Дар доираи қарори Девони Вазирон аз 15 феврали соли 2018 «Дар бораи самаранок ташкил кардани корҳои ободонии қадамҷойҳои муқаддас, зиёратгоҳ, масҷид ва қабристонҳо» дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон корҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Дар доираи қарори Девони Вазирон аз 15 феврали соли 2018 «Дар бораи самаранок ташкил кардани корҳои ободонии қадамҷойҳои муқаддас, зиёратгоҳ, масҷид ва қабристонҳо» дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳия барои ҳифзи объектҳои моддиву маданӣ, ба авлоди оянда дар шакли пурра расондани он Бунёди ҷамоативу хайриявии «Диёри азизон» ташкил карда шуд.
– Бо кӯмаки ҳамкор ва ҳомиҳои саховатпеша таърихи зиёда аз 40 объекти қадима омӯхта, ҳадди имкон таъмир карда шуд, – гуфт раиси бунёд Собирхон Мӯъминов. – Масъалаҳои инвентаризатсия ва бартарафсозии камбудиҳое, ки дар натиҷаи омӯзиш муайян гардиданд, дар сессияи шӯрои ноҳиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар натиҷа бо ҳамкории департаменти ҳифзи объектҳои мероси маданӣ 28 объект ба рӯихати кадастри давлатӣ гирифта шуд.
Аммо дар соҳа муаммоҳое, ки ҳаллу фаслашонро интизоранд, зиёд аст. Дар давоми 10-15 соли охир бо мақсади васеъ гардондани заминҳои фермерӣ талу теппа ва кӯҳпояҳои Тиллотеппа ва Қизилтеппаи деҳаи Қайирма, Мунчоқтеппаи байни деҳаҳои Ёрқишлоқ ва Тепақӯрғон азхуд карда шуд.
Масҷиди Абдулмалики деҳаи Ғова, ки соли 1912 сохта шудааст, дар савдои музояда фурӯхта шуд.
Раиси бунёд С. Мӯъминов моро ба назди бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Камарсада бурда гуфт, «ин қадамҷоест, ки ман ба шумо нишон доданӣ будам». Аз қафои деворе, ки бо хишти пухта сохта шуда, бо ин бино пайваст буд, садои тарақ-туруқ меомад.
– Соҳибкоре дар ин ҷо корхонаи мебелбарорӣ кушодааст, садо аз ҳамон ҷой меояд, – эзоҳ дод раис.
Маълум шуд, ки дар «тақдир»-и масҷиди Қӯшҳавз, ки таърихи 170-сола дорад, чунин рӯзҳо навишта шудааст... Вақте корҳои ободонии масҷид оғоз ёфту дар онҷо осорхона ва гузари маҳалларо ташкил карданӣ шуданд, «соҳиб»-и он пайдо шуд.
Соли 2019 бо қарори ҳокими ноҳия мавзеи мазкур ба соҳибкоре супурда шуд ва ӯ дар як қисми он сехи мебелбарориро ба кор даровард. Қисми боқимондаи 8 сотихи он фурӯхта шуд. Харидор вақте пойдевори хонаву ҷойро гузошт, аҳолии маҳалла норизо шуданд ва ӯ кори оғознамудаашро боздошт.
Ба гуфти истиқоматкунандаи куҳансоли маҳалла Расулҷон Самиҷонов овоз ва садоҳои сех ба осудагии аҳли маҳалла халал мерасонад.
– Дар ин бора аз номи аҳолӣ ба ҳокими ноҳия борҳо муроҷиат кардем, аммо масъала ҳаллу фасли эҷобиашро наёфт. Соҳибкор бошад, сарфу хароҷоташро дар роҳи барпои сех баҳона мекунад ва металабад, ки ба ӯ аз назди роҳи калон замин ҷудо кунанд, – гуфт Р.Самиҷонов. – Дар ин ҳолат аҳволи пиронсолу ногироҳо, беморону кӯдакони хурдсолро касе фикр намекунад. Дар ин росто мулоҳизаҳои сарвари давлат оиди розӣ кардани мардум ба ёд мерасад.
Дар давоми чандин сол чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ, ҷашнҳо ва маросимҳои гуногуни маҳалла дар ҳамин ҷо гузаронида мешуд. Ҳоло ҳеҷ кас намедонад, ки дарвозаи нақшинкори қадимаи масҷид, гилемҳо, дегу ҷойгаҳҳои маҳалла куҷо рафтааст?
Яке аз маскани маданиву таърихии Варзик «Сари қалъа» ном дорад. Назар ба маълумотҳо, маскан таърихи 4-ҳазорсола дорад. Вақтҳое буд, қадамҷойи мазкур барои аҳли деҳа вазифаи сарпаноҳро аз душман, гармову сармои обу ҳаворо иҷро мекард. Имрӯз он рӯ ба харобӣ овардааст. Ба гуфти куҳансолон, солҳои пеш дар ин ҷо мардум ҷашни Наврӯзро пешвоз мегирифтанд. Аз ин ҷо осорхонае, ки таърихи деҳаро инъикос мекард, ҷой гирифта буд.
Ҳоло вақти он расидааст, ки каму костиҳои чунин зиёратгоҳу мавзеъҳои муқаддасро бартараф намуда, онро ба насли оянда расонем. Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки бахшида ба масъалаи маънавияту маърифат гузаронида шуд, роҳбари давлат таъкид кард, ки «Агар ҷисми ҳаёти ҷамъият иқтисодиёт бошад, маънавият қалб ва рӯҳи он аст». Бинобар ин мутасаддиёни соҳа бояд ба ин масъала боэътибор бошанд.
Аз мулоҳизаҳои болоӣ бармеояд, ки дар ноҳияи Чуст мушкилиҳо оиди ҳифзи қадамҷоҳои таърихӣ зиёданд.
Оё Бунёди ҷамоатии «Диёри азизон» қодир аст чунин мушкилотро ҳаллу фасл намояд?
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.