9.САРМУҲАРРИРИ АВВАЛИНИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

»Дар осмони маърифатпарвари тоҷики ибтидои асри ХХ-ум боз як симои забардасти сазовори фарҳангу маданият дурахшид, ки дар байни ҳамзамонҳояш бо тахаллуси Қурбӣ сазовори ҳурмату эътибор гардид.

Номи аслии ӯ Абдуқаюм буд.
Абдуқаюм соли 1886 дар гузари Боғимайдон (дар баъзе маъхазҳо Заргарон)-и шаҳри Самарқанд дар оилаи Ҳамроқул ном заргари босавод таваллуд шуд. Падари бузургвораш мехост писараш дар оянда чун шахси босавод ба камол расад. Ин аст, ки Абдуқаюм, баробари таҳсил дар мактаби кӯҳна, дар назди муаллими хусусӣ – шоири тавонои ҳамон давр Саидаҳмади Васлӣ савод меомӯзад. Устодаш зеҳни тез ва ҳофизаи хуби Абдуқаюмро пай бурда, ба тарбияи ӯ аҳамияти махсус медиҳад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ сарфу наҳв ва ҳисобу китобро аз худ карда, хонданро дар яке аз мадрасаҳои Регистон, ки мударриси босавод Эшони Тӯра сарварӣ мекард, давом дод. Баробари ин шабонгоҳ дар паҳлӯйи падар нишаста, аз сирру асрори касби заргарӣ хабардор мешуд.
Падараш, ки аҳли савод буд, дар байни шоиру маорифпарварони ҳамон давр дӯстони зиёд дошт, баъзан дар меҳмонхонаи ҳавлиаш нишастҳои маърифатӣ ташкил мекард. Дар ин гуна нишастҳо зиёиёни замон Саидаҳмад Васлӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Мирзо Ҳодӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Саидризо Ализода ва чанде дигарон ҷамъ шуда, баробари шеърхонӣ, нисбати вазъи ҷамъияти онрӯза, навигариҳои иҷтимоӣ суҳбатҳо меоростанд, дар бораи ташкили мактабҳои навусул, саводноккунии  бачагон фикру андешаҳои худро баён мекарданд. Абдуқаюми ҷавон аз ин гуна суҳбатҳои фозилон баҳравар мешуд. Ӯ акнун шеърҳои навмашқона менавишту аз устодаш маслиҳатҳо мегирифт. Дар ин миён падараш Мулло Ҳамроқул ба касалии бедавое гирифтор шуда, аз дунё гузашт. Акнун бори зиндагӣ ба дӯши Абдуқаюм афтод. Аз ин рӯ тарки мадраса карда, дукони падарро аз нав ба кор монд ва бо заргарӣ машғул шуд.
Бояд гуфт, ки дар ибтидои асри ХХ дар Самарқанд бо ташаббуси равшанфикрон омӯзишгоҳ ва семинарияҳои шабона ташкил шуда буданд. Абдуқаюм низ барои такмил додани маълумоти худ баъди кори дукон шабона ба хондан шурӯъ кард. Ҷаҳонбинии ӯ хеле васеъ шуда буд. Баробари забони модариаш, русӣ, туркӣ, озарӣ ва арабиро мукаммал омӯхта, ҳамчун аҳли фарҳанг ба пешрафти мактабу маориф ва дигар соҳаҳои ҷамъият намуна мешуд. Ӯ барои аз нав барқарор кардани суҳбати дӯстони падар дар болои дарвозахонаи ҳавлии падарӣ болохонаи базебе сохта, онро бо нақшҳои гуногун оро дод. Дар бунёди болохона дӯстонаш Абдуқодири муҳандиси Хумдончӣ, Усто Камол, Мирзо Ҳасани Наҷҷор  ва ғайра ёрдам доданд. Акнун дар ин ҷо баробари дигарон Нақибхони Туғрал, Ҷавдат, Ҳоҷӣ Муин, Тӯрақул Зеҳнӣ ва чанде дигарон низ ҷамъ омада, базми шеъру шоирӣ меоростанд. Абдуқаюм, ки аз касби заргарӣ фоидаи хуб ба даст медаровард, тамоми хароҷоти ин гуна нишастҳоро ба дӯши худ мегирифт. (Ҳоло ин болохона дар ҳавлии қадимаи Қурбӣ барҷост. – Ҳ.Ҷ.)
Абдуқаюм Қурбӣ инқилоби соли 1917-ро бо хурсандӣ қабул кард. Аввалин шуда ба ҳизби коммунистӣ аъзо шуд. Чандин вақт ҳамчун сарвари ташкилоти ҷавонони вилояти Самарқанд фаъолият нишон дод. Ташкили  мактабҳо, тарбияи муаллимони босавод, сохтани китобхонаю қироатхонаҳо барин корҳои маънавӣ ва маърифатиро ба зимма дошт. Баробари ин, аз паси эҷод мешуд. Пасу пеш намунаҳои эҷодиёташ дар матбуоти даврӣ чоп мешуданд. Бо ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» дар алоқаи наздик шуда, ҳамкориро бо кормандони он Саидризо Ализода, Фахриддини Роҷӣ, Ғуломалӣ Козимзода ва ғайра мустаҳкам кард. Аз ҷониби дигар дар бораи мардуми Бухорои Шарқӣ низ фикр мекард. Зеро дар он музофот душманони синфӣ ба пешравии ҷамъияти нав монеъ мешуданд. Абдуқаюми нотарсу далер зуд-зуд ба он музофотҳо рафта, барои ташкили мактабҳои маҳви бесаводӣ ҳаракат мекард. Мактабҳои навусул ангуштшумор буданд, аз ин рӯ мебоист аз Самарқанду Бухоро одамони босаводро ба он ҷойҳо сафарбар мекард.
Тавре ки гуфтем, Туғрал бо Қурбӣ дар алоқаи наздик буд. Шоир барои чопи девонаш азияти моддӣ мекашид. Қурбӣ ва шоирони дигар – Васлӣ, Тамҳид, Роҷӣ, Хилъат, Ҷавдат аз ҳисоби худ девони Туғралро дар матбааи Косон аз чоп бароварданд. Дар охири китоб муаллиф бо дӯстонаш барои чопи он бо порчаҳои шеърӣ миннатдории худро изҳор дошт. 
Буд яке фозили «Қурбӣ» лақаб,
Қурбати ӯ чопи маро шуд сабаб.
Он қадараш саъй дар ин кор буд,
Гарди ғам аз синаи ман ӯ сутуд,
Ҳар нафасу ҳар даму ҳар лаҳза ӯ,
Дошт дар ин амр басе ҷустуҷӯ.
Бандаи Қайюму ғуломи Ҳай аст,
Шаккаре чун лаъли лаби ӯ кай аст?
Акнун Қурбӣ баробари бо корҳои ҳизбию давлатӣ банд будан, инчунин бо мақолаҳои таъсирнок дар матбуоти даврӣ фаъолона иштирок мекард. Ӯ дар ин гуна навиштаҳояш мардумро ба ҳаёти озодона ва саводомӯзӣ ҳидоят менамуд. Дар шабнишинҳо, ки дӯстонаш Тамҳид, Хилъати Ҷавдат, Ҷомеъ, Аҳмади Равнақ, Вадуд Маҳмудӣ ва дигарон иштирок мекарданд, Қурбӣ ҳамчун ходими фаъоли ҳизбу давлат барои бартараф кардани ҳаракатҳои душманон ва хоинони ҷамъият маърӯзаҳои оташин мекард.
Абдуқаюми Қурбӣ мехост барои пешрафти маънавияту маданияти тоҷикон нашрияе ташкил карда шавад. Зеро барои мардуми Самарқанд ин нашрия зарур буд. Ӯ ин масъаларо бо факту далелҳои раднопазир исбот кард. Дар ҳамин асос дар кумитаи ҳизб қарор қабул шуд ва ҳафтаномаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва адабию бадеии «Шӯълаи инқилоб» дар ҳаҷми 8 саҳифа таъсис ёфт. Адиби маърифатпарвари тоҷик Саидризо Ализода муҳаррир, Фахриддин Роҷӣ ва Ғуломалӣ Козимзода чун ходимони адабии ҳафтанома ба кор шурӯъ карданд.
Ҳаминро бояд гуфт, ки душманони миллат, алалхусус, пантуркистон барои нест кардани ин нашрияи тоҷикӣ ҳарҷониба ҳаракат мекарданд. Ин аст, ки ҳамагӣ 92 шумораи «Шуълаи инқилоб» рӯйи чопро диду сипас баста шуд. Қурбӣ он замон дар Самарқанд набуд. Ӯро бо қарори Кумитаи марказӣ ба Тошканд ба кори ҳизб ба кор даъват карда буданд. Баста шудани ҳафтанома ба Абдуқаюми Қурбӣ сахт таъсир кард. Ӯ дар Тошканд кор кардан намехост. Зеро аксар дӯстонаш дар Самарқанд буданд. Чанд маротиба ба масъулони ҳизби коммунистии Туркистон ин мақсадашро гуфт. Онҳо такрор ба такрор мегуфтанд, ки ӯ дар Марказком бисёр зарур аст, чунки таҷрибаи калони ҳизбӣ дорад.
Абдуқаюм маҷбур шуд, ки дар Марказком 3-4 сол кор карда, ниҳоят ба Самарқанд баргардад.
Ӯро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Қурбӣ ба вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд ба кор таъин гардид. Инак, дар ҳамон болохонаи Қурбӣ маҳфили дӯстон боз фаъолияти худро сар кард. Масъала хеле муҳим. Бояд ба ҷойи «Шуълаи инқилоб» нашрияи наве таъсис кунанд.
– Мо ба Марказком барои таъсиси нашрияи тоҷикӣ мактуб менависем, – ба Қурбӣ маънидорона нигоҳ карда, гуфт шоир Ҷавдат. – Шумо моро дастгирӣ кунед. Чунки дар Марказком дӯстони зиёд доред. 
Қурбӣ дар ин бора фикрҳои Ализода, Фахриддини Роҷиро шуниду мақсади ба Самарқанд баргаштани ман аз ҳамин иборат аст, гуфт. Охир, мардуми Самарқанд ва атрофи он ҳама тоҷиканду ба забони модарии худ нашрия надошта бошанд, чӣ хел мешавад?! Мардуми Хуҷанду Панҷакент, Кӯлобу Помир ҳам нашрияҳои навро интизорӣ мекашанд. Оё ҳамин тавр нест? Бо савол муроҷиат кард Абдуқаюм ба атрофиёнаш.
Даву тозҳои равшанфикрон бо сарварии Қурбии ҷасур бе натиҷа намонд. 24-уми августи соли 1924 шумораи нахустини рӯзнома бо унвони «Овози тоҷики камбағал» аз чоп баромада, ба дасти ҳаводоронаш расид. Дар саҳифаи аввал мақолаи устод Садриддин Айнӣ бо унвони «Қавми тоҷик ва рӯзнома» эълон шуд, ки бо чунин гуфтаҳо оғоз ёфта буд. «Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад, яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст».
Акнун Абдуқаюм мебоист ҳушёртар бошад. Зеро душманони миллат мехостанд  чун «Шуълаи инқилоб» бо иғвогарӣ ба нашрияи ягонаи «Овози тоҷики камбағал» монеъ шаванд. Аз ин боис сармуҳаррири рӯзнома дар атрофи худ як гурӯҳ эҷодкорон, аз қабили Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Нисор Муҳаммади Афғон, Ҷавдат, Бектош, Фахриддини Роҷӣ, Ҳоҷӣ Муин, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим барин адибону рӯзноманигорони пуртаҷрибаро муттаҳид карда, аз пайи пешбурди нашрияи навбунёд дар ҳаракат шуд. Мавзӯъ ва масъалаҳое, ки баҳри рушду камоли маънавияти мардуми маҳаллӣ асоситарин ба шумор мерафтанд, дар саҳифаҳои рӯзнома мунтазам дарҷ мешуданд. Шеъру ғазалҳои шоирони ҳамон давр, ки истиқлолият, маҳви бесаводиро тараннум мекарданд, дар ҳар шумораи рӯзнома ба чоп мерасид. 
Аз чопи рӯзнома на танҳо мардуми Самарқанду Бухоро, балки халқу мардуми  Хуҷанду Истаравшан, воҳаҳои Кӯлобу Помир низ шоду хуррам буданд. Барои паҳн кардани рӯзнома дар музофотҳои дурдаст сармуҳаррир Қурбӣ, равшанфикрон – шоир Пайрав Сулаймонӣ (аз Бухоро), Бадриддин Азизӣ, Ноил Шерзода (аз Ӯротеппа), Қурбон Маҳмудзода (аз Хуҷанд), Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (аз Фарғона)-ро ба кори нашрияи нави «Овози тоҷики камбағал» даъват намуд. Ақли ҷамоа якдилу якҷон шуда, ба мураккабиҳои замона нигоҳ накарда, рӯзномаро ба дасти мардум мерасониданд.
Абдуқаюми Қурбӣ дар он солҳои пуртаҳлука баробари сармуҳаррирӣ бо нишондоди Ҳизби коммунистӣ чанд муддат дар вазифаҳои масъулиятноки он замона фаъолият нишон дод. Масалан, ҳангоме ки ӯ дар вазифаи комиссари халқии ислоҳоти замини Тоҷикистон кор мекард, барои мардуми Бухорои Шарқӣ (қисми Тоҷикистони имрӯза) таъсис додани рӯзномаи «Бедории тоҷик» аз аввалинҳо шуда саҳмгузор шуд. Барои обуна ва паҳн кардани он якчанд шахсони маърифатпарварро ҷамъ карда, роҳу равиш нишон дод. Раиси комиссариати маориф Нусратулло Махсум Фатҳуллоев ва муовини ӯ Аббос Алиевро водор кард, ки ба кормандони рӯзнома аз наздик кумак расонанд. Абдуқаюми Қурбӣ инчунин дар музофотҳои Хуҷанд шуда, барои бунёди мактабҳои усули нав ва бо омӯзгорон таъмин кардани онҳо кумак мерасонад.
Он солҳо ба нашрияҳо роҳбарӣ кардан басо мураккаб буд. Дар ин бора нависанда Раҳим Ҳошим, ки корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» маҳсуб мешуд, дар хотираҳояш менависад: «Коғаз на ҳама вақт дастрас буд. Рӯзҳоеро медонам, ки Қурбӣ ва Ализода барои дар вақташ чоп кардани газета аз савдогарҳо ба нася коғаз мегирифтанд». Ба ҳамаи ин қабил мушкилиҳо нигоҳ накарда, Абдуқаюми Қурбӣ ва ҳамкорон аз пайи нашри рӯзнома ва ташкил кардани мактабҳо ҳаракат мекарданд.
Моҳи феврали соли 1925 дар Самарқанд барои чопи китобҳои дарсию илмӣ нашриёти давлатӣ таъсис ёфт. Аз моҳи марти ҳамон сол Абдуқаюми Қурбӣ ба сифати адиб ва муҳаррири масъули рӯзномаи «Овози тоҷик», ҳамчун узви коллегияи нашриёти номбурда фаъолияти худро давом дод. Аммо дар айни камолоти эҷодӣ ӯ ба касалии диққинафас дучор шуд. Супоришҳои ҳизбиро адо кардан ба Қурбии маърифатпарвар гаронӣ кард. Ӯ бо як мушкилӣ кори рӯзнома ва нашриётро то соли 1926 ба ҷо овард. Аммо беморӣ рӯз то рӯз хурӯҷ мекард. Бинобар ин Абдуқаюм ихтиёран аз кори ҳизб ва матбуот даст кашида, бо касби падарӣ – заргарӣ машғул шуд. Лекин навиштани шеъру ғазалро тарк накард. Ҳамон мисли пештар дар болохона бо дӯстони худ шабҳои шеърхонӣ ташкил мекард. Аммо замон ноором шуда буд. Аз чӣ сабаб бошад, дӯстонаш Ҳоҷӣ Муин, домулло Ҷомеъ, Вадуд Маҳмудӣ ва чанде дигарон бо туҳмати ногаҳонӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Дар ин мобайн ду-се фарзандони ӯ пасу пеш аз сабаби бемориҳои гуногун вафот мекунанд, пас он аҷали ногаҳонӣ модари пиронсолашро ба коми худ кашид. Қурбӣ рӯзҳои сахту вазнинро бо ҳамсари вафодораш Малоҳатбибӣ бо ғаму андӯҳ паси сар мекард.
Нимаи аввали солҳои 30-юми асри гузашта баҳабсгирии аҳли маориф хеле авҷ гирифт. Ҳар рӯз як хабари нохуш паҳн мешуд. Ин аст, ки аксар одамони босавод дар тарсу ваҳм монданд. Ин ҳолатро Абдуқаюм Қурбӣ ба хубӣ сарфаҳм мерафт. Мақсади он нобакорон барбод додани маърифату маданияти миллии мардуми маҳаллӣ буд. Қурбӣ аз он дар ҳарос буд. 
Моҳи ноябри соли 1937 баногоҳ НКВД-чиён дар хона Қурбиро дастгир карда, бо мошини зиреҳпӯш гирифта мераванд. Малоҳатбибӣ кӯдаки парпеч дар оғӯш доду вой гӯён монд. Баъд маълум шуд, ки Қурбӣ бо айби аксулинқилобчӣ 10 сол ба бадарға ҳукм шудааст.
Баъди ду соли ин воқеа Малоҳатбибӣ дар ғами шавҳари вафодораш аз дунё гузашту тарбияи духтараки дусолааш Ӯлмасой ба зиммаи амаку аммаҳояш монд.
Ҳарчанд баъди вафоти Сталин аксар ҷадидон бегуноҳ ҳисобида номашон барқарор шуда бошад ҳам, дар бораи Қурбӣ чунин маълумот пайдо нашуд.
Фарзанди ягонаи Абдуқаюм Қурбӣ Ӯлмасой ва духтари босаводи ӯ Муборак Содиқова солҳои зиёд дар ҷустуҷӯи ҳақиқат шуда, ба идораҳои дахлдор муроҷиат карданд. Ахиран суди вилояти Самарқанд ба аризаи онҳо 31-уми октябри соли 1986 чунин ҷавоб баргардонд:
«Суди вилоятӣ ба шумо хабар мерасонад, ки кори ҷиноии Қурбӣ (Ҳамроев) Абдуқаюм Ҳамроевич, яъне падари шумо, ки бо моддаи 66-уми қисми 6-уми Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон айбдор шудааст ва бо ҳукми Тройкаи НКВД-и Ӯзбекистон 28-уми октябри соли 1937 маҳкум шуда буд, бекор карда шудааст. Дар ҳаракати падари шумо ҷинояте набудааст ва пурра сафед шудааст. 
Раиси суди вилояти Самарқанд А.Мардиев».
Инак, ҳақиқат қарор ёфт ва пайвандон дар саркӯчаи ҳавлии Қурбӣ (ҳоло ин ҳавлии қадима барқарор) тахтасанги ёдгорӣ гузоштанд, ки дар он чунин навишта шудааст. «Қурбӣ – Абдулқаюм Ҳамроев (1886-1937) – шоир, адиб, арбоби ҷамъиятӣ, рӯзноманигор муҳаррири аввалини рӯзномаи «Овози тоҷик». 
Ин ҳақиқат баъд аз 50 сол барқарор шуд.

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: