Президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон оид ба масъалаҳои мубрами шарикии стратегӣ "соатҳоро ҳамоҳанг карданд"

Дар қароргоҳи Куксарой музокироти президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ҳайати танг баргузор шуд.

Дар қароргоҳи Куксарой музокироти президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ҳайати танг баргузор шуд.

Дар оғози мулоқот Президент Шавкат Мирзиёев бори дигар Садир Ҷапаровро ба муносибати ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шуданаш муборакбод намуд ва изҳор кард, ки саъю кӯшишҳои ӯро оид ба таъмини зиндагии осоишта ва некӯаҳволии халқи қирғиз дастгирӣ менамояд.

Дар рафти мулоқот, ки дар фазои кушод ва дӯстона гузашт, сарони давлатҳо ба сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба баҳои баланд доданд. Роҳбарон доираи васеи ҷанбаи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва ғайра муҳокима карданд.

Президентҳо тасмими худро барои таҳкими шарикии стратегӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайн, инчунин саъйи худро дар иҷрои ҳуҷҷатҳои қаблан қабулшуда тасдиқ карданд. Созишнома оид ба нигоҳ доштани муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд бо мақсади тавсеаи муттасили ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо ба даст оварда шуд.

Аҳамияти таърихии Шартнома дар бораи Сарҳади давлатии Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки 5 сентябри соли 2017 ба имзо расидааст, таъкид гардид. Ба мақсади ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани делимитатсияи қитъаҳои боқимондаи марз байни кишварҳо, ба Комиссияи байниҳукуматӣ супориш дода шуд, ки музокиротро фаъолтар гардонад.

Инчунин мубодилаи афкор оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт, ки дар рафти он тарафҳо мувофиқати мавқеъҳоро аз рӯи аксари масъалаҳои мубрам тасдиқ карданд.

Президенти Қирғизистон изҳор намуд, ки саъю кӯшишҳои Ӯзбекистонро оид ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин ташаббуси кишвари моро оид ба баргузории вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои минтақа дастгирӣ менамояд. Ҷонибҳо аҳамияти баргузории Мулоқоти сеюмро дар ин формат дар соли 2021 қайд карданд.

Аҳамияти ноил шудан ба ҳалли ҳамаи маҷмӯи масъалаҳои дохилиминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби худи давлатҳои минтақа дар асоси манфиати тарафайн ва эҳтироми манфиатҳои якдигар таъкид гардид.

Саъйи тарафайн ба рушди ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ва дигар сохторҳои байналмилалӣ изҳор гардид.

Садир Ҷапаров ба Шавкат Мирзиёев барои меҳмоннавозии самимӣ ва пазироии дӯстона ба ҳайати Қирғизистон изҳори миннатдорӣ намуд ва инчунин ӯро даъват кард, ки бо боздид ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: