ДУХТУРЕ АЗ ОИЛАИ МЕЪМОР

Шукр, ки дар замони мо низ табибони ҳозиқи ба савганди Ҳипократ содиқ кам нестанд.

Шукр, ки дар замони мо низ табибони ҳозиқи ба савганди Ҳипократ содиқ кам нестанд. Онҳо чун ворисони асили Синои бузург ба халқ хидмати беминнат мерасонанд. Албатта, дар ҳаққи на ҳама шифокорон метавон чунин гуфт. Зеро ҳастанд нафароне ба ном шифокор, ки мутаассифона, на дониши мукаммал доранду на ба савганд содиқ мондаанд ва баръакс гоҳе хилъати сафеди духтуриро доғдор ҳам месозанд. Шукри беҳад, ки қаҳрамони мо бо дониши хуб ва фазилатҳои некаш ба халқ хидмати холисона ва беминнат менамояд.
Илҳом Сафаров соли 1971 дар шаҳраки зебоманзари Бойсун, ки он замон шомили ноҳияи Шеробод буд, аз оилаи меъмор – Собирака таваллуд ёфт. Падар, азбаски худ маълумоти олӣ дошт, ба таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ медод. Ӯ қобилияти хуби писарашро дарк намуд. Илҳомҷони зирак фанҳои кимё ва биология, анатомияи одамро хуб аз худ мекард. Муҳити дар назар кӯчаки Бойсун аз аввал мутахассисони соҳаи тиббиётро ба камол мерасонад. Бинобар ин дар ноҳия шифокорони хуб бисёранд.
Илҳомҷон солҳои 1979-1989 таҳсилоти ҳамагониро дар мактаби 52-юми ноҳия фаро гирифт. Бо кӯмаки устодаш Муаззама Раҳмонова ба фанҳои кимё, биология ва анатомияи одам таваҷҷӯҳи бештар кард. Бинобар ин баъди хатми мактаб соли 1989 ба Донишкадаи давлатии тиббиёти Лвови Украина ҳуҷҷат супорида, дохил шуд. Пас аз ду соли таҳсил ба сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли худро ба даст овардани Ӯзбекистон таҳсилро дар Ватан ба факултаи муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббиёти Самарқанд идома дод. Аз устодони ботаҷрибаву пурдони ин даргоҳи илм сабақ бардошта, онро соли 1995 бомуваффақият хатм намуд.
Илҳомҷон Сафаров аз замони донишҷӯйӣ хуб медонад, ки дар соҳаи табобат набояд шахсони тасодуфӣ хонанду кор кунанд, зеро бесаводии табиб метавонад ба умри инсонҳо зомин шавад ва ё ба маъюбу ногирогарди онон сабаб гардад. Аз ин рӯ, ӯ мудом алайҳи чунин ашхос, ки як иллати ташвишовари ҷомеа ҳастанд, мубориза мебарад.
Илҳомҷон баъди хатми донишкада ба Тирмиз баргашта, солҳои 1995-1996 муддати ду сол интернатураро дар шифохонаи марказии он гузаронид. Сипас, соле дар шифохонаи рақами 2-юми шаҳр ҳамчун терапевт-шифокор кор кард. Солҳои 1996-2000 дар поликлиникаи ҳарбии рақами 1-и Тирмиз хидмат намуда, донишу таҷрибаи худро такмил дод.
Соҳаи ҳарбӣ тартибу низоми худро дорад. Маълум, ки шахсони ҳарбӣ дар як ҷо кор намекунанд. Ватан куҷое фармояд мераванд. Илҳомҷонро низ соли 2000 ба госпитали Тахиятоши Қорақалпоқистон сафарбар намуданд ва ӯ то соли 2004 дар он ҷо ва баъд то соли 2008 дар госпитали ҳарбии Қаршӣ ба сифати шифокор-терапевт кор кард.
12 соли фаъолият дар госпиталҳои Тирмизу Қорақалпоқистон ва Қаршӣ барои ӯ дарси ҳаёт ва кӯрагоҳи таҷрибаомӯзӣ гардиданд.
Ниҳоят, соли 2008 баъди баргаштан ба шаҳри Тирмиз ӯ дар шуъбаи вилоятии Маркази махсуси илмию амалии соҳаи кардиологияи ҷумҳурӣ фаъолияти хешро чун шифокор-методист идома дод. Соли 2015 ӯро мудири шуъбаи касалиҳои дил ва раги хунгузар таъин намуданд. То ҳол дар ин вазифа кор мекунад. 
– Барои шифокори асил шудан сараввал бояд дониши мукаммал дошта бошед. Зеро шумо бо тақдири инсон, саломатии ӯ, ки неъмату сарвати бебаҳост, сарукор хоҳед дошт. Шифокор бояд холисона ва беғараз кор кунад, тамаъгар набошад. Муомилаи хуб дошта бошад. Зеро муомилаи табиб шояд беҳтарин табобат ва дармон барои бемор аст. Ин се омил шифокорро дар байни мардум маъруф мекунанд.
– Оре, шифокор ҳақ аст. Ҳамаи ин хислат ва сифатҳо дар тинати ӯ ҳувайдоанд. Дар қабулгоҳаш ҳамеша корафтодагонро ба навбат мебинед. Зеро аксарият мехоҳанд, ки маҳз аз муоинаи ӯ гузаранд ва мувофиқи ташхиси муайянкардаи вай табобат гиранд. Ба ноҳияҳои дурдаст низ ӯро мебаранд. Илҳомҷон Сафаров ба беморон шифо бахшиданро беҳтарин мукофот медонад.  Нагуфта намонад, ки забони модариаш – тоҷикиро хеле хуб медонад ва онро пос медорад. Бо забонгумкардагон муросо надорад.
Ӯ дар оила низ инсони хушбахт аст. Падари 7 фарзанд ва як набераи дӯстрӯст. 

Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: