ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ ҶОИЗАИ XV МИЛЛИИ “ОЛТИН ҚАЛАМ” ДАР СОҲАИ ЖУРНАЛИСТИКА

Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон якҷоя бо Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ва як қатор ташкилотҳо ба мақсади васеъ оммавӣ гардондани беҳтарин муваффақиятҳои журналистикаи миллӣ ва байналхалқӣ, фаъолсозии мавқеи шаҳрвандии кормандони ВАО, ташаккул додан ва рағбатноксозии афкори танқидиву таҳлилӣ, инчунин муносибатҳои нав дар фаъолияти эҷодии журналистон озмуни байналмилалӣ барои ҷоизаи XV миллии «Олтин қалам»-ро («Қалами тиллоӣ») баргузор менамояд.

Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон якҷоя бо Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ва як қатор ташкилотҳо ба мақсади васеъ оммавӣ гардондани беҳтарин муваффақиятҳои журналистикаи миллӣ ва байналхалқӣ, фаъолсозии мавқеи  шаҳрвандии кормандони ВАО, ташаккул додан ва рағбатноксозии афкори танқидиву таҳлилӣ, инчунин муносибатҳои нав дар фаъолияти эҷодии журналистон озмуни байналмилалӣ барои ҷоизаи XV миллии «Олтин қалам»-ро («Қалами тиллоӣ») баргузор менамояд.
Ба озмун бахшида ба 3 май —  Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот, то 10 апрели соли 2021 матолибе, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп шудаанд, дар  телевизион ва радио, ҳамчунин интернет-нашрҳо  дар давоми сол — аз 31 марти соли 2020 то 31 марти соли 2021 эълон гардидаанд, қабул карда мешаванд.
Барои ғолибон ҷоизаҳои зерин таъсис ёфтаанд:
Ҷоизаи асосии миллӣ барои мавод дар соҳаи журналистика.
Ғолиб бо дипломи махсус, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 200 баробари ҳисоби базавӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудааст, мукофотонида мешавад.
Ҷоизаҳои асосӣ:
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (телевизион ҷойҳои 1, 2, 3-юм);
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (радио ҷойҳои 1, 2, 3-юм);
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (матбуоти даврӣ ҷойҳои 1, 2, 3-юм);
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (интернет-журналистика ҷойҳои 1, 2, 3-юм).
«Барои беҳтарин маводи журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» (як ҷойи якум, чор ҷойи дуюм).
Ғолибони ҷои якум бо диплом, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 160 баробари ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд.
Ғолибони ҷои дуюм бо диплом, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 140 баробари ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд. 
Ғолибони ҷои сеюм бо диплом, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 120 баробари ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд.
Номинатсияҳо дар доираи ҷоизаҳои рағбатноксозӣ:
Беҳтарин материал дар мавзӯи ҳуқуқи инсон;
Беҳтарин фоторепортаж;
Беҳтарин хидмати матбуот.
Ғолибони ин номинатсияҳо бо диплом,  ҳайкалчаи «Олтин қалам» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50 баробари ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд.
Хароҷоти ба гузарондани озмуни «Олтин қалам» ва мукофотонидани ғолибони  он алоқаманд, аз ҳисоби маблағи Бунёди ҷамъиятии ҷонибдории арбобони эҷодии Ӯзбекистон  «Илҳом» пардохта мешавад. 
Инчунин шарикони миллӣ, намояндагиҳои як қатор созмонҳои байналхалқӣ дар Ӯзбекистон, сафоратхонаҳо низ мукофотҳои рағбатноксозии худро таъсис додаанд.
Шартҳои озмун:
Ба озмун материалҳои телевизион, радио ва матбуот, нашрҳои интернет (на кам аз 5 ва на зиёд аз 10) пешниҳод мегарданд.
Матолиби видеоӣ оид ба телевизион (дар дискҳои CD, DVD) аз 3 то 30 дақиқа тақдим карда мешавад.
Барномаҳои радио (дар дискҳои  CD, DVD) аз 5 то 30 дақиқа.
Маводҳои чопӣ ва интернет бояд сканер карда шуда, дар шакли электронӣ, дар нусхаи асл ё нусха пешниҳод карда шаванд.
Ба маводҳои пешниҳодшуда бояд инҳо илова карда шаванд:
– маълумот дар бораи муаллиф (объективка);
– манзил, рақами телефони муаллиф;
– нусхаи шиноснома.
Маросими тантанавии мукофотонии ғолибон  3 майи соли 2021—  дар  Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот гузаронда мешавад.
Ҷоиза ба як муаллиф такроран дода намешавад. 
Материалҳо бо навиштаи «Ба озмуни «Олтин қалам» ба нишонии зерин фиристода мешавад: 
100011, шаҳри Тошканд, кӯчаи Навоӣ, 30, 
Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, ошёнаи 3-юм. 
Телефонҳо: 244-64-61, 244-37-87.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: