Аз 1-уми январи соли 2024 дар кишвари мо Барномаи «Саёҳат бидуни монеа» амалӣ хоҳад шуд.
Дар Самарқанд низ барои маъюбу маълӯлон шароити мусоиди сайру гашт омода шудааст.
Мо, чанд нафар журналистон маҳз бо мақсади шинос шудан бо шароити қабули сайёҳон, ки дар байни онҳо шахсони имконияташон маҳдуд ҳам ҳастанд, мувофиқи хатсайрҳои эшон гашту гузор намудем.
Воқеан, аксар сайёҳони хориҷӣ боздид аз ёдгориҳои таърихии Самарқандро аз маҷмӯи Регистон, ки аз мадрасаҳои Мирзо Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ иборат аст, оғоз менамоянд.
Мо мушоҳида намудем, ки як гурӯҳ меҳмонон бо автобусҳои замонавӣ омада фаромаданд, ки дар байни онҳо як нафар дар аробача буд. Ҳамин вақт ду бону дар либоси низомӣ омада, барои ҳаракати аробача кумак расонданд, ки аз ин таъби ҳозирон болида гашт.
Роҳбалад ба забони ҷопонӣ фаҳмонд, ки онҳо дар хизмати меҳмонони гиромӣ ҳастанд.
Сипас аробача ба ҳаракат даромаду саворааш аз тамошои ёдгориҳои таърихӣ хушҳол гардид. Ӯ қабл аз худоҳофизӣ боз чанд маротиба миннатдор буданашро бо ишора изҳор дошт.
– Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шахсони имконияташон маҳдуд низ ҳам дар рӯйи ҳавлӣ ва ҳам дохили иншоот бо аробача озод ҳаракат кунанд, – гуфт директори маҷмӯи Регистон Хонқул Самаров. – Дар асоси машварату маслиҳат бо меъморони соҳибтаҷриба роҳравҳои алоҳида ва ҳатто хоначаҳои махсус бунёд гардиданд.
Дар мадрасаҳо барои шахсони чашмонашон хира ё нобино харитаи сайру гашт бо алифбои Брайл мавҷуд аст. Қариб 15 нафар роҳбалад дар хидмати шахсони имконияташон маҳдуд мебошанд.
Дар маҷмӯи Бибихонум низ барои маъюбу маълӯлон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки мо инро бо чашми худ дидем.
– Бо мурури замон ҳусни маҷмӯи мазкур хеле коҳиш ёфта буд, – гуфт ходими маъмурияти он Гулбаҳор Оқилова. – Бо дастгирӣ ва кумакҳои молиявии ҳукумат корҳои ибратбахш ба фарҷом расиданд. Аз ҳама муҳимаш, барои шахсони имконияташон маҳдуд шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Чунин шароитро дар маҷмӯъҳои Гӯри Мир, Шоҳизинда, Дониёрпайғамбар ва ёдгориҳои дигари таърихии Самарқанд мушоҳида кардем.
– Дар асоси қарору фармонҳои сарвари давлат барои шахсони имконияташон маҳдуд шароити хубу шоиста ва, албатта, хидмати ройгон мавҷуд аст, – мегӯяд раиси ҷамъияти маълӯлони вилояти Самарқанд Дилмурод Пардаев,– аммо дар ин самт ҳанӯз мушкилот низ ҳастанд. Масалан, ҳоло зимистон дар мекӯбад. Мавсими барфу борон ва ҳавои сард оғоз меёбад. Аксарияти майдонҳои маҷмӯи ёдгориҳои таърихии Самарқанд мармарпӯшанд. Ҳаво, ки хунук шуд, замин ях мекунад, гаштугузор барои шахсони имконияташон маҳдуд душвор мегардад.
Боз як масъалаи муҳим, ин чандон хуб набудани ҳолати роҳҳои бозор, осорхонаҳо, театру китобхонаҳо, тарабхонаҳо, вокзал, аэропорти байналхалқӣ ва дигар ҷойҳои серодам аст.
Умед дорем, ки ин мушкилот низ ҳалли худро меёбанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.