ЧОРАБИНИҲО БА РУШДИ ТУРИЗМ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

Вилояти Фарғона яке аз вилоятҳои дорои ёдгориҳои меъмориву таърихӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳрҳои Марғелон, Фарғона, Қӯқанд, Риштон, Қува ва амсоли ин солона сайёҳони зиёди маҳалливу хориҷиро мепазиранд. Ҷойи шубҳа нест, ки дар зеҳни онҳо боздиди  ёдгориҳои таърихиву меъморӣ як олам таассурот мебахшад. 

Аз ҷумла, шаҳри куҳанбунёди Марғелон, ки ҳанӯз дар асрҳои IV-III пеш аз солшумории милодӣ арзи вуҷуд намудааст, бо чунин ёдгориҳои худ дар олам хеле маъруфу машҳур гаштааст.
Марғелон дар асрҳои II-I пеш аз милод, вақте ки яке аз роҳҳои Роҳи бузурги абрешим аз Фарғона мегузашт, ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ, ҳар як сайёҳе, ки ба ин ҷо ташриф оварад, аз масҷиду мадрасаҳо, биноҳову иншооти гуногуни он боздид менамояд. 
Инчунин сафар ба шаҳрҳои дигари вилояти мо низ, мисли Қуқанд ба ҳар як сайёҳ таассуроти амиқ боқӣ мегузорад. Дар ин шаҳр низ мо чанд чорабинӣ баргузор кардем.
Муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик» дар тӯли сол аз роҳандозии чорабиниҳои зиёди мо огоҳ мебошанд. Ҳамаи он бо ширкати намояндагони чандин кишварҳои дуру наздик баргузор шудаанд. Аммо ҳоло мехостам дар бораи он низ нақл кунам, ки дар соли сипаришуда дар вилояти мо маҳз чӣ тадбирҳое пиёда гардиданд, ки метавонанд дар рушди сайёҳӣ нақши муҳим дошта бошанд. 
 Яке аз чунин чорабиниҳо ифтитоҳи Маркази рассомон дар шаҳри Қуқанд мебошад. Он дар асоси қарори Сарвари давлат аз 29 июли соли 2022 «Дар бораи чораҳои рушди босуръати ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои туркзабон» бунёд ёфтааст. Ин марказ  дар хиёбони туризми «Истиқлол»-и ин шаҳр воқеъ гаштааст ва онро «Арт-қароргоҳ» низ меноманд. 
Мо барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба шаҳри Марғилон ҷашнвораи байналмилалии мусиқии «Роҳи бузурги абрешим»-ро баргузор намудем.  Он дар «Боғи ҳунармандон»-и шаҳр ба вуқӯъ пайваст. 
Дар вилояти мо ба рушди туризми варзишӣ низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Барои ҳамин  дар варзишгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Фарғона дӯстдорони мошину мотоварзишро гирдиҳам овардем ва «Дрифт-шоу» барпо намудем. Тамоми дӯстдорони варзиши автомобилӣ ба баҳрабардории худ намоишҳои автодрифтро тамошо карданд, ки маҳз барои рушди туризми варзишӣ ташкил шудаанд.
Соҳибкорони вилоят барои ҷалби сайёҳон бо намояндагони бахши сайёҳии Миср, Қазоқистон, Малайзия, Қирғизистон ва Русия ба тавофуқ расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум дар бораи шарикӣ ва ҳамкории амалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба маблағи 2 миллион доллар байни Садорати сайёҳии вилоят ва ширкатҳои сайёҳии «Водӣ сайёҳ» ва «Машҳура травел» ва ҳайати намояндагии шаҳри Ӯши Қирғизистон ва ширкатҳои бузурги дигари сайёҳӣ  ба имзо расид. 
Дар доираи мулоқотҳо ва имзои Ёддошти тафоҳум ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, мусоидат барои ташкили турҳои гурӯҳӣ ва инфиродӣ, такмили ихтисоси кадрҳо, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фурӯши маҳсулоти саноати ҳунармандӣ мадди назар дошта шуданд. Дар радифи он баъди мулоқот бо мудири ширкати ҳавонавардии «AIR CAIRO» Салоҳ Қодирӣ ба нақша гирифтем, ки аз моҳи феврали соли 2024 ба шаҳри Фарғона парвозҳои мустақим ба роҳ монда хоҳанд шуд. Ин ширкати ҳавопаймоии чартерии Миср, ки қароргоҳаш дар Қоҳира ҷойгир аст, тибқи қарордодҳо бо ширкатҳои сайёҳии Аврупо, Африқо ва Осиё ҳамлу нақли мусофиронро анҷом медодааст.
Зимни дидору мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба шаҳрҳои Фарғонаву Марғелон, Қуқанду Риштон ташриф меоваранд ва аз зиёратгоҳҳои он боздид ба амал меоранд. Сокинони аҳолии вилояти мо низ ба вилояти Суғди Тоҷикистон ва минтақаҳои дигари он сафар мекунанд.  
Ҳоло дар бораи як ҷашнвораи доманфарох таваққуф мекунам, ки нуфузи кишвари моро дар чаҳор иқлим беш аз пеш маъруфу машҳур намуд. Ин ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандон аст, ки бори дувум дар шаҳри Қуқанди латиф гузаронида шуд.  Аз 70 мамлакати дунё 260 нафар меҳмонон вориди ин шаҳри қадимӣ шуданд ва муддати се рӯз шоҳиди рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ гардиданд. 
Дар ҳошияи ин ҷашнвора дар ноҳияи Риштон ҳамоиши байналмилалии кулолгарӣ баргузор гардид. 
Мо соли 2023-ро бо дастовардҳои зиёду хуб ҷамъбаст намудем. Аммо бо ин кифоят нахоҳем кард ва дар соли нави 2024 корҳоеро ба сомон хоҳем расонд, ки ҷиҳати ҳарчи бештари ҷалби сайёҳони маҳалливу хориҷӣ ба вилоят мусоидат менамоянд. Сохтмони меҳмонхонаҳои наву замонавӣ, тафреҳгоҳҳо, намунаи беҳтарини хидматрасониҳо дар маркази эътибори мо қарор доранд. 
Дар охир муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бо фарорасии соли нави милодӣ самимона шодбош мегӯям ва умедворам, ки соли 2024 орзуву ормонҳои зиёди онҳоро бароварда хоҳад сохт. Соли нав муборак бод!

Хуршедҷон АҲМАДОВ,
ҷонишини ҳоким, 
сардори Садорати туризми вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: