МАСКАНИ ТАРБИЯ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ойдини ноҳияи Мирзоободи Сирдарё муассисаи нави таълими томактабии давлатии рақами 8 ба истифода супурда шуд.

Ин бинои замонавӣ дорои воситаҳои таълиму тарбияи талаби имрӯза аст. Муассисаи мазкур зиёда аз 500 нафар кӯдакро фаро гирифта, аз ҷониби бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қурулиш инвест» бунёд гардид. Барои ин 1 миллиарду 500 миллион сӯм харҷ шуд. 
Дар маскани тарбия шабакаи санитарию гигиенӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаҳо мувофиқи синну сол, толори мусиқӣ, шоҳмот, шашка, хонаҳои забонҳои хориҷӣ, ошхона, зали хӯроки умумӣ, айвончаҳои тобистона, майдончаҳои бозӣ барин қулаиҳо бобати истироҳат ва илмомӯзӣ дар хидмати наврасон аст. Мураббиҳои бомалака аз усулҳои интерфаъол истифода намуда, дар доираи Барномаи давлатии «Қадами аввал» барои гурӯҳҳои хурдсол машғулотҳо гузаронида, дар ташаккул додани ҳаёти солим ва боло бардоштани салоҳияти зеҳнии тарбиягирандагон саҳми худро мегузоранд. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: