Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаро баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 сентябр дар доираи барномаи сафар дар шаҳри Ню-Йорк дар қароргоҳи барояш ҷудошуда Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишелро қабул кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аврупо, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Сатҳи олии кунунии муносибатҳои дуҷониба бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд. Сафари сарвари Шӯрои Аврупо ба Ӯзбекистон, нишастҳо дар формати «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ», Конфронси байналмилалӣ оид ба пайвастагӣ ва форумҳои иқтисодӣ бомуваффақият баргузор гардиданд.

Аз аввали сол муомилоти моли Ўзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо  35 фоиз афзуд, лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи аврупоӣ амалӣ мегарданд, чорабиниҳои назарраси фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Зимни мулоқот масъалаҳои қабули ҳарчи зудтари Созишнома дар бораи шарикии васеъ ва ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ, инчунин амиқсозии ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт, аз ҷумла тавассути имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар асоси дарозмуддат баррасӣ шуданд.

Президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел нақши раҳбари Ӯзбекистонро дар пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими муносибатҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Ба рушди долонҳои самарабахши нақлиётии байналмилалӣ, аз ҷумла масири мултимодалии Транс-Каспий таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар бораи вазъияти дар Афғонистон ба амаломада, аз ҷумла, саъю кӯшиши расондани ёрии башарднстона ба халқи афғон низ мубодилаи афкор барпо гардид.

Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи бисёрҷониба баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: