СОЛИ НАВ ОМАД, ШОДУ ҒАЗАЛХОН

ё худ дар ҳошияи барномаи пешрафту тараққиёти кишвар

Ба мо, як гурӯҳ дӯстдорони табиат одат шудааст, ки ҳар сол, рӯзи якуми январ ба кӯҳсори қаторкӯҳи Зарафшон, саҳеҳтараш Шаҳнондара сафар намоем. Шукр мекунем, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев осмонамон мусаффо, ҳаётамон тинҷу осуда аст.
Муроҷиатномаи пурмаъно ва пурмуҳтавои сарвари давлат ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон, бешубҳа, барномаи пешрафту тараққиёти кишвари маҳбуби мост. Он чиз ҷолиби диққат аст, ки дар Муроҷиатнома рақамҳои зиёде зикр гардидаанд, ки пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии рӯзгори мардуми диёри моро возеҳан тасбит месозанд. Хосатан рақамҳои рӯҳбахши Муроҷиатнома пешравии комили Ватани соҳибистиқлоли моро ба чашми оламиён бараъло инъикос мекунад: дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс ва самаранок ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бори аввал аз 80 миллиард доллар гузаштааст.
Аз ҳама муҳимаш, танҳо соли гузашта ба иқтисодиёти Ӯзбекистон 8 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, содирот бошад, ба 19 миллиард доллар расид. Дар зери ин рақамҳо меҳнати пурмашаққати халқи кишвар, аз ҷумла Президент нуҳуфтааст.
Боз як талоши Раисҷумҳур кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Масалан, дар соли 2017 агар 500 ҳазор нафар оилаи камтаъмин кумаки иҷтимоӣ гирифта бошанд, алҳол ин нишондиҳанда ба 2 миллион расидааст.
Ғамхорӣ нисбат ба насли наврас аз нахустин рӯзҳои сарвари давлат интихоб шудани Шавкат Мирзиёев дар маркази эътибори ӯ қарор дорад. Ва бидуни муболиға насли ҷавони кишвари маҳбуби мо парвардаи иқдомоти дурбинона ва талошҳои ояндасози Президенти ғамхору меҳрубони мо ҳастанд. Зеро афзудани сифати таълим роҳи ягона ва дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав аст. «Мо бояд ислоҳотро, ки дар ин соҳа оғоз кардем, идома диҳем, ба даргоҳҳои таълим рафта, бо омӯзгорону мураббиён бештар мулоқот кунем, масъалаҳое, ки онҳо баҳри беҳтар намудани сифати корҳои таълиму тарбия пеш  мегузоранд, якҷоя ҳаллу фасл намоем» – иброз доштааст сарвари давлат.
Инчунин Президент таъкид намуд, ки мардум аз мо зиёд кардани миқдори мактаб, кӯдакистон ва шифохонаҳо, беҳтар кардани сифати таълиму тиббиёт, дар маҳалла ҳаллу фасл намудани масъалаҳои роҳ, об, электр, нақлиёт, афзоиши ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои соҳибкорӣ, таъмин сохтани адолат, аз байн бурдани сарсониву саргардонӣ, бюрократия ва коррупсияро интизоранд. Ҳар қадар мураккаб ва душвор набошад ҳам, мо ин мушкилоти рӯзро, албатта, ҳал хоҳем кард.
Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди сарвари давлатамон соли 2023 – Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат эълон шуд.
«Мо барои бахту осоиштагии ҳаёти ҳар як инсон, ки дар ин кишвар зисту зиндагонӣ мекунад, баҳри беҳбудии саломатии ӯ, соҳиби таълими хуб шудан, барои муҳайё сохтани шароит ба оилааш, фароҳам овардани тамоми имкониятҳо барои ӯ саъю кӯшиш мекунем ва ин иқдоми некро идома медиҳем», — гуфт сарвари давлат.
Президент масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияро вазифаи устувор дониста, изҳор дошт, ки: «Наҷот – дар таълим, наҷот – дар тарбия, наҷот – дар дониш» аст. Зеро ба ҳама гуна мақсадҳои нек ба туфайли дониш ва тарбия муваффақ мегарданд».
Дониш чароғи ақл аст. Сардафтари адабиёти тоҷик устод Абуабдулло Рӯдакӣ навиштааст:
Тавоно бувад, ҳар кӣ 
доно бувад,
Ба дониш дили пир 
барно бувад.
Дар омади гап бояд таъкид намуд, ки Самарқанд ба маркази илму дониш табдил ёфтааст, дар натиҷа якчанд мактаби олии дунё шуъбаҳои худро дар ин ҷо кушоданду дарсҳо ба забони русӣ англисӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ҳам ҷараён мегиранд. Ин бесабаб нест. Бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлат Самарқанд ба шаҳри сайёҳӣ табдил ёфт ва қариб ҳар рӯз фавҷ-фавҷ меҳмонони хориҷӣ ба ин ҷо омада, бо ёдгориҳои таърихии шаҳри бостонӣ шинос мешаванд. Чанде пеш як гурӯҳ ҳамкорон ва ҳамқаламони мо аз идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» барои боздид ба шаҳри Самарқанд омада, бо як олам таассурот баргаштанд.
Боз як навид он аст, ки аз соли нав  Самарқанд –  ба маркази сайёҳӣ ва тиҷорати байналхалқӣ табдил ёфта, ба сифати воҳиди алоҳидаи маъмуриву ҳудудӣ ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
«Новобаста аз миллат, забон ва дину мазҳаб, ҳар як шаҳрванде, ки Ӯзбекистонро Ватани худ медонад ва дар рушди он саҳм мегузорад, минбаъд низ мавриди назари давлату ҷомеаи мо қарор хоҳад дошт, – мегӯяд Президент, – мо тамоми қувваю имкониятамонро  барои боз ҳам мустаҳкам намудани муҳити дӯстии байни миллатҳо, якдилии динӣ, таҳаммулпазирии иҷтимоӣ сафарбар мекунем», – гуфта мешавад дар Муроҷиатнома.
Аммо барои расидан ба рушду нумӯъ, пешрафту тараққиёти рӯзафзун ва гулгулшукуфоии Ватани маҳбуб бояд мардуми Ӯзбекистон бо роҳе раванд, ки сарвари хирадманду фозил нишон медиҳад. Мусаллам аст, ки агар мо якдилу якзабон шуда, ҳидоятҳои Президентро сармашқи зиндагии худ қарор бидиҳем, бешубҳа, ояндаи дурахшон насиби мо хоҳад буд.
Ҳоло дар кӯҳистон барф бисёр, табиат гӯё либоси тоза, пурҷозибаву пурҷило ба бар кардааст.
Бигзор сафари мо хубу бобарор бошад!
Соли нав омад, шоду 
ғазалхон,
Табрик созем, онро рафиқон!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттифоқи 
нависандагони 
Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: