ТУ БИРАФТИЮ ДИЛИ ХАЛҚИ ҶАҲОН ЗОР БИМОНД...

Рӯзи панҷшанбеи гузашта аҳли фарҳангу адаби Самарқанд дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, номзади илмҳои филологӣ Абдусалом Самадовро ба роҳи охирин гусел намуданд.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта аҳли фарҳангу адаби Самарқанд дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, номзади илмҳои филологӣ Абдусалом Самадовро ба роҳи охирин гусел намуданд.
Ҳар гоҳ  фарзанди фарзонаи деҳаи Боғимайдон Абдусалом Деҳотӣ ба зодгоҳаш меомад, пиру ҷавон бо эҳтироми хосса пешвоз мегирифтанд. Шояд аз ҳамин сабаб, вақте ба Самадако Худо писар дод, номи ӯро ба фарзандаш муносиб донист.
Абдусалом аз айёми мактабхонӣ ба адабиёту матбуот дил баста, пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш шомили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Солҳои донишҷӯӣ риштаи ҳамкорӣ ва дӯстиро бо расонаҳои ахбори оммавӣ мустаҳкам намуд.
Соли 1977 бо диплому роҳхати донишгоҳ ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ба кор шурӯъ кард 
Камина муҳаррири радиои ноҳияи Самарқанд тез-тез ба идораи «Овози тоҷик» омада, аввал бо дӯстам Абдусалом ва дигарон мулоқот ороста, доири мақоланависӣ аз онҳо маслиҳат мегирифтам.
Як даъфа дар утоқи кории устод Мӯҳсин Умарзода, тахтаи шоҳмотро дидаму каме донаронӣ кардем. Саргарми бозӣ нафаҳмидам, ки поезди ман кайҳо рафтааст.
— Шумо фикр кардед, ки чипта дар киса, поезд ҷое намеравад?— завқ карда хандиданд Умарзода. — Нисфи шаб куҷо меравед?!
— Меҳмони ман мешаванд,— завқ карда хандид Абдусалом, ки навбатдори рӯзнома буд. — Саҳифаҳо тайёр, фақат имзои шумо лозим.
Устод саҳифаҳои рӯзномаро аз назар гузаронида, ба чоп иҷозат доданд.
Сипас ҳар ду ба манзили Абдусалом рафтем. Вай дар хонаи кадом як пиразане иҷоранишин будааст. 
Ба хотирам мақоли «худам дарбадарам, ин акема куҷо барам» расид ва онро бехгӯшӣ задам.
Абдусалом чун ҳамеша табассуми ширин намуд. Дертар чунин аҳвол боз чанд маротиба такрор ёфт.
Воқеан, мо ҳар ду ҳамчун ҳаммуаллиф матолиби зиёде навиштаем.   
Дӯсти содиқ ва соҳибэҳтиромам пас аз ба Самарқанд бозгаштан, дар донишгоҳ, дар баробари муаллимӣ, корҳои илмии хешро идома дода, рисолаи номзадиро дифоъ кард.
Абдусалом Самадов муаллифи беш аз 15 монография ва рисолаҳои илмӣ, тақрибан 20 китоби дарсӣ, дастурҳо ва 300 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад. Муаллим дар ҷодаи таълими адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи умумии Ӯзбекистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Махсусан, саҳми ӯ дар таҳияи консепсияи нави таълим, таҳия ва омодасозии барномаҳои миллии таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ, таъсиси корҳои услубӣ-илмӣ назаррас буданд.
Абдусалом инсони самимӣ, мутахассиси варзида, омӯзгори пурмаҳсул, журналисти моҳир буд. Марги ин шахси фозилу пуртамкин барои Донишгоҳи давлатии Самарқанд талафоти бузург аст. 
Абдусалом ҳамроҳи ҳамсари худ Нодира Насимова фарзандон – Умедҷон, Шӯҳрат ва Парвизабонуро ба воя расонданд, ки имрӯз онҳо дар соҳаҳои гуногун кор мебаранд ва номбардори волидон ҳастанд.
Сад афсӯс, ки Абдусалом дар айни камолоти эҷодӣ аз байни мо рафт. Аммо бо таълифоти хеш, кори неку номи нек дар хотири ҳамкорону шогирдон, ёру дӯстон, ҳамқадаму ҳамқаламон ҷовидон хоҳад монд.
— Дареғо, мо аз инсони комил, дилкашу дилнишин, адабиётшинос ҷудо шудем,— иброз дошт узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир Абдулло Субҳон. — Аммо асарҳояш ба ӯ умри дубора мебахшанд...
Чанде пеш китоби «Нишони меҳр»-и вай аз чоп баромад.
Нишони ӯ хотири некаш аст. Ба қавли Фонии бузург:
Ту бирафтию дили халқи 
ҷаҳон зор бимонд,
То қиёмат ба фироқи ту 
гирифтор бимонд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: