САГ ДӮСТИ ИНСОН, МО-ЧӢ?

Саг тахминан 10-15 ҳазор сол пеш аз гург ба вуҷуд омадааст.

 Бо гузашти солҳо одамон онро дастомӯз кардаанд, дар натиҷа вай ба дӯсти вафодори мо табдил ёфт. Воқеан, саг ҷонварест, ки чашмони тез ва ҳисси баланди бӯгирӣ дорад, ҳатто шино карда метавонад. Дар зарурат чандин метр боло мепарад. Мардум баъди ром ва парвариш кардани саг беш аз 400 зоти онро бо роҳҳои гуногун ба вуҷуд овардаанд, ки аз ҷиҳати ҷусса, сохти бадан, пашм, ранг, рафтор, вазифа аз ҳамдигар фарқ мекунанд. 
Сагҳо ба се гурӯҳ – хонагӣ, хидматӣ ва шикорӣ тақсим мешаванд. То имрӯз дар бораи дӯстони чорпои мо ҷилд-ҷилд китобҳо навишта шуда, таҳиягарон филмҳои мустанаду бадеӣ офаридаанд ва дар баъзе мамлакатҳо ба онҳо ҳатто муҷассамаҳо гузоштаанд.
Вале ҳоло мо доир ба қисмати таассуфовари сагҳои бесоҳибу велгард (дайду) ҳарф мезанем.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасвири видеоӣ паҳн шуд. Воқеа дар яке аз кӯчаҳои Самарқанд рух додааст. Дар он ҳамлаи саги оворагард ба писарчаи хурдсоли мактабхон ва аз куҷое расида омадани ронандаи таксиву писарчаро аз чанголи он халос кардани вай акс шудааст. 
Баъд аз ин назару ақидаи одамон нисбати сагҳои бесоҳиб чандин карат афзуд. Бисёриҳо қатъӣ талаб карданд, ки чунин сагҳо  зарароваранд ва онҳо бояд ҳатман несту нобуд карда шаванд. Баробари ин нафароне ҳам ёфт шуданд, ки сагҳои дайдуву ҷангараро ҳимоя карда, писарчаи бечораро гунаҳкор ҳисобиданд. 
Ҳамин тавр, дар байни мардум муаммои сагҳои бесоҳиб як сӯ монду баъзе ҳангоматалабон мавзӯи ҷанги сагҳоро ба миён гузоштанд. Бояд гуфт, ки ин одат – «набарди шадид»-и сагҳо дар миёнаи асри XVIII аз Англия сарчашма гирифта, минбаъд дар дигар кишварҳо паҳн гардидааст. Дар Ӯзбекистон сагҷанг дар асоси қонун манъ бошад ҳам, шахсони ба ном «тадбиркор» ҳастанд, ки сагҷангро ташкил ва тарғиб мекунанд. Бо ин роҳ даромади муфт меёбанд. Таассуфовар аст, ки одатан сагҳои ҷангӣ баъди хаста, пир ва ногиро шудан бенигоҳубин монда, дар кӯчаҳо сарсону саргардон мешаванд ва оқибат ба сагҳои велгарду бесоҳиб табдил меёбанд. Сипас, онҳоро кормандони идораҳои дахлдор дастгир карда, ба парваришхонаи махсус меоваранд...


«Терра» – маскани шафқату меҳрубонӣ 

Дар шафати майдони партовгоҳи Хишрави ноҳияи Самарқанд барои сагҳои бесоҳиб дар 22 сотих замин бо номи «Терра» парваришхона ташкил шудааст. Дар он беш аз 700 сар саги бесоҳиб аз ҷониби ихтиёриён  парастиш меёбанд. Таъминот бо маводи озуқа низ бар зиммаи ҷамъияти ҳимояи ҳайвоноти Самарқанд – «Терра» аст. Роҳбари он зани хайрхоҳу савобталаб Диана Бабаян мебошад. Ӯ арманӣ бошад ҳам, бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф мезанад. Вақте ки мо бо аъзои гурӯҳи «Самарқандро эҳё менамоем» ба ин парваришхона рафтем, ҷонварони хурду калон тозон сӯямон омаданд. Он лаҳза, бешубҳа, вуҷуди ҳар яки моро тарсу ҳарос пахш мекард, аммо ҷонварон ҳаракати газидан накарда, баръакс дум ликконда, ҳар яки моро бӯкунон боз дур рафтанд.
–  Ҳар рӯз аз шаҳри Самарқанд ва атрофи он аз 30-40 то 70 сар саги гуногунзот ба ин ҷо оварда мешавад, – гуфт Диана Бабаян. – Байтор ҳар яки онҳоро аз санҷишу ташхис гузаронида, дар қафас нигоҳ доштан ё рӯйи ҳавлӣ озод монданро маслиҳат медиҳад, мо ба гуфтаву фармудаҳои ӯ амал мекунем. Шукр, ки шахсони савобталаб бисёр, – сари саги дар паҳлӯяш истодаро  сила намуда, гуфт ӯ. Ин ҷонварон бо дилсӯзии онҳо гуруснаву ташна намемонанд, сиҳҳату саломат дар даву тозанд. 
Диана пас аз лаҳзае ба сӯе диққати моро ҷалб намуда суханашро идома дод. – Ана, бинед, дар он ҷо панҷ деги ғунҷоиши ҳар кадом 150 литр гузоштаем. Волонтёрҳо Анна Иванова, Виктория Пегова, Азиз Масеев аз 1,5 тонна гӯшт бо оқшоқ ё дигар навъи ғалладона хӯрок пухта ба ҳайвонҳо тақсим мекунанд. 
– Агар ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 40-50 сар сагро оваранд, масъалаи ҷойгиркунонии онҳо чӣ хел аст?
– О, ин муаммои калон. Хушбахтона, аз Русия, Эстония шахсони алоҳида аз сагҳо харидорӣ мекунанд. Ва мо сагҳоро дар асоси ҳуҷҷат ба соҳибони нав месупорем. Аммо бояд гуфт, ки дар байни харидорон шахсони манфиатпарасту мунофиқ ҳам будаанд, ки бо ҳар гуна фиреб сагҳоро харида, онҳоро ба гӯшт мефурӯхтаанд. Чанд нафари онон ба даст афтода, ҷазои муносиб гирифтанд. 

 

Қонун зарур аст!
Арбоби ҷамоатӣ ва давлатии Ҳиндустон Махатма Ганди таъкид кардааст, ки бузургӣ ва афзоиши маънавии миллатро метавон бо муносибати ӯ нисбати ҳайвонот андоза кард. Дигар бузургону алломаҳо низ оид ба ин масъала андешаҳои ҷолиби диққат доранд. Вале афсус, ки дар амал, тавре ки мегӯянд: гап дигару кор дигар аст. Баъзе волидайн ба фарзандон аз бачагиаш талқин мекунанд, ки саг нопоку гурбаҳо паҳнкунандаи бемориҳо ҳастанд. Ана барои ҳамин шумораи сагҳои велгард меафзояд. 
Бинобар ҳамин таклиф мекунем, ки ҳар шахсе, ки саг ё гурбаро барои парасторӣ мегирад, барои ҷонвар ҳуҷҷат таҳия кунад, онҳоро дар муддати муайян аз назорати байтор гузаронад. Агар соҳиби саг ё гурба ба қоида амал накунад, ба ҷарима кашида шавад. Шояд ин ба кам шудани сагҳои оворагард сабаб шавад. 
Масалан, дар Амрико ҳатто агар соҳиби ҳайвонот аз назорати байтор нагузарад, то 500 доллар ҷарима медиҳад. 
Олмон аввалин давлатест, ки дар он бинобар Қонуни асосӣ барои ҳимояи ҳайвонот модда мавҷуд буда, дар ин соҳа ҷаримаҳои баланд ҷорист. Дар Нидерландия сагҳои беҳудагард мутлақо набудаанд. 
Пас чаро дар кишвари мо ба ин масъала аз паси панҷа менигаранд? 
Фаромӯш накунем, ки паёмбарон низ нисбати сагу гурбаҳо меҳрубону ғамхор будаанд ва таъкид кардаанд, ки зулм нисбати ҳайвонот гуноҳи азим аст. 

Зоҳир Ҳасанзода,  хабарнигори "Овози тоҷик" дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: