Наргис ва Рӯзибой – оилаи хушбахт

Дар пойтахт сохтмони зиёд бо виқор ва зебоӣ касро дар ҳайрат мегузорад.

Дар бунёди яке аз муҳташамтарин иморатҳо – меҳмонхонаи «Ҳилтон», ки кайҳо мавриди истифода аст, кранчидухтари маҳаллӣ Наргис низ саҳми муносиб дорад.
Дар баландиҳо чӣ тавр техникаи замонавии муқтадирро идора сохтани ӯ борҳо барои журналистҳо мавзӯи мақола гаштааст. Духтарак пурдилона кореро ба сомон мерасонд, ки ба иҷрои ин гуна амалҳо на ҳама мардҳо ҷуръат мекунанд. Меҳнати диловаронааш муносиб қадр ва ӯ бо ордени «Меҳнат шуҳрати», нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» мукофотонида шуд. Дар озмун-азназаргузаронии бонуфузи соли 2018 «Зани сол» эътироф гардид.
Хурсанд буд, албатта. Некбахт. Вале барои инсон, ба ӯ, ки дар синни балоғат аст, боз як чизи муҳиме лозим – бахти оилавӣ.
Яке аз қаҳрамонҳои романи «Палатаи кунҷакӣ»-и адиби тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев низ дӯшизаи кранчист. Номаш – Хиромон. Муҳаббат ба Иброҳимҷон, ки низ пайи бунёдкорист, ӯро ба корномаҳои навбатии меҳнатӣ ҳидоят месозад.
Наргисро чӣ ба илҳом меовард?
Вай мегӯяд, хостгорон меомаданд. Вақте мефаҳмиданд, ки кранчиам, худро дур мекашиданд. Вале ман ноумед намешудам. Бовар доштам ба кушодашавии бахти духтараки оддие, ки дар сохтмонҳои баланд меҳнат мекунад, худаш ёр мегардад. Инак, бо меҳрубонии Парвардигор бахти худ ёфтам. Ҷавони фарғонӣ Рӯзибой, ки чун ман кранчист, ба рӯзгору умрам ворид гашт. Тӯйи мо иди кранчиҳое низ буд, ки дар барпои иморатҳои баланд ва бунёди «шаҳракҳои нав» дар Тошканди азим саҳм мегузоранд.

Ш. ГУЛРУХСОР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: