Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 сентябр дар қароргоҳи худ дар шаҳри Ню-Йорк директори идоракунандаи Фонди байналмилалии асъор Кристалина Георгиеваро қабул кард.
Аз рӯи масъалаҳои инкишофи вазъияти иқтисодии ҷаҳон мубодилаи ҳаматарафаи афкор барпо гардид. Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ФБА, аз ҷумла дар заминаи тавофуқҳое, ки дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба дар моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуданд.
Роҳбари фонд ба натиҷаҳои барномаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода, омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич дар пешбурди ислоҳоти муассир дар кишвар изҳор дошт.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои иштироки ФБА дар гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи устувории бахши молиявии миллӣ, расонидани кумаки машваратӣ дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсати иқтисодӣ, инчунин татбиқи барномаи баланд бардоштани иқтидори мутахассисони идораҳои кишвари мо баррасӣ шуданд.