ФАРОҒАТГОҲИ БАЧАГОНАИ ХОНДИЗА

Хондиза деҳаест хушманзараву дилнишин.

 Ин гӯшаи фароғатбахш бо ҳавои фораму меваҳои ширинаш, бо мардуми меҳнатдӯсту меҳмоннавозаш овозадор аст. Ҳар кас, ки аз ин ҷо дидан мекунад, дил канда наметавонад аз табиати мафтункораш. Дарёи шӯх аз баландиҳои кӯҳ ҷорӣ шуда, аз миёни деҳа мегузарад. Деҳа саросар бо боғу роғҳои босамар иҳота шудааст. Ана дар канори чунин як манзараи дилфиреб фароғатгоҳи бачагонаи дорои ҳама гуна шароит мавҷуд.
Ин фароғатгоҳ аз соли 1964 инҷониб фаъолият мекунад. Дар айни замон дар тасарруфи  Федератсияи иттифоқҳои касаба кори худро пеш мебарад. Ҳар сол дар фасли тобистони тафсон фарзандони воҳаи Сурхон ва берун аз он омада таътили тобистонаро дар ин фароғатгоҳ пурмазмун мегузаронанд. Хуллас, ин маскани истироҳатӣ аз дигар масканҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Ба ин фароғатгоҳи бачагона солиёни зиёд марди фарҳангдӯст, шеърдӯсту шоиртабиат Раҳматулло Соҳибов сарварӣ намуд. Маҳз дар даврони раҳбарии ӯ фароғатгоҳ хеле ободу зебо гардид. Ҳама  шароит муҳайё карда шуд. Толори замонавӣ барои гузаронидани чорабиниҳои маданӣ-варзишӣ, ошхонаи шинам, бинои нави хобгоҳ ва ҳавзи калон барои оббозӣ бунёд карда шуд. Аз миён чандин фароғатгоҳи бачагона баста шуданд, вале ин маскан ба туфайли чашмикордонии ин марди батадбир на танҳо нигоҳ дошта шуд, балки боз ҳам ободтар шуд. Ҳоло бошад, фароғатгоҳро писари ӯ, ҷавони оқилу доно Ҳусниддин Соҳибов сарварӣ мекунад. Ӯ низ чун падар шахси шоиртабиат буда, хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Тирмиз мебошад. Чандин сол дар мактаби рақами 76-уми Хондиза дар вазифаи ҷонишини директор оиди корҳои илмӣ ва омӯзгорӣ забон ва адабиёти тоҷик фаъолият нишон дода, таҷрибаи кофӣ пайдо кард ва инак вазифаи пурмасъулияти ба зиммааш бударо сарбаландона адо карда меояд. Дар урфият мегӯянд, ки «мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз». Ҳусниддин аз зумраи шахсонест, ки ҳам илми падар омӯхту ҳам касби падар. 
Фароғатгоҳ чун ҳарсола дар мавсим тайёрии ҷиддӣ дида, аз 10 июни соли равон ба кор шурӯъ кард. Имсол дар чор навбат (яъне, дар ҳар навбат 13 рӯзӣ), ҷамъ 875 нафар бачагон табъи дил истироҳат намуданд. Дар ҳар давр 7 гурӯҳ ташкил карда шуд. Дар маскан 1 нафар сармутахассис, 7 нафар мутахассиси пешбаранда ва 7 нафар тарбиятдиҳанда, инчунин омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ ҷалб карда шуданд. Дар маскан дар заминаи 5 ташаббус: маҳфилҳои варзишӣ, рассомӣ, компутеромӯзӣ, инчунин забони англисӣ, табиатдӯстони ҷавон ва дастони моҳир фаъолият мебаранд. Ҳини ифтитоҳ ва анҷом ёфтани ҳар як даври истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ташкил мегардад. Ҳар сари вақт саёҳат дар оғӯши табиат  ба бачагон кайфияти хуш мебахшад. Дар маскан на танҳо аз ноҳияҳои вилоят, балки аз дигар минтақаҳо, яъне аз шаҳри Тошканд, вилоятҳои Самарқанду Бухоро низ бачаҳо омада истироҳат менамоянд. Ҳоло даври чаҳоруми истироҳати бачагон идома дорад. 
     
Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: