УСТОИ СОҲИБНОМ

Аз теғаи кӯҳи Темирсандуқ вуҷуди заррини офтоб падидор гашта, ҳаётро дар ин музофот ба ҷӯш меовард.

Вақте мо вориди ҳавлии Усто Камол шудем, ӯро дар айвон дидем, ки сутунвор қад кашида, нигоҳи хаставу андешамандаш ба дуриҳо дӯхта шуда буданд. 
– Ман дигар фармоише қабул намекунам, бародар. Айб накунед! Пир шудаам, қувватам намерасад, ки корҳои душвори дуредгариро хуб ба сомон расонам, – гуфт ӯ пас аз салому алейк.
Чун фаҳмид, ки мо корфармо не, балки корманди рӯзномаи ҷумҳуриявӣ ҳастему муродамон  навиштани лавҳае аз рӯзгори ӯст, олами дилаш гӯё чароғон шуд.
– Э ман қурбони шумо! Номи мана дар «газит» мебароред? Ҳамин устои акнун фартутро-а!
– Албатта!  
– Э ман фидои ҳамзабонон! Фикр карда бинам, умрам бино шудаву қариб шаст сол дуредгарӣ карда, аз ягон ташкилот ба арзи сипос як пора коғаз нагирифтаам, ё ҳамин Усто Камол ҳам одами хуб гуфта, «Ташаккурнома» надодаанд. Ана дар гашти умр номи ман дар «газит» мебарояд. Ин аз сад туҳфа баландтар. Ман садқаи ҳар қадами шумо...
Усто Камол риши барфсон сафедашро қабза мекарду аз нав раҳо менамуд, вуҷудаш аз ифтихор пур шуда буд, ки дона-дона ашкҳои чашмонаш бари рухсори пурожангашро тар мекарданд. Вай дар ин субҳи босафо, ки офтоб навакак рӯ кушодаву ба ҳусни табиати кӯҳистон ҳусн меафзуд, чаманвор шукуфта, хаёле қомати пиронааш рост шуд ва гӯё як ваҷаб сабзид.
Усто Камол дар бораи рӯзгораш ҳикоякунон, моро ба устохонаи худ ҳидоят намуд. Онҷо маҳалли користонро мемонд. Гуна-гуна асбобҳои корӣ, дастгоҳҳои барқӣ...  Усто ҳар кадоми онҳоро, ки аз барои амалеву соҳае сохта шудаанд, ба даст мегирад ва аз нигоҳи пурмеҳраш аён аст, ки чӣ қадар дӯст медорад ва ба ҳар кадом меҳру муҳаббати алоҳидае дорад. Мушоҳида кардам, ки ангуштони Усто Камолро доғу захмҳои бисёре «оро» медиҳанд. Вай аз нигоҳи мо рамуз бардошта, гуфт, ки ин ангуштон фидои касб шудаанд ва ҳар кадом таърихчае доранд. 
Хонаву дари ӯ ҳамранги манзилҳои аҳли гузар буда, одиву фақирона ба назар мерасад. Аммо аз сирати ин марди ҳунар дарёфтам, ки дили покизаву хӯйи хуби инсонӣ дорад, гуфтору рафтораш аҷаб самимӣ ва саршор аз меҳр аст. Аслан мардуми кӯҳистон содадил ва беғуборанд, кас аз суҳбати онҳо сер намешавад.      
Вақте дар дафтари қайдҳои худ, шунидаҳоямро менавиштам, бо як гӯшаи чашм дидам, ки Усто Камол ба дарёи хаёл ғӯтида буд, шояд панҷ писари худро ба ёд меовард, ки низ касби падар омӯхта, ҳоло дар кадом як шаҳри Русия бо дуредгарӣ машғуланд. Рустам, Ӯктам, Ӯткур, Рамазон ва Улаш ном доранд писарони ӯ, ки асрори ин пешаро аз падар омӯхта, дуредгар шудаанд. Назар ба нақли муйсафед ӯ чандин бор хоҳиш кардааст, ки ба мулки бегона нараванд, дар деҳа ҳам кор бисёр аст. Онҳо сад ваҷҳ оварда Устои пирро мутмаин сохтаанд, ки дар Русия музди бештар медиҳанду дар Боғучорбоғи мо чунин даромад ҳатто дар хоби устоҳо намедарояд. Аммо ба фикри Усто Камол оби дари хонаро қадр накардан кори хубу сутуданӣ нест. Вай аз он дар тааҷҷуб монда, ки аксар ҳунармандон тарки ватан мекунанду кишвари бегонаеро обод. Ҳоло дар Боғучорбоғ танҳо устоҳои калонсол мондаанд, ки хидмати мардумро алоқадри ҳол ба ҷо меоранд.
Усто Камол Раҷабов 77 сола аст. Вай 10 майи соли 1946 ба дунё омад, дар ҳамин ҷо – деҳаи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонбод. Падарашро Раҷаб, модарашро Эрка мегуфтанд. Онҳо ӯро ба дунё оварда, пасон ба кадом сабабе аз ҳам ҷудо шудаанд. Камол дар дасти бобояш Раҷаб оқсақол тарбият гирифт. Ӯ устои номдори музофот буд, ба набераи зиндаҷудо асрори касби дуредгариро ёд дод. Баъдан тағоҳояш Қурбонмуроду Абдумурод, ки низ устоҳои номӣ буданд, дасташро дар ин пеша росттар карданд. Камоли хушзеҳн нозукиҳои дуредгариро зуд омӯхта, ҳанӯз дар ҷавонӣ ба кори мустақил шурӯъ кард, барои мардум дару тиреза месохт. Баъдтар ба корҳои нисбатан мураккаби сохтмон чун хонасозиву пӯшондани боми онҳо низ иқдом кард. Пас аз хатми мактаб солҳои 1967-1970 дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Ватан хидмат намуд. Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки ҷойи хидматаш буд, низ дар гурӯҳҳои сохтмон кор кард. Чун ба зодгоҳ баргашт, Камолро дар мактаби рақами 10 ба кор қабул намуданд. Дар ин ҷо то соли 1972 ба шогирдон ҳунари дуредгариро омӯзонд, сипас мудири хоҷагӣ таъин гардид, ҳамзамон ҳунари корҳои дуредгариро иҷро кард. Соли 1979 «Бошчорбоғ» аз таркиби хоҷагии ба номи Усмон Юсуфов баромада, хоҷагии мустақил шуд. Усто Камол дар хоҷагии навбунёд то соли 2006 чун дуредгар кор карда, ба нафақа баромад. Ҳамдеҳагон Усторо ба ҳолу ҷонаш намонда, раиси тадбирҳои ҷашнҳо ва тӯйҳои гузари Айнии Боғучорбоғ таъин карданд, ӯ 7 сол ин вазифаро бо сидқи тамом баҷо овард. 
Аммо айни ҳол Усто Камол қоил аст, ки пирӣ дигар имкон намедиҳад ҳоҷати мардумро пурра бароварда созад. Аз ин хотир на ҳама фармоиши ҳамдеҳагонро қабул мекунад. 
Вай мегӯяд, бигзор акнун устоҳои моҳиру чирадаст аз қабили Исҳоқ Ҳамдамов, Нуралӣ Усмонов, Абдувалӣ Нодиров ва Рӯзимурод Аннаев, ки шогирдонаш мебошанд, кори ӯро идома диҳанд. Боз дар Боғучорбоғ Ашурқул Ҷӯраев, Сайлав Ҷӯраев барин устоҳои номдор ҳам ҳастанд, ки дар кори дуредгарӣ аз ӯ монданӣ надоранд. Ҳоло мушкилкушои корҳои сохтмони мардуми Боғучорбоғ ҳамин устоҳои овозадор ба шумор меоянд.
Усто Камол Раҷабов мегӯяд, ки ҳангоми иҷрои кори мардум нархи алоҳида нагузоштааст, ҳарчи онҳо чун подоши хидмат ва ҳунараш додаанд, ба дида молида, ба хона овардааст. Агар касе бар ивази кор маблағе надода бошад ҳам, хафа нашудааст. Баръакс, чун тӯшаи охират (кори савоб) қабул кардаву ба зиндагии худ идома додааст. 
Дидем, ки дар хонаи Усто Камол як ҷувози равғанкашӣ ҳам ҳаст. Ин ҷувозро худи Усто сохта,  солҳои зиёде аҳли деҳаро бо равғани зағир таъмин кардааст. Замоне талаботи мардум ба равғани ҷувоз зиёд буд. Ҳоло ин ҷувози Усто низ чун анҷому асбобҳои дигар моли таърих шудаанд. Аммо номи Усто Камол дар қалби мардуми баори Боғучорбоғ боқӣ хоҳад монд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик», дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: