чоп мерасонанд. Дар ин замина байни олимони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамкориҳои густурда ба роҳ монда шуда, дар баъзе корҳои тадқиқотӣ ҳамдигарро шарикӣ менамоянд. Дар мулоқоти бо Президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон доиргардида, ишора шуд, ки ҷониби Ӯзбекистон омода аст дар ҳамаи соҳаҳои илм бо  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд ва дар конфронсҳо иштирок карда, чорабиниҳои муштарак доир намоянд. Ин  назари некбинона имкон медиҳад, ки дар оянда муассисаҳои илмии ҳар ду кишвар боз ҳам фаъолтар ба нафъи илм кор намоянд ва лоиҳаҳои муштаракро амалӣ гардонанд.
Ба хотири таҳкими дӯстӣ ва кумак ба кормандони соҳаи тибб Ҳукумати Ӯзбекистон сохтмони Маҷмааи тиббиро дар ноҳияи Қубодиён бунёд намуд. Маҷмааи мазкур аз шуъбаҳои қабул ва функсионалӣ, ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакон, урологӣ, чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бемориҳои кӯдакона, шикастабандӣ, асаб, дил, бемориҳои даруна, занона ва таваллудхона иборат мебошад. 
Ҳамкориҳои фарҳангӣ низ миёни ду кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монда мешавад. Аввали соли 2022 Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо Театри калони академии давлатии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ дар Тошканд Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расониданд, ки тибқи он сафарҳои ҳунарии дуҷониба, табодули санъаткорон ва дастаҳои ҳунарӣ, лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ, иштирок дар фестивал ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда мешавад. 
Дар ҳамин давра Ёддошти тафоҳум миёни иттифоқҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин маросими супоридани шаҳодатномаҳои аъзогӣ ба рӯзноманигорони варзидаи Ӯзбекистон баргузор гардид. Бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷониба шаш нафар рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ аъзои Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон гардидаанд. Ба ғайр аз ин, моҳи майи соли равон  миёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистону Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд ва аз 21 то 25 майи соли ҷорӣ бо мусоидати Намояндагӣ намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон ва рассоми тоҷиктабори ӯзбекистонӣ Э. Абдуллоев дар Тошканд доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки чорабиниҳои мазкур бори аввал дар ин сатҳ дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир шуда, саҳифаи нав дар рушди ҳамкориҳои рассомони ду мамлакат мебошад.  
Ба хотири арҷ гузоштан ба чеҳраҳои адабию фарҳангӣ низ дар кишвари дӯсту ҳамсоя як қатор чорабиниҳо доир мешаванд. Онҳо ҷашнҳои устод М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Қувноқро дар сатҳи баланд дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Ҷиззаху Намангон доир намуданд. Ба қарибӣ  дар бинои Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ӯзбекистон чорабинии маънавӣ-фарҳангӣ бахшида ба 81-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ доир гашт, ки дар кори он сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуд. 
Бо пешниҳоди роҳбарияти олии ду кишвар ҷиҳати таҳия филми ҳунарӣ дар бораи таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, дар симои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва  дар ин самт аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, таҳия, коркард ва эҷоди филмнома мавриди корбарӣ қарор гирифт. Ҳоло синопсиси ин филм омода шуда, барои шиносоӣ ба ду сарвари давлат пешниҳод гардидааст. Умедворем, ки баъди гирифтани назару андешаҳои ду роҳбар масъалаи таҳияи намоишнома ва наворбардории филм оғоз хоҳад ёфт.  
Дар ҳақиқат, миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносибатҳои некбинонаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо суръат идома дошта, ин иқдом дар таҳкими муносибатҳои дӯстона нақши бузург бозида истодааст.  Ҳар ду Сарвари хирадманд ва дурандеш – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев кӯшиши онро доранд, ки анъанаҳои неки бародаронаро боз ҳам пойдор гардонанд ва миёни халқҳои тоҷику ӯзбек дӯстии абадиву ҷовидонаро  мустаҳкам намоянд.
Ба ин хотир рӯзҳои наздик сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Бовар дорем, ки дар ин сафар  масъалаҳои ҳамкорӣ боз ҳам васеъ баррасӣ мешаванд ва равобити дӯстона ҳарчи зиёдтар таҳким меёбанд. Дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабинии дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Умедворем, ки ин сафари Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту ҳамсоя ва вохӯриаш бо Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Ш. Мирзиёев саҳифаҳои нави ҳамкориро миёни ин ду халқи дӯсту бародар боз менамояд ва равобити мо боз ҳам қавитар мегардад.


Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон 
дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: